БЕГОНАПАРАСТӢ ХОСИ МИЛЛАТИ МО НЕСТ

Масъалаи бегонапарастӣ дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад. Тавре Роҳбари давлат таъкид намуданд: «Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Табиист, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми шарифи тоҷик нест, вале он дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои ояндасози мо асар мекунад.
Баъзан одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ, ришмонӣ ва ҳатто дар номгузорӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз ҳад мегузаронанд. Баъзе ҷавонмардон дар баробари занон худро ба дигар халқу миллатҳо монанд карда, кулоҳҳои хориҷӣ дар сар ва ришу мӯйи дароз мемонанд, ё ки шимҳоро кӯтоҳ мекунанд. Аз чунин зоҳирпарастӣ инсони солимақл дар ҳайрат мемонад, ки тавассути ин масир ҷавонони мо то куҷо хоҳанд рафт? Зеро ин амалу рафтори бевоситаи ифротгароён аст.
Аз ин рӯ, хубтар мебуд, либосеро ба бар намоянд, ки ба рӯзгор, хулқу атвор ва фарҳанги миллати тоҷик мувофиқ бошад ва ё он симо, урфу одати аҷдодӣ ва дигар хусусиятҳои миллиро таҷассум намояд.
Онҳое, ки бо мондани риши дарозу парешон ва тамизношуда ба дигар миллатҳо тақлид намуда, гумон мекунанд, ки «савоб мегиранд», таъкид мекунем, ки садҳо роҳи ба даст овардани савобу самара вуҷуд дорад, аз ҷумла, сари ятимеро сила кардан, бенавоеро дастгирӣ намудан, роҳу пул, мактабу бунгоҳи тиббӣ сохтан беҳтарин василаи ризогии Худованд аст. Бино бар ин, иртиҷоъпарастӣ набояд ба фарҳанги мо таҳмил шавад, зеро мо миллате ҳастем, ки тамаддуни ғании бостонӣ дорем ва хурофотпарастиву тақлидкорӣ хоси мо нест. Дар ин мавзуъ чанд аср пеш ҷалолиддини Балхӣ гуфта буд:
Халқро тақлидашон бар бод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Пас, чаро мо бояд дар либоспӯшиву номгузорӣ ба фарҳанги бегона тақлид кунем, дар ҳоле, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби мусавваре ба табъ расид, ки дар он намунаи либоси миллӣ барои занон тавсия гардидааст. Инчунин, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали «Либосҳои тавсиявии хонандагон» ба тасвиб расидааст. Яъне, либосҳои тавсияшуда замонавӣ ва зебо буда, барои фаъолият созгор мебошанд.
Набояд фаромӯш кунем, ки мо дар асри 21-ум, замони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ умр ба сар бурда истодааем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои соҳиб гаштан ба дастовардҳои илмиву муосир талош намуда, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, аз навовариҳои илму технология ва фарҳанги пешрафта истифода барем. Барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъйю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки зеҳни мардумро ба асрҳои миёна мекашонанд, талоши беҳуда нанамоем. Ифтихор аз он кунем, ки имрӯз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохоби як рӯд, гулҳои як боғ, фарзанди як модар амал намуда, дар бунёди давлати воқеии дунявӣ саҳм гузорем.
Аслишо Қурбонов,
корманди шуъбаи маорифи
ноҳияи Роштқалъа