Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ба муассисаи аз ҳар ҷиҳат муҷаҳҳазу мукаммал ва замонавӣ табдил ёфтааст. Дастпарварони ин боргоҳи ҳунар овозхонҳо, мутрибон ва композиторони дорои сабку салиқаи хос ва номбардори миллат ҳастанд.
Дар тӯли таърихи беш аз ҳафтодсолаи худ коллеҷ дастпарвароне дорад, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ шуҳратёр гардидаанд. Аҳли муассисаи таълимӣ аз он ифтихор доранд, ки ҳунарпешагону бас-такорони шинохташуда Аҳмад Бобоқулов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Амон Ҳамдамов, Саид Ҳамроев, Фаттоҳ Одинаев, Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев, Ёқуб Сабзанов, Талабхӯҷа Сатторов, Миратулло Атоев, Толиб Шаҳидӣ, Қудратулло Ҳикматов, Заррина Миршакар ва даҳҳои дигар фориғуттаҳсили ин муассисаи таълимӣ буда, баъзе аз онҳо дар ин даргоҳ ба шогирдон дарс низ гуфтаанд.
Дар ин муассисаи давлатии таълимӣ нуҳ шуъба – мусиқишиносӣ, фортепиано, дирижёри хори академӣ, созҳои тории оркестрӣ, созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ, созҳои оркестри халқӣ, сурудҳои академӣ, сурудхонии анъанавӣ, санъати эстрада хонандагонро ба таҳсил фаро гирифтааст. Таҳсил ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шуъбаҳои буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи сатҳи хуби таҳсилот аст, ки пас аз хатми он аксар хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ – ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи санъат дар хориҷи кишвар дохил мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва ташаккули тафаккури эҷодии донишҷӯён дар шуъбаҳо оид ба ихтисосҳои коллеҷ имтиҳонҳои техникӣ ва консертҳои академӣ ташкил карда мешаванд. Дар баробари ин, ҳамасола пеш аз хатми коллеҷ консерти ҳисоботии хонандагони шуъбаҳои коллеҷ баргузор мешавад. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти ҳисоботии хонандагони коллеҷ бо иштироки васеи устодон ва шогирдони коллеҷ, ҳунарпешагону мусиқишиносони шинохташудаи тоҷик, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мусиқӣ ва олии мамлакат баргузор шуд. Хонандагони коллеҷ 18 асари мусиқии торӣ, нафасӣ ва зарбии оҳангсозони тоҷику рус ва аврупоиро бо маҳорати баланди касбии сарояндагию навозандагӣ иҷро намуданд.
Ба ширкатдорони консерти ҳисоботӣ, махсусан, иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Саймуддин Саидов (най), Бахтовар Давлатов (дирижёр), Суҳроб Одиназода (суруди классикӣ), Парвинаи Саидмурод (суруди анъанавӣ), Меҳринисо Муродова (созҳои халқӣ), Милана Хашимова, Умед Саидов, Мақсуд Қурбонҳусейнов (созҳои зарбӣ – нафасӣ), Сироҷиддин Чориев, Азимбек Ҳасанов, Эҳсон Ризвонов (сурудхонии академӣ), Самира Амиршоева (фортепиано) хеле писанд омад.
Дар поёни чорабинӣ ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов, Саидқул Билолов, оҳангсоз Ҷӯрахон Обидпур, муовини раиси композиторони Тоҷикистон Сангалӣ Ҳомидов андешаҳои хешро оид ба иҷрои барномаи мазкур баён доштанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳайати омӯзгорону устодони коллеҷ тавонистанд, ки таҳти роҳбарии директори коллеҷ Баҳодур Давлатзода чунин намоиши хубу дидании фарҳангиро бо маҳорати баланд созмон диҳанд. Мутахассисон – устодони шинохташудаи санъат ба шогирдони коллеҷ барору комёбӣ таманно намуданд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»