ОМӮЗИШИ АМИҚИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040” дар кишварамон иқдоми муҳим ва саривақтӣ буда, пеш аз ҳама ба омӯзиши ҳар чӣ бештару амиқтари фанҳои мазкур, ки дар ҷаҳони имрӯза барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши бориз доранд, мусоидат мекунад.
Ба ҳама маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат дар пеши худ 4 ҳадафи стратегии муҳим гузоштааст, ки инҳо: амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва рушди саноат мебошад. Ҳукумат ва аҳолии кишвар қадам ба қадам ба амалӣ шудани ин чор ҳадафи ҳаётан муҳим наздик шуда истодаанд.
Ба фикри инҷониб, пеш аз ҳама, бояд дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз карда шаванд, зеро илм бе таҷриба ва амалия ҳеҷ аст.
Сониян, бояд дастурҳои замонавӣ аз тарафи омӯзгорони навовару пешқадам ва олимон ба чоп расонда шавад. Чопи луғатҳои гуногун, донишномаҳо (қомусҳо), барномаҳои дарсӣ, китобҳои нави ба шароити замони муосир мувофиқ бояд ба роҳ монда шавад. Ниҳоят омӯзгорони ин фанҳо аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ на ба таври сарсарӣ (барои ҳисобот), балки ҷиддӣ гузаранд ва ин курсҳо самарабахш бошанд.
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар китобҳои судманде оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии нобиғагоне, чун Абуубайди Ҷузҷонӣ, Абдурраҳмони Сӯфӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Алии Қушчӣ, Абумуҳаммади Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абунасри Форобӣ, Насируддини Тӯсӣ, Абубакри Розӣ, Абуалии Сино, Умари Хайём ба таври шавқовар ва оммафаҳм навишта, онро зери силсилаи “Аз ҳаёти одамони наҷиб” ба чоп расонанд ва ба тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ тақсим намоянд, то ин ки хонандаи тоҷик огаҳӣ пайдо кунад, ки ҳаммиллатони ӯ дар илм чи нақши бузурге гузоштаанд ва ӯ ҳам ба ин қодир аст. Хонандаи мактаб фаҳмад, ки тоҷик навовар, ҷӯянда, кашшоф ва муҳаққиқ аст, метавонад бо омӯхтани илм ва забонҳои гуногуни хориҷӣ дар илми ҷаҳонӣ чун ниёгони худ парчамбардор бошад.
Хулоса, илм ба рушду инкишофи давлат ва ҷомеа мусоидат карда, ҳалли проблемаҳое, ки инсоният дучори он гардидааст, бидуни инкишофи он номумкин аст.
Ҳасан Алимзода,
омӯзгори МТМУ №10, ноҳияи Айнӣ