КӮДАК ТАВАҶҶУҲ МЕХОҲАД

Тарбия замоне муассир ва судманд хоҳад буд, ки хусусияти равонии кӯдак хуб омӯхта шавад, зеро ин омил ба мо имкон медиҳад, ки лаёқат, малакаву истеъдоди ӯро беҳтар шиносем ва мувофиқан усулҳои таълиму тарбияро интихоб ва истифода намоем.
Равшан аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила нақши муҳим мебозанд. Агар ин се омил дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд, мо тарбияи дурусти фарзандонамонро ба роҳ монда метавонем. Ба гуфтаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши ҳамаи инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.”
Баъзеҳо дар кӯдакии фарзанд ба тарбияи ӯ аҳаммият намедиҳанд, фикр мекунанд, ки калон шавад, ислоҳ мешавад. Аммо ин фикр ғалат аст. Донишмандон борҳо собит кардаанд, ки руҳу равони кӯдак монанд ба оинаи шаффоф аст, ҳар гуна таассурот дар он ба таври ҳамеша нақш мебандад. Халқ беҳуда намегӯяд: “Дар бачагӣ хондан — нақш бар санг мондан”. Дили кӯчаки кӯдак софу беғубор аст. Дар давраи аввали ташаккул ӯ на некро медонаду на бадро. Дар ниҳоди ӯ гоҳо мо, калонсолон, тухми бадиро мекорем. Барои ҳамин дар ҳузури кӯдакон, махсусан, дар муҳити оила аз суханҳои қабеҳро ба забон овардан, дурӯғ гуфтан, ҳамсояро ғайбат кардан ва амсоли ин қатъан худдорӣ кардан мебояд, зеро ҳеҷ амалу сухан ба ташаккули шахсияти кӯдак бе таъсир намемонад.
Чизи дигар ин ки кӯдакон хеле ҳассос ва кунҷкованд, онҳо мехоҳанд, ҳама чизро бидонанд. Ба ҳамин хотир, ба калонсолон суолҳо медиҳанд, вале гоҳе пурсиши онҳо беҷавоб мемонад ва ҳатто, танбеҳу сарзаниш ҳам мешунаванд. Чунин рафтори волидайн метавонад боиси нобуд гардидани ҳисси кунҷковӣ ва бозмондани рушди тафаккури кӯдак гардад.
Дар ҷараёни таълиму тарбия дар оила ва мактаб имконияти зиёди рушди шахсияти кӯдакон пайдо мегардад. Онҳо дар мактаб тадриҷан мустақилона ва ё бо тавсияи омӯзгорон ба омӯзиши асарҳои афсонавӣ ва дар синфҳои болотар (5-7) ба хондани асарҳои саргузаштӣ завқ пайдо карда, ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд. Бояд гуфт, ки бархе аз кӯдакон имкони баррасӣ кардан доранд, бархе не. Ин қобилиятро метавон тавассути пурсишу посух ташаккул дод. Омӯзгор ва волидайнро лозим меояд, ки зинаи инкишофи ташаккули кӯдакро донанд ва тавассути саволи “Чаро?” маҳорати фикрронии ӯро пайваста сайқал диҳанд. Ҳадафи таълими босалоҳият ҳам ҳамин аст. Дар он сурат тарбияи бача босамар мегардад.

Идимад ИБРОҲИМОВ,
омӯзгори МТМУ №20,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ