БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ НАВРӮЗӢ

Аспсаворӣ
Аспсаворӣ миёни мардуми ориёӣ хеле маъмул буду шуҳрат дошт. Тавре ки аллома Бобоҷон Ғафуров зикр кардааст, мардуми ориёӣ аз ҳунарҳои варзишӣ, ҷавонмардию паҳлавонӣ, аспсаворӣ бархурдор буданд.
Бозиҳои дастхобонӣ, аз болои асп тир парондан, шамшер задан, гӯштини болои асп дар ҳолати бесилоҳӣ махсус таълим дода мешуд. Парвариш ва тарбияи асп боис гардид, ки наслҳои нави асп ба миён оварда шаванд. Махсусан, аспҳое, ки барои ҷанговарон мувофиқ буданд, дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Гӯштингирӣ
Ҳанӯз дар давлатҳои Суғд ва Бохтар гӯштингирӣ бозии маъмул будааст. Намунаи ин гӯштингирӣ «Кураш»-и имрӯза мебошад. Паҳлавонон, асосан, аз неруи даст истифода мебаранд. Якдигарро ба оғӯш (гурмушт) гирифта, бо зӯри бозувон ба пеш ё қафо тела дода, ба тарафи росту чап хам мекунанд. Дар ин набард шахси ғолиб он аст, ки ҳарифро пуштнокӣ ҳалол ба замин афтонад.
Камонварӣ
Камонварӣ миёни ориёиҳо хеле ривоҷ ёфта буд. Шоҳону асилзодагон, паҳлавонҳо, сайёдҳо бо камонғӯлак ба шикор баромада, гавазн, бузҳои кӯҳӣ, оҳу, гӯрхар шикор мекарданд. Ғайр аз ин, камонварӣ як навъ бозии варзишӣ буд, ки дар баробари мардон занон низ дар рӯзҳои ҷашн ва хусусан, Наврӯз ҳунарнамоӣ мекарданд.
Мувофиқи маълумоти Ҳеродот, яке аз қабилаҳои саккоӣ — массагетҳо, ки дар он сӯи Аракс (дарёи Сир) зиндагӣ мекарданд, қабилаи аз ҳама сершумор буданду дар болои асп ва ҳам пиёда моҳирона ҷанг мекарданд. Ҳамеша бо худ камон ва найза доштанд. Дионисти Перигит, муаррихи Юнонӣ, менависад: «Саккоиҳо камонварони моҳиртарин ҳастанд. Ҳеҷ тири онҳо бидуни ҳадаф паронда намешавад».
Шиноварӣ
Шиноварӣ ё оббозӣ чун дигар навъҳои варзиш барои мардуми тоҷик яке аз ҳунару маҳоратҳои баланди мардонагӣ, ҷасорат ва амали шоиста мебошад. Дар байни халқ шиноваронро ба маънои «оббоз», «шиннор», шахсе, ки дар ин ҳунар дасту дилу гурдаи қавӣ дорад, баҳои баланд медиҳанд.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ подшоҳон артиши оббозҳо доштанд, ки дар юришҳои ҳарбӣ барои аз об гузаронидани дигарон хидмат мекарданд. Шоҳони қадим оббозҳои махсус доштанд, ки онҳо аз қаъри дарё дурру гуҳар ва сангҳои гаронбаҳо чида бароварда, ба хазина даромад меоварданд.
Шоҳмотбозӣ
Дар гузашта мардуми ориёӣ рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба мусобиқаи шоҳмотбозӣ машғул мешуданд. Подшоҳон барои шарти бозӣ мулк ва дигар сарвату дороиҳоро мегузоштанд.
Дар бораи таърихи пайдоиши шоҳмот ақидаҳо гуногунанд. Аз рӯи баъзе ривоятҳо, бозии шоҳмот замони ҳукмронии Анӯшервони Одил дар давлати Сосониён аз тарафи вазири донои ӯ Бузургмеҳр ихтироъ шудааст.
Шоҳмот бозии варзишӣ буда, онро «бозии шоҳон» низ мегӯянд. Дар ҳақиқат, ин бозӣ аз шахс ақлу заковати баланд ва қобилияти таҳлилӣ талаб менамояд. Дар ин бозӣ ғолиб шахсе дониста мешавад, ки «шоҳ»-ро дар тахтаи шоҳмот маҳв кунад.
Чавгонбозӣ
Чавгонбозӣ ё гӯйбозӣ яке аз бозиҳои варзишии қадимии тоҷикон буда, ҳоло дар тамоми дунё бо номи «Polo» машҳур аст. Ин бозӣ, асосан, дар Осиёи Миёна пайдо шудааст. Чавгонбозӣ ба мисли бозии футбол аст, вале фарқ байни футболу чавгонбозӣ дар он аст, ки дар бозии чавгон тӯбча (гӯй)-ро на бо пой, балки бо чавгон (чӯби нимкаҷ) ба ҳаракат меоранд.
Навъи дигари чавгонбозӣ, ки миёни ориёиҳо маъмул буд, чавгонбозӣ дар болои асп мебошад. Ин бозӣ каме мушкил ва хатар дошт, зеро болои асп нишаставу бо суръати баланд давида, тӯбро ба дарвозаи ҳариф задан аз бозингар ҳушёриву чолокӣ талаб мекард.
Ин бозӣ миёни қабилаҳои саккоӣ маъмул буд ва мардум чавгонбозиро бо ду навъ: «гӯйбехт» (болои асп нишаста бозӣ кардан), «путбехт» (пиёда бозӣ кардан) ҷудо карда, бозӣ мекарданд.
Буҷулбозӣ
Буҷулбозӣ яке бозиҳои қадимии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки чандин аср пеш дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Аслан, ин бозӣ як навъи варзиши сабук низ шуморида мешавад, ки пайдоиши онро ба қабилаҳои чорводори ориёӣ нисбат додаанд. Чунон ки маълум аст, чорводорон бо худ бузу гӯсфанд ва говҳоро аз як ҷо ба ҷои дигар мебурданд. Дар ҳар маконе, ки чорвоеро мекуштанд, буҷулҳои пои он ба кӯдакони худ медоданд, зеро буҷули сафеду тоза барои бозии кӯдакон мувофиқ буд.
Азбаски чорводорон дар сафарҳои мавсимӣ барои кӯдакони худ ҳар гуна бозичаҳо намегирифтанд, буҷул барои бозии кӯдакони онҳо беҳтарин туҳфа ба ҷои зоча маҳсуб мешуд.
Аҷдоди тоҷикон дар рӯзҳои иди Наврӯз аз рӯи ин навъи бозӣ мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор менамуданд.
Таҳияи
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»