ТАҲКИМИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ МУҲИМ АСТ

Дониш неруи тавоност, неруест, ки тамаддуни башарият, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт ба он пайванди қавию ногусастанӣ дорад. Қофиласолори адабиёти тоҷик, устод Рӯдакӣ барҳақ «Дониш андар дил чароғи равшан аст» гуфтаасту пасояндагони ӯ низ дар пайравӣ ба устод «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан» гуфтаанд. Аз дониш бебаҳра мондан бо ҷаҳолат пайвастан аст, ҷаҳолат боиси нокомию бадбахтиҳо мешавад, зиндагиро печидаву мушкил мекунад. Бисёр шикасту каҷравиҳои одамонро сабаб он аст, ки ба дараҷаи кофӣ дониш наандӯхтаанду пой аз ботлоқи ҷаҳолат берун накашидаанд. Донишмандӣ тавоноӣ, шаъну шараф, ифтихор ва омили асосии комёбиҳоянд…
Дар замони мо аҳаммияти донишомӯзӣ боз ҳам бештар гардидааст. Пешрафти босуръати илму техника, раванди ҷаҳонишавӣ, рушди бесобиқаи як қатор давлатҳо, ҳифзи истиқлол ва дастовардҳои кишвар, посухи сазовор додан ба бадхоҳону душманони миллат, мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақвият бахшидан ба муносибатҳои байналмилалӣ ва омилҳои дигар ҷиддан тақозо доранд, ки махсусан, насли наврас ба донишу донишомӯзӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад. Дар ин росто, омӯзиши фанҳои дақиқ аҳамияти рӯзафзун дорад.
Бо дарки амиқу саривақтии ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (26.12.2019) солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд.
Сарвари кишвар зимни яке аз суханрониҳояшон вобаста ба ин тадбири муҳим чунин иброз доштаанд: «Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад». Дар мавриди дигар Пешвои миллат ин мавзуъро боз ҳам васеътар тафсир кардаанд: «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».
Барои он ки шогирдони мо ҷиддан ва бо дарки амиқи моҳияти масъала рӯй ба омӯзиши фанҳои дақиқ оваранд, бояд пеш аз ҳама, дар ниҳоди онҳо тафаккури техникиро тақвият бахшид. Самти рушди ҷаҳони муосир ҳаминро тақозо дорад. Тафаккури техникӣ ба шогирдони мо имкон фароҳам меоварад, ки андешаи солим дошта бошанд, аз технологияҳои муосир пурсамар истифода баранд, эҷодкорӣ намоянд, гуфторашон бомантиқ, тафаккурашон фарогир бошад. Барномаи давлатие, ки вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф қабул шудааст, хеле васеъ буда, марҳала ба марҳала амалӣ мегардад ва ба он мусоидат мекунад, ки хонандагони таълимгоҳҳои кишвар дар ҷодаи омӯзиши фанҳои дақиқ пешраву ҳамқадами замон бошанд. Ҳоло дар ҷумҳуриямон масъулияти омӯзгорони фанҳои мазкур боз ҳам бештар гардидааст. Онҳо баҳри ҳар чӣ васеътар омӯхтани фанҳои риёзию табиатшиносӣ ба шогирдон аз воситаҳои техникии таълим, дастурҳои илова, методу усулҳои навини муассир, корҳои амалии лабораторӣ ва тадбирҳои берунисинфӣ пурсамар истифода мебаранд. Яке аз тадбирҳои самарабахшу таъсиргузори ҷалби шогирдон ба омӯзиши фанҳои дақиқ маълумот ироа кардан дар бораи олимони маъруфи тоҷик – Муҳаммад Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Абунасри Форобӣ ва чанде дигар мебошад, ки дар такомули фанҳои риёзию табиатшиносӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссагузор гаштаву ба кашфиёту дастовардҳои барҷаставу арзишманд ноил шудаанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳадафҳои наҷибу бузургеро пеш гирифтааст. Пешвои миллат аз ин ҷиҳат чунин иброз доштаанд: «Ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд». Барои ба ин ҳадафи бузург расидан масъулияти омӯзгорони фанҳои дақиқ бештар хоҳад шуд.

Зулфиқор ҚОБИЛЗОДА,
омӯзгори мактаби №65,
ноҳияи Айнӣ