ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (№20, 18 майи соли 2023) аз чоп баромад. Дар саҳифаи аввал мақолаи пурмуҳтавои сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳти унвони «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт», зери рубрикаи «Абармарди дунёи сиёсат» ба нашр расидааст, ки дар хусуси хидматҳои таърихӣ ва иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои олими шинохтаро дар бар мегирад. Сарлавҳаи «Эътирофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва сиёсат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баёнгари ғояю ҳадафи мақола буда, талошҳои хастагинопазири Сарвари давлатро дар самти таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои геосиёсӣ, аз ҷумла, мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряҳо, гармшавии табиат, хориҷ шудани гази карбон, энергияи сабз ва бисёр проблемаҳои глобалии дигари сайёра, эътирофи он кас аз ҷониби кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон дар робита бо қадрдонӣ бо мукофотҳои олии он кишварҳо, аз ҷумла, ордени «Эл юрт ҳурмати»-и Ӯзбекистон, «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-и кишварҳои Осиёи Марказӣ, ордени «Алтин Қирон»-и Қазоқистон ва амсоли инҳо бозгӯӣ мекунад. Дар саҳифаи 2-и нашрия ахбори навини ҳафта бо номҳои «Рамзи ҳамкориҳои  густурда», «Бознашри «Чеҳраҳои мондагор» ва «Вохӯрии  вазири маориф ва илм бо намояндагони Бонки Исломии Рушд» дарҷ шудааст. Саҳифаи 3 гузориши мухбири минтақавӣ Ҷангибек Улфатшоҳро аз мушовараи ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илми кишвар дар Бадахшон дар бар гирифта, дар он масоилу мушкилоти соҳаи маорифи шаҳру навоҳии қаламрави вилоят муфассал таҳлил ва баррасӣ шудааст.
Саҳифаи чоруми ҳафтанома ахборро аз фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар навиштаҳои «Шаҳрвандон дар қабули вазир», «Боздид аз таълимгоҳи №40-и Дарвоз», «Мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ», «Вохӯрӣ бо гурӯҳи кории лоиҳаи TSSET» ва “Вазъи сохтмони муассисаҳои таълимӣ”-ро фаро гирифтааст. Саҳифаи панҷуми нашрия низ навидҳои соҳаро инъикос намудааст. Мақолаи мухбири ҳафтанома Шодӣ Раҷабзод — “Муаррифии дастовардҳои соҳаи маориф дар сатҳи байналмилалӣ” зиннатбахши саҳифаи 6 (“Минбари баланд”) мебошад, ки дар он иштирок ва суханронии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА аз 2-юм то 5-уми майи соли ҷорӣ ба таври густурда инъикоси худро ёфтааст. Дар саҳифаи 7 мақолаи декани факултети филологияи ДМТ Сироҷиддин Эмомалӣ бо номи “Муҳаққиқи мумтози гуфтори шифоҳӣ” (барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ) дар бораи китоби таҳқиқии доктори илмҳои филологӣ Равшан Раҳмонӣ — “Фарҳанги гуфторӣ дар романи “Фирдавсӣ” — и Сотим Улуғзода чоп шудааст, ки ҷолиб ва хонданист. Дар навиштаи “Ёди устод”, ки ба қалами омӯзгор аз ноҳияи Деваштич Ҷумъабой Қурбонов тааллуқ дорад, дар бораи хидматҳои шоири зиндаёд — устод Лоиқ Шералӣ нақл  карда мешавад. Дар саҳифаи 8-и ҳафтанома мақолаҳои “Китоб неруи тавоност” ва “Забони модариро аз кӯдакӣ бояд омӯзонд” ҷой дода шудааст, ки пурмуҳтаво буда, ҷанбаи баланди маърифатӣ дорад. Саҳифаи 9 (“Таҳсилоти томактабӣ”) мақолаи мухбирони нашрия Шодӣ Раҷабзод ва Шариф Абдулҳамидро бо номи “Оиша” – ҳамдаму ҳамнафаси кӯдакон” дар бар гирифтааст. Бояд таъкид кард, ки муассисаи томактабии хусусии “Оиша” аз ҷониби соҳибкор аз ноҳияи  Восеъ Махтунбӣ Абдулҳаева сохта шуда, дар расми ифтитоҳи он Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (с.2021) иштирок намуданд. Мақолаи омӯзгори МТМУ №41-и ноҳияи Айнӣ Мавзуна Ҷӯраева – “Робитаи тарафайн самаровар аст” ба масоили тарбияи насли наврас бахшида шудааст. Нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Эрматов дар эссеи худ “Ватан сар мешавад аз гоҳвора” ки андешаҳои ӯро дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намудааст, ғояи ватану эҳсоси ватандориро тарғибу ташвиқ намудааст, ки он дар саҳифаи 11 ҷой дода шудааст. Мақолаҳои С.Азизӣ, мухбири минтақавӣ – “Равоншиноси таълимгоҳ ва мушкилоти тарбия”, “Чаро аксар хонандагон муғамбиру коҳиланд” –и корманди МҶТМ Мастонгул Азизова ва “Кӯдак таваҷҷуҳ мехоҳад”-и омӯзгори МТМУ №20-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Идимад Иброҳимов бо ҳам алоқаи мантиқӣ дошта, ҷолибу таваҷҷуҳбарангезанд. Мусоҳибаи мухбири нашрия Сайфиддин Муродӣ бо ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Аҳлиддин Ибодуллозода таҳти сарлавҳаи “Таърих сарчашмаи тарбияи худогоҳӣ ва ҳувияти миллист” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаи 12 чоп шудааст. Мақолаи “Фарҳанги  мутолиа”-и омӯзгор аз ноҳияи Варзоб Фотима Мирзоева хусусияти таблиғотӣ дошта, ҷолиб мебошад. Саҳифаи 13-и нашрия навиштаҳои устоди ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Матлуба Носирова, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Комил Қодиров, омӯзгори мактаби №65-и ноҳияи Айнӣ Зулфиқор Қобилзодаро дар бар гирифта, инъикоси масоили ҳифзи табиат ва муҳити зист мебошад. Дар саҳифаи 14 мақолаҳои “Ҳамоиши хотирмон”, “Дар бораи як муаллим” ва “Саҳми донишҷӯён дар рушди илму техника” ҷой дода шудаанд, ки ҳамагӣ ҷолиб, пурмуҳтаво ва хонданиянд. Саҳифаи 15-ро матолиби “Шебу фарози тарбия”, “Рӯзгори ҳамзамонон дар “Дасти боло” ва “Ифтихори Шоҳон” оро додааст. Ва ниҳоят, саҳифаи 16 анҷомбахши шумора буда, эълон ва муаммои “Адиб”- и мухбири нашрия Ҳотами Ҳомидро дар бар гирифтааст. Шумора рангин, хонданӣ ва ҷаззобу фарогир аст.
                   Навбатдори масъул: Ш.Раҷабзод