ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ЗЕБОИ МО

Мусaллам аст, ки имрӯз масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти марбут ба он аз масоили мубрами ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, зеро дар назди башарият хавфи падид омадани буҳрони экологӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳалли масъалаи мазкур баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Биосфера сарҳад надорад, аз ин рӯ, бисёр масъалаҳои экологӣ танҳо бо саъю кӯшиши якҷо дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳал карда шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти бисёрҷабҳаи экологӣ фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷумла, соли 1995 Тоҷикистон Конвенсияи СММ-ро «Дар бораи гуногунии биологӣ» эътироф карда, узви комилҳуқуқи он гардид. Ғайр аз ин, ҷумҳуриямон то кунун дар самти ҳифзи муҳити зист Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим, Конвенсия оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва дигар санадҳои байналмилалиро қабул намудааст.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи бехатарии гуногунии биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳо», «Дар бораи олами ҳайвонот», кодексҳои ҷангал ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор барномаҳои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошанд.
Табиат ба Тоҷикистон манзараҳои аҷиб — аз биёбон ва нимбиёбонҳо то қуллаҳои барфию кӯҳҳои баландро ҳадя кардааст. Арчазорҳои ҳамешасабзи Тоҷикистон яке аз навъҳои асосии ҷангалзорҳо ба шумор мераванд, ки масоҳати имрӯзаи онҳо 159 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Гуногунии олами ҳайвонот дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба гуногунии манзараҳои табиӣ вобаста аст. Дар ҳудуди табиии махсус мушоҳидашаванда зиёда аз 10 ҳазор навъи ҳайвоноти бесутунмуҳра зиндагӣ мекунанд. Дар кӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ 85 навъи ширхорон мавҷуданд, ки дар байни онҳо гавазни бухороӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ, силовсин, хирси бӯри тиёншонӣ, кафтари рах — рах, архари помирӣ, бузи пармашох (морхӯр) ва ғайра ҳастанд, ки намояндагони таҳҷоӣ ба шумор рафта, ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Дар ҳайати ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда чор мамнуъгоҳи давлатии табиӣ, як парки миллӣ, як парки табиӣ, як парки табиию таърихӣ, се минтақаи табиии рекреатсионӣ, зиёда аз бист минтақаи фароғатию маданӣ, сездаҳ парваришгоҳи давлатии табиӣ ва шасту ду ёдгории табиӣ дохил мешавад, ки дар худ экология, таърих, фарҳанг ва арзишҳои тандурустиро таҷассум менамояд ва моҳияти умумимиллӣ дорад.
Солҳои пеш ба сабаби маҳдудияти неруи барқ ва ҳолати душвори иқтисодию иҷтимоӣ, сарфи назар аз тадбирҳои пешбинишуда, аҳолии маҳаллӣ дарахтонро барои гармшавӣ ва тайёр кардани маводи сохтмонӣ истифода бурданд, ки ин ҳолат ба нобуд шудани ҷангалҳо ва олами ҳайвоноту парандагон боис шуд. Истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ ба он овард, ки як қатор навъҳои ҳайвонот ва наботот камёб гашта, қисме аз онҳо дар ҳолати нобудӣ қарор гиранд.
Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ниҳодҳои марбута тадбирҳои гуногунро оид ба бунёди хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши экологӣ, таҳияи консепсияи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таҳияи нақшаи дурнамои идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, дарёфти манбаъҳои алтернативӣ барои зиндагонӣ бо роҳҳои қарздиҳии хурд ба аҳолии минтақа ва ғайраро амалӣ менамоянд.
Сарвари давлат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳонро борҳо ба оқилона истифода кардани сарватҳои табиӣ даъват намуданд ва дар ин самт якчанд ташаббус нишон доданд.
Бовар дорем, ки лоиҳаву барномаҳои дар ин самт амалишаванда самаровар мешаванд ва табиати кишвари азизамон халалнопазир боқӣ мемонад.
Робиямо Саидова,
омӯзгори биологияи коллеҷи омӯзгории ба номи
Хосият Махсумоваи
ДДОТ ба номи С. Айнӣ