РАВОНШИНОСИ ТАЪЛИМГОҲ ВА МУШКИЛОТИ ТАРБИЯ

Сайҷалол Ҷӯрахонов ба сабаби рафтори нохуби фарзандаш дар мактаб ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Фарзанди ин мард бори сеюм аст, ки барои дарсгурезӣ, ба мактаб овардани телефони мобилӣ ва муноқиша бо ҳамсинфон аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ огоҳонида мешавад. Билахира, зимни рейди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кирдорҳои ношоистаи фарзанди Ҷӯрахонов ошкор гардид. Аммо ба ин ҳолат расидани фарзандашро мавсуф аз беаҳамиятии омӯзгорон медонад. Ҳол он ки тибқи иттилои омӯзгорон, Ҷӯрахонов на ҳамеша дар ҷаласаҳои падару модарон иштирок ва нисбат ба таҳсили фарзандаш масъулият ҳис мекунад.
Тибқи таҳлили коршиносон, солҳои ахир ба ҷиноят даст задани ноболиғон, худкушӣ кардани онҳо ва муноқишаҳои байниҳамдигарии толибилмони синфҳои боло боиси нигаронӣ гардидааст. Бо вуҷуди он ки аз тарафи сохторҳои интизомӣ ва гурӯҳҳои кории ҳифзи ҳуқуқ амалиёти гуногун ва корҳои иттилоотию ташвиқотӣ бо наврасон баргузор карда мешавад, ҳамоно амалҳои худкушию худсӯзӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни онҳо ба назар мерасад. Мушкилоти асосӣ дар набудани равоншиноси мактабӣ дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар мебошад.
Равоншинос надорем?
Сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Маъруф Абдуллоев изҳор намуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят равоншиносони мактабӣ фаъолият доранд. Бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Кӯшониён, Вахш… омӯзгорони равоншинос фаъоланд. Имрӯз на танҳо хонандагон, балки омӯзгорон ва падару модарон низ ба равоншинос ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, равоншиносони мактабӣ аз рӯйи реҷаи кор бо хонандагон, бахусус, хонандагони душвортарбия кор карда, сайъ менамоянд, ки онҳоро ба толибилмони фаъолу хушахлоқ табдил диҳанд.
Равоншинос Фотима Қаҳҳорова иттилоъ дод, ки бояд дар муассиса-ҳои таълимӣ воҳидҳои кории равоншиносӣ фаъол бошад. Ҳоло дар чанде аз муассисаҳои таълимӣ равоншиносон амал мекунанд, вале онҳо соатҳои дарсӣ доранд ва таваҷҷуҳашон бештар ба дарс банд мебошад. Равоншинос бояд комилан аз дарс озод ва танҳо ба кори худ машғул бошад, ба таври инфиродӣ бо наврасон кор кунад. Инчунин, ба худомӯзӣ машғул шуда, донишу таҷриба ва маҳорати корияшро такмилу сайқал диҳад, бо кӯдакону наврасон ҳамарӯза дар иртибот бошад, онҳоро аз ҳар гуна фикру хаёлҳои бад, муноқишаву нофаҳмии байниҳамдигарӣ дур намояд. Ҳамзамон, муносибати омӯзгору хонандаро беҳтар карда, волидони онҳоро ба муассисаи таълимӣ даъват намояд, дар алоҳидагӣ дар беҳтар гардидани таълиму тарбияи толибилмон ба онҳо кумак расонад.
Барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои махсуси равоншиносӣ заминаи мустаҳкам лозим мебошад. Яъне, аввалан, дар мактабҳои олию коллеҷҳои мамлакат ихтисоси равоншиносӣ кушода шавад. Бояд сафи мутахассисони равоншиносиро зиёд намоем. — афзуд Ф. Қаҳҳорова.
Муовинони директор оид ба тарбия чӣ кор мекунанд?
Омӯзгор Махкам Солеҳзода яке аз мушкилоти асосиро дар зиёд будани кору ташвиши муовинони директор оид ба тарбия медонад. Бояд муовинони директор оид ба тарбия аз ҳамаи корҳои иловагӣ озод бошанд ва танҳо ба тарбияи насли наврас дар муассисаи таълимӣ машғул гардида, ҳар лаҳза рафтору кирдори хонандагон ва муносибати онҳоро бо омӯзгорон назорат кунанд.
Мутаассифона, муовини директор ба дӯши худ корҳои зиёди дигар дорад, ки ба онҳо банд мешавад ва аз толибилмон дур мемонад. Илова бар ин, пешниҳод дорам, ки ба маоши муовиниони директор оид ба тарбия илова карда шавад, зеро бо сабаби кам будани маош соати дарсӣ мегиранд ва ба назорати умумии хонандагони муассисаи таълимӣ диққати ҷиддӣ намедиҳанд.
Пешниҳоди нав ё роҳи ҳал
Исроил Азизов, сокини ноҳияи Кӯшониён, дар робита ба мавзуи мазкур гуфт, ки имрӯз мо на танҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас мушкил дорем, балки калонсолонамон низ ба маслиҳати равоншинос ниёз доранд. Ҳангоме ки як оила пароканда шуд, чанд кӯдак аз таълиму тарбия дур мемонад. Фарзандро танҳо падару модар таълиму тарбия дода метавонанд. Вақте ки худи волидон ба кумак ниёз доранд, аз уҳдаи пешбурди зиндагӣ ва муросову созиш бо ҳамдигар баромада наметавонанд, пас, дигар дар бораи тарбияи чунин волидон ҳарф задан беҳуда аст.
Коршиносон бар он назаранд, ки бо вуҷуди мавриди амал қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҷаримабандӣ шудани волидони бемасъулият барои риоя накардани талаботи қонун, ҳоло ҳам волидон дар тарбияи фарзандонашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Аксари онҳо вазифаи асосии худро ҳангоми тарбияи фарзандон танҳо дар таъминот бо либос ва маводи ғизоӣ медонанд.
Масъулияти волидон аз нигоҳи ислом
Дар робита ба масъулияти волидон муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Усмоналӣ Нурзода изҳор намуд, ки аз нигоҳи дини мубини ислом низ падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд. Мо доиман таъкид мекунем, ки масъалаи таълиму тарбияи фарзандон аз нигоҳи дини ислом, фармудаҳои Худованди мутаол ва ҳадису ривоятҳои динӣ дар ҷойи аввал меистад. Бояд ҳар як бандаи муъмин дар ин росто масъулияти ҷиддӣ дарк намояд.
Шурои писарон ва духтарон чӣ таъсир дорад?
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Бобоҷон Вализода таъкид кард, ки бо мақсади ҳар ҳафта таҳлил намудани одобу ахлоқи толибилмон Шуроҳои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ ташкил карда шудааст. Соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба Шурои духтарон муаллимаҳо ва модарони толибилмон даъват карда шуданд. Одобу рафтор ва донишу муносибати духтарон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои ислоҳи камбудҳо тавсияву пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд. Дар Шурои кор бо писарон низ ҳамаи писарони синфҳои болоӣ ва падарони онҳо иштирок карданд. Директори муассиса, ҷонишини директор ва роҳбарони синфҳо оид ба рафтору муносибат, фаъолияти онҳо дар дарсҳо ва сатҳи дониши писарон изҳори назар карда, эрод ва тавсияву пешниҳодҳояшонро баён карданд. Ҳадаф аз ташкили шуро ҳар ҳафта ислоҳ кардани камбудҳои хонандагон дар ҳузури волидон ва пешгирӣ намудани онҳо аз амалҳои номатлуб мебошад — мегӯяд Б.Вализода
Суҳроб АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”,
шаҳри Бохтар