ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТБАХШ

Тавре ки маълум аст, 18 декаб-ри соли 2020 дар Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул карда шуд, ки соли 2023 дар ИДМ Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон карда шавад.
Дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Шурои ИДМ нақшаи чорабиниҳои Соли забони русӣ дар фазои иттиҳод тасдиқ карда шуд.
Дар айни замон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ташаккули тарбияи ахлоқии донишҷӯён мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти мутахассисон саҳми муайян мегузоранд
Дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони кафедраи кафедраи забони русии МДТ ДДТТ таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия Умарҷон Юлдошев дар фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ ба дастовардҳои намоён мушарраф гардиданд.
Мавсуф фаъолияти омӯзгории худро баъди хатми факултети забону адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Мичурински вилояти Тамбови Федератсияи Россия (1980) оғоз намуда, баъдан дар мактаб-интернати махсуси ноҳияи Хуҷанд (1980-1982) идома бахшидааст.
Дар кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси омӯзгор-ассистент ба кор шуруъ карда, хамзамон, дар аспирантураи ғоибонаи кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсилашро идома медиҳад ва онро соли 1987 хатм мекунад. Ӯ дар мавзуи «Омӯзондани нутқи хаттии русӣ ба донишҷӯёни соҳаи тиб дар шароити дузабонӣ» (1989) рисолаи номзадиашро ба итмом мерасонаду онро дар Шурои илмии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии таълими забони русӣ дар мактабҳои миллии Академияи илмҳои педагогии СССР дифоъ менамояд.
Профессор У. Юлдошев то кунун ба ҳайси мудири кафедраи забони русии МДТ ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дошта, ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯҳои нави илмӣ мебошад. Ӯ ҳамчун олими пуркор тадқиқоти илмиашро идома дода, дар Институти проблемаҳои маълумоти миллии Вазорати маорифи Федератсияи Россия (2000) рисолаи доктории худро дар мавзуи «Дузабонии тоҷикӣ — русӣ ҳамчун шарти тайёрии касбии донишҷӯёни соҳаи тиб дар мактабҳои олии Тоҷикистон» ҳимоя менамояд ва соли 2001 ба гирифтани унвони илмии профессори кафедраи забони русии донишгоҳи номбурда сазовор мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои омӯзиши забони русӣ диққати махсус медиҳад. Аз ин сабаб, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми августи соли 2019, № 438 дар бораи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба имзо расид.
Барои дар амал татбиқ намудани ин асноди расмии давлатӣ аз тарафи устодони кафедраи забони русии донишгоҳ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Натиҷаи фаъолияти илмии ин олими пуркор бо теъдоди зиёда аз 460 номгуй, аз ҷумла, 1 монография, 4 китоб, 10 китоби дарсӣ, 7 дастури таълимию методӣ, зиёда аз 40 барномаи таълимӣ ва 30 силлабус доир ба методикаи таълими забони русӣ барои мактабҳои олии Тоҷикистон барои ҳамаи факултетҳои тиббӣ, 273 мақола, 65 тезиси маърузаҳои илмӣ дар конференсияҳои илмию мизҳои мудаввар баррасишуда ва зиёда 50 мақола дар рӯзномаҳои даврӣ оид ба тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи чоп омадааст.
Қобили зикр аст, ки 35 сол боз дар дарсҳои амалӣ аз фанни забони русӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз рӯи маводи таҳия ва таълифнамудаи профессор У.Юлдошев таълим мегиранд.
Бояд гуфт, ки самараи кори бисёрсолаи илмию педагогӣ ва тадқиқотии профессор У. Юлдошев монографияи доктории ӯ «Асосҳои лингвометодии омӯзондани забони русӣ дар тайёрии касбии донишҷӯён — табибон дар шароити дузабонии тоҷикӣ — русӣ» (Душанбе, 2000) ба шумор меравад. Монография ба донишҷӯёни тахассуси тиббӣ пешбинӣ гардидааст. Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҷараёни таълим У. Юлдошев якчанд китоби дарсӣ таълиф кардааст. Бо заҳмати ӯ китоби дарсии «Инкишофи нутқи касбии русии донишҷӯён дар шароити дузабонии русӣ-тоҷикӣ» (2008), се китоби дарсӣ оид ба инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии донишҷӯёни курси 2-юми факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ ва фарматсевтӣ (2011) ва ду китоби дарсӣ барои донишҷӯёни курсҳои1-2-и ҳамаи факултетҳои ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2017) рӯйи чоп омадаанд, ки дар ҷараёни таълим фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯёнро муназзам месозанд.
Фаъолияти олим ба ҳайси узви Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадиву доктории соҳаи илмҳои педагогии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2001-2022) хеле пурсамар буд. Хусусан, дар солҳои 2004-2015 ӯ ҳамчун котиби илмии Шурои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ фаъолият намуда, 27 рисолаи докторӣ ва номзадиро ба дифоъ пешниҳод намуда, ҳамчун эксперт ба 38 рисолаи докторӣ ва номзадӣ хулосаи илмӣ навишт ва ба ҳайси муқарризи расмӣ 55 рисолаи докторӣ ва номзадиро дар шуроҳои ҳимоя муаррифӣ намуд.
Бояд гуфт, ки олим ва методист У.Юлдошев дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи тиббу педагогика саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, се нафари дигар рисолаҳояшонро барои дифоъ пешниҳод карданд ва чор нафар унвонҷӯи кафедраи забони русии донишгоҳи мазкур корҳои илмияшонро таҳти роҳбарии ӯ идома медиҳанд.
Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф аз фанни забони русӣ барои синфҳои 8-9-и мактабҳои тоҷикӣ ду стандарти таълимӣ (2013) таҳия ва пешниҳод карда, дар ҳамкорӣ бо профессорони факултети филологияи руси ДМТ М.Нағзибекова Г.Ҳоҷиматова ва Г.Мухаметов «Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ»-ро (барои донишҷӯёни донишгоҳҳои ғайрифилологӣ (Душанбе,2018) низ тартиб додааст. Инчунин, дар асоси барномаи номбаршуда профессор У. Юлдошев бо муаллифони номбурда китоби дарсии «Забони русӣ» барои донишҷӯёни донишгоҳҳои ғайрифилологӣ (Душанбе,2018) -ро аз чоп бароварданд.
Ҳоло омӯзгор ва олим У. Юлдошев узви ду Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз 16 апрели 2010 ба ҳайси узви ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия фаъолият дорад.
Хидматҳои омӯзгор ва олим У. Юлдошев бо медали «Хизмати шоиста», инчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадр карда шудаанд.
Профессор Умарҷон Юлдошев, пеш аз ҳама, бо заҳматкашӣ, ҳалимӣ, хоксорию дурандешӣ, бо ҷустуҷӯҳои пурсамари илмӣ байни ҳамкорон ва шогирдон сазовори обрӯю эҳтиром гардидаву 65-умин солгарди умри пурбаракати хешро истиқбол намуд. Ба ӯ рӯзгори саодатбор, сиҳатмандии бардавом ва дар ҷодаи илму маориф комёбиҳои навинро таманно дорем.

М. Лутфуллоев,
И. Каримова,
С. Ибодзода,
С. Шербоев,
С. Неъматов