БАШАРДӮСТӢ — АСОСИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Зумрае аз волидон аз омӯзгорон талаб мекунанд, ки нисбат ба фарзандашон сахтгиру серталаб бошанд ва ҳатто, ба онҳо ҷазои ҷисмониро раво бинанд.
Мутаассифона, бархе аз омӯзгорон ин ақидаро дуруст мешуморанд ва ҳамчун “метод”-и таъсирбахш истифода мебаранд. Чунин муносибат дар қатори дигар пайомадҳои номатлубаш боиси коста шудани мақому нуфузи омӯзгор мегардад. Албатта, муаллим бояд сахтгиру серталаб бошад, аммо ин маънои онро надорад, ки ба хонанда муомилаи бераҳмона намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди дигарон паст занад. Набояд фаромӯш кард, ки ин гуна муносибат майлу рағбати кӯдакро ба хондан аз байн мебарад ва ӯ ба мактабу омӯзгор ҳисси бадбинӣ пайдо менамояд. Инчунин, ҳангоми зери фишор қарор додани кӯдак ба руҳияи ӯ таъсири манфӣ мерасад, ки билохира, ӯ эътимоду эҳтирому эътиқодашро ба волидайн, омӯзгор ва мактаб аз даст медиҳад.
Омӯзгорро мебояд, ки дар баробари сахтгиру серталаб будан, меҳрубону мушфиқ бошад, вагарна, танҳо бо сахтгириву серталабӣ ба ҳадафи асосии хеш ҳеҷ гоҳ расида наметавонад ва ин ҳақиқатро илми равоншиносӣ низ исбот намудааст.
Саъдии Шерозӣ дар асари машҳури хеш “Гулистон” овардааст:

Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.
***
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
“Ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар.

Аз рӯи зарбулмасалҳои халқӣ, ба монанди “Бо сухани хуш мор аз хонааш берун мебарояд” ё “Сагро ба зӯрӣ ба шикор бурда намешавад” хулоса кардан мумкин аст, ки роҳи зӯроварӣ ва маҷбур намудан имкони ба мақсадҳо ноил шуданро аз байн мебарад.
Мавриди зикр аст, ки муаллифи китоби дарсии “Педагогика” барои омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ Юлдошбой Юнусов оид ба ин масъала андешаҳои ҷолиб дорад. Ҷамъбасти ин ақидаву андешаҳо ба ду ҷараёни хилофи ҳамдигар ҷудо шудаанд. Педагогикаи авторитарӣ ва инсонпарварӣ. Равияи якум, яъне, педагогикаи авторитарӣ, нисбат ба кӯдак истифодаи маҷбур намудан ва зӯровариро раво медонад, равияи инсонпарварӣ кӯдак ё хонандаро дар раванди педагогӣ бо муаллим баробарҳуқуқ дониста, бо ӯ муносибати нек, меҳрубонӣ ва ғамхориро зарур мешуморад. Аз гуфтаҳои муаллиф бармеояд, ки педагогикаи инсонпарварӣ аз муаллим эҳтироми ҳуқуқи кӯдак, аз фишороварӣ даст кашидан, ба роҳ мондани муносибатҳои хубу муътадил байни муаллим ва хонандаро талаб мекунад. Айни замон тарафдорони ин раванд сершуморанд ва ҷонибдориашонро бо кору амали хеш собит менамоянд.
Мақсуд аз ин гуфтаҳо он аст, ки ҳамагон мехоҳанд, фарзандонашон дар оянда ҳамчун як фарди боилму бофарҳанг ва донишманд ба воя расад.
Мо — омӯзгоронро зарур аст, ки хусусиятҳои фардии хонандагонро ба ҳисоб гирифта, шароитеро фароҳам оварем, ки онҳо ба омӯхтани илму дониш саъйи бештар намоянд ва инчунин, майлу рағбаташон ба донишандӯзиву илмомӯзӣ афзун гардад.

Малоҳат ИКРОМОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №1,
ноҳияи Темурмалик