ОИНИ ЛОЛАЧИНӢ

Оинҳои зиёде дар фасли баҳор мавҷуданд. Баъзе аз онҳо ба шукуфтани гулҳои баҳорӣ вобастаанд.
Лолачинӣ аз ҷумлаи онҳост. Нахуст дар бораи гулчинӣ маълумот медиҳем. Гулчинӣ як навъ саргармӣ ва бозии вижае буда, дар фасли баҳор сурат мегирад. Баробари шукуфтани гулҳои баҳорӣ оини гулчинӣ низ шуруъ мешавад. Аввалин марҳалаи гулчинӣ баробари шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ, ба монанди наврӯз, сияҳгӯш, бойчечак… оғоз мегардад. Наврасону ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ дар байни мардум гашта, маросими «Гулгардонӣ»-ро баргузор менамоянд ва гулҳои чидаи худро ба мардум тақдим мекунанд.
Дар деҳоти Тоҷикистон хурдсолон, навҷавонон ва ҷавонону духтарон дар фасли баҳор, дар фурсатҳои муносиб ба гулчинӣ мебароянд. Онҳо ба дашту даман, кӯҳу дара рафта, гул мечинанд ва аз гул тоқии чанбарак, тасма, овезаҳои гардан ва ғайра тайёр мекунанд. Аз саҳро гулҳои рангоранг чида, ин дастагулҳоро ба хонаводаи худ оварда, ба падару модар ва бобою бибияшон тақдим мекунанд. Гулҳои мақбулро ба гулдонҳо мегузоранд. Баъзеҳо гулҳои чидаи худро дар боғ, дар замини ҳавлӣ мешинонанд.
Бархе аз ҷавонон бо баҳонаи гулчинӣ ба тафреҳ мераванд. Бо худ хӯрок, созҳои мусиқӣ гирифта, бо суруду рақсҳои гуногун хушҳолӣ мекунанд. Дар Хатлонзамин ҷавонон ба сайри гулчинӣ баромада, аз ҷумла, суруди зерро месароянд:
Ису гардам, гул чинам,
Усу гардам, гул чинам.
Нақарот:
Эй бачаи бозингар,
Рӯта бугардон, бинум.

Гулаш рехт, хораш монд,
Дар сина ғубораш монд.
Нақарот:
Эй бачаи бозингар,
Рӯта бугардон, бинум.

Бозию саргармиҳои гулчинӣ сол то сол камранг гардида бошанд ҳам, дар сурудҳои халқӣ аз онҳо ёд мешавад. Дар водии Рашт суруди зерро мехонданд, ки дар он аз гулчинӣ ёд шудааст:

Биё, бурем ба гулчаман, гули гул қимате,
Ту гул бичину ман суман, гули гул қимате.
Эй, дар чаман сесад гулай, гули гул қимате,
Сесаду шасту шаш гулай, гули гул қимате…

Оини дигар лолачинакон ё лолачинист. Онро дар баъзе ҷойҳо «бозии гулчинӣ» мегӯянд. Он бозиест, ки баробари шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ, бахусус, гули лола, дар дашту саҳро ва домани кӯҳҳо, дар байни хурдсолон, наврасон, духтарон ва гоҳе ҷавонон сурат мегирад.
Тарзи бозӣ чунин аст: Дар наздики он ҷое, ки лолаҳо зиёд шукуфтаанд, макони бозиро таъйин мекунанд. Агар бозигарон зиёд бошанд, ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ду давра мекашанд. Бозигарон кам бошанд, як давра мекашанд. Маъмулан, як нафар вазифаи довариро иҷро менамояд. Агар ду гурӯҳ бошанд, ҳар гурӯҳ дар доираи худ барои бозии лолачинӣ омода мешавад ва довар шарти бозиро мегӯяд. Шарт ин аст, ки ҳар кас як даста лола чида, бояд давида ба давраи худ баргардад. Бо машварат муайян мекунанд, ки дастаи ҳар лолачин аз чанд дона лола иборат бошад (маъмулан аз 5 то 10 адад).
Баробари «тозед», «давед», «бидавед» гуфтани довар ҳама барои лолачинӣ ба лолазор медаванд ва дастаи лолаҳоро чида, ба доираи худ бармегарданд. Кадом гурӯҳе, ки зудтар ояд, ғолиб дониста мешавад. Агар бозигарон кам бошанд, байни касони ҷудогона мусобиқа сурат мегирад ва баробари «давед», «тозед» гуфтан ҳар кас ба лолазор давида, 10-тоӣ лола чида, ба ҷои таъйиншуда бармегардад. Дар ин ҳолат касе, ки аввал шуда ба давра расад, барояш ҷойи аввал, касе дуюм расад, ҷойи дуюм ва касе сеюм расад, ҷойи сеюмро таъйин мекунанд. Дар баъзе деҳаҳои мавзеи Ромит духтаракон баъди бозии лолачинӣ (ё лолачинакон) шодмонӣ карда, ин сурудро мехонданд:
Ана гули лола, мана гули лола, гули лола,
Акнун, ки ман мехонам, гули лола.
Илму ҳунар медонам, гули лола,
Хандат мара мефора, гули лола.
Дар кокулот ситора, гули лола.
Бозии лолачинӣ дар гузаштаҳо роиҷ буда, аз он дар сурудҳои мардумӣ низ ёд шудааст. Суруди машҳури «Се духтаракон будем, лолачинакон будем» аз ҷумлаи онҳост.
Одатан, дар охири бозии «Лолачинӣ» мағлубҳо ғолибонро ба пушти худ савор карда, то ҷои муайяни дашти лолазор мебурданд. Ин бозӣ дар минтақаҳои водии Ҳисор, Ромит, ноҳияҳои Бойсун, Деҳнав, Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар роиҷ буд.
Равшан Раҳмонӣ,
профессори ДМТ