МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ САМАРОВАР АСТ

Пешрафти ҳар як соҳаи илмро бе рушди маорифу илму техника тасаввур кардан имконнопазир аст. Системаи маориф, ки асоси пешрафти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, дар Тоҷикистони мо босуръат пеш меравад.
Дар ин ҷода саҳми олимон, методистон ва омӯзгорон бениҳоят калон аст. Маҳз мактабу маориф барои босавод гардидани ҷомеа ва соҳибилму соҳибтарбия ба камол расидани насли наврас мақоми аввал дорад.
Рӯз ба рӯз дар ҷодаи илму техника навгониҳо афзуда, роҳҳои осону дуруст ва муфиди шаклҳои таълим ба омӯзгорону муаллимон пешкаш гардида истодааст.
Дар раванди таълим омӯзгорон якчанд роҳу усул ва тарзҳои таълимро пешниҳод намуданд, ки барои боз ҳам рангоранг шудани дарс ёрӣ мерасонад. Яке аз ин усулҳо салоҳиятнокӣ буда, тӯли чанд сол аст, ки аз ин усул истифода мекунем ва натиҷаҳои назаррасе нишон дода истодааст. Хусусан, корҳои гурӯҳӣ, лоиҳавӣ, бозиҳои дидактикӣ самараи хуб медиҳанд.
Дар кори гурӯҳӣ ҳамаи хонандагон фаъолона ширкат варзида, дар вуҷуди онҳо ҳисси дӯстию рафоқат, дастгирии ҳамдигар, меҳрубонӣ ва кӯшишу ғайратро бедор намуда, суханварӣ ва масъулиятшиносиро бедор намудааст.
Кори лоиҳавӣ низ қобилияти эҷодии хонандагонро сайқал дода, мустақилияташонро мустаҳкамтар менамояд. Бозиҳои дидактикӣ барои бедор кардани шавқу завқи хонандагон хеле зарур аст.
Хулоса, салоҳиятнокӣ яке аз усулҳои пешрафтаи таълим буда, барои боз ҳам самаранок ба роҳ мондани таълим, руҳбаланд, бедор кардани шавқу завқ ва қобилияти хонандагон хеле зарур аст.
Мо, омӯзгоронро мебояд, баҳри пешрафти мактабу маориф ва ватани биҳиштосоямон аз усулу шеваҳои нави таълим самаранок истифода бурда, бо тарбияи наслҳои созандаву эҷодкор ва босаводу бомаърифат баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошем.
Қаноат СОБИРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ-и №13,
ноҳияи Ашт