ДАҲУМИН НАМОИШГОҲ-ЯРМАРКАИ «ТАҲСИЛОТИ РОССИЯ-ТОҶИКИСТОН-2022»

10-уми июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2022” дари худро барои ҷавонони тоҷик-довталабони  муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия боз намуд, ки дар он  намояндагии 34 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия — Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи  Н.А.Добролюбов, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии  техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи  давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии Комсомоли соҳили Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи  федералии  Қазон,  Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА —  Донишгоҳи технологии  Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург ва дигар муассисаҳои таҳсилоти  олии  Россия  ба  кори худ шуруъ кард.

Қабл аз оғози намоишгоҳ-ярмарка дар толори ошёнаи сеюми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва  намояндагони  муассисаҳои  таҳсилоти олии  ҳарду  кишвар  мулоқот доир гардид, ки  дар он Л. Абдулхолиқзода – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов — сафири  фавқулода  ва мухтори ФР  дар Тоҷикистон, П.А. Шведсов – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия — “Россотрудничиества”-и Федератсияи Россия ва И.С. Иванов —  директори  намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия — “Россотрудничества”  дар Душанбе сухан гуфтанд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ-ярмарка фароҳам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандоне мебошад, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд.

Сипас, бо иштирокдорони намоишгоҳ-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва волидайн мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарҳанги Россия — “Россотрудничество” баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар рафти намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ба хоҳишмандон дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳо маълумот дода, ба суолҳои довталабон посухҳои мушаххас медоданд.

Ёдовар мешавем, ки даҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2022” рӯзҳои 10-11-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, сипас, рӯзи 13-уми июн дар Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд кори худро идома бахшид, ки хонандагону донишҷӯён ва хоҳишмандон дар он иштирок карданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм