ҚУМОД КИШВАРИ БОСТОНИСТ

Халқи тоҷик таърихи хеле қадимӣ дорад. Вай дар давоми асрҳо дар соҳилҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, дар водиҳои Фарғона, Ҳисору Вахш, Кӯлобу Бадахшон ва Раштонзамин бар зидди ҳуҷуму тохтутозҳои ғоратгаронаи аҷнабиён басо қаҳрамонию ҷасорат нишон додааст.
Дар бисёр маҳалҳои кишварамон олоти гуногун ё бошишгоҳҳои одамони асри санг ва давраҳои баъдиро бостоншиносон дарёфт намуданд. Мутаассифона, аз таърихи давлати Қумод (Кумед) маълумотҳо дар сарчашмаҳои таърихӣ хеле кам ба чашм мерасанд. Муаллифи китоби «Тоҷикон», академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла, менависад, ки “Дар ҳайати давлати Мовароуннаҳр, дар болооби дарёи Вахш (Сурхоб) мулки Қумод арзи вуҷуд мекард”. (Ба харитаи саҳифаи 404-и китоби “Тоҷикон” нигаред.)
Дар саҳифаи 345 – и китоби мазкур мехонем: “…дар байни дарёи Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш (Сурхоб) – Вашгирд (Файзобод) бо пойтахти худ Вашгирд, дар саргаҳи дарёҳои Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш (Сурхоб) мулки Қумод арзи вуҷуд дошт”.
Муаррихи шинохташуда, доктори илми таърих Нуъмон Неъматов дар китоби «Давлати Сомониён» менависад: «Дар ҳавзаи дарёи Вахш (Сурхоб) як қатор давлату вилоятҳо ҷойгир шуда буданд. Дар болооби дарёи Вахш давлати Қумод воқеъ буд, ки ҳудуди ноҳияҳои водиҳои Қаротегину Дарвоз ва қисми шимолии вилояти Бадахшони кӯҳиро дар бар мегирифт”.
Сайёҳи Чин Сюан Тсзян дар ёддоштҳояш соли 645 чунин навиштааст: “Вилояти Қумод (Кумед) дар маъбадҳои хитойӣ бо номи Гӯи – Ми сабт шудааст. Ин кишвар дар байни мулки Дарвоз, Қаротегин ва Ванҷ ҷойгир будааст. Қабилаҳои кумедҳо дар ин ҷо зиндагӣ ва умр ба сар мебурданд. Бо гузашти асрҳо топоними Қумод (Кумед) аз байн рафта, ба ҷойи он топоними Рашт, Жошт тақрибан дар асрҳои 4-3 пеш аз мелод пайдо мешавад”. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ин сарзамин бо номҳои Қумод (Кумед), Ғурқанд, Рошт, Жошт, Рашт, Ғарм, Қаротегин ва Раштонзамин номбар мешавад.
Дар аввали асри ХIХ ҷуғрофиёшиносон ва фарҳанг-шиносони рус топоними «Рашт»-ро аз арабӣ ба форсӣ гардониданд, ки маънои «доманакӯҳ, ғарами теппа ва сангҳо»-ро ифода мекунад.
Дар луғати забони паҳлавӣ ҳам калимаи «Ғарм» ба маънои «доманакӯҳ, ғарами кӯҳу санг» зикр шудааст.
Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» (қисми 1. саҳ 122) менависад, ки «ҷанговарон ҳанӯз дар асри IV-и пеш аз милод аз шамшерҳои оҳанини дарозиашон 1,2 метр, ханҷарҳо (бо забони ҳамонвақта картаҳо), табарҳои яктеға ва дутеғаи ҷангӣ (сагарис) истифода мебурданд, ин қабил табарҳои ҷангӣ дар ҳафриёти гӯрхонаҳои қадимаи Помир ёфт шуданд». Ба ҳамин монанд табарҳо ва найзаву шамшерҳои ҷангии асри IV-и пеш аз милодро бостошиносон дар мавзеи Лахши ноҳияи Лахш (ноҳияи Ҷиргатоли собиқ) соли 1988 аз гӯр ҳамроҳи ҷасади ҷанговаре ёфтанд. Дар гӯр дигар ашёву анҷоми рӯзгори одамони ибтидоӣ низ мавҷуд буданд.
Олимону кишваршиносон ва таърихнигорон бар он ақидаанд, ёдгориҳои таърихие, ки аз ин сарзамин ба даст овардаанд, ба асри санг тааллуқ дошта, таърихи беш аз чорҳазорсола ва аз он ҳам зиёдтар доранд.
Таърихнависи Юнони қадим Ктесий дар бораи сернуфуз будани давлати Қумод ва ганҷинаҳои фаровони ин сарзамин маълумоти зиёд додааст.
Бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти роҳбарии олими шинохташуда, доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, ки тайи чанд соли ахир дар ин сарзамин ба омӯзиши таърихи давлати Қумод машғул аст, эъзомияи илмӣ — тадқиқотӣ ва омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар наздикии шаҳраки Ҳоит ва деҳаҳои Ҳисорак, Ясманд, Нӯшор иқоматгоҳҳои одамони ҷомеаи ибтидоӣ ва 60 адад олату асбоби гуногунро дарёфт намуданд. Олатҳои дарёфтшуда, ба ақидаи бостоншиносон, таърихи беш аз чорҳазорсола дошта, ба асрҳои IV-III пеш аз милод рост меоянд.
Бостоншиносон соли 1946 дар наздикии деҳаи Ҳисораки ҷамоати деҳоти Ҳоит ҳайкалчаи тиллоии Аноҳиторо ёфтанд, ки ба асрҳои II-I пеш аз милоди замони давлатдории Кӯшониён рост меояд. Ин ёдгории қиматноки таърихӣ дар осорхонаи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия маҳфуз аст.
Дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Лахш гӯрхонаҳое ёфт шуданд, ки ба асрҳои IV-III пеш аз милоди давраи сакоиҳои давлати Қумод рост меоянд.
Шарқшиноси рус В.Григорев дар китобаш «Таърихи халқҳои Шарқ» (саҳифаи 143) навиштааст: «Сакҳо дар доманаи кӯҳҳои Қаротегин ва Олой зиндагӣ ва сукунат доштанд. Дар вақти юриши Искандари Зулқарнайн ва ҳатто дусад сол пеш аз он сайҳо ва сакоиҳо дар ин водӣ умр ба сар мебурданд». Дар ин гӯрхона шамшери дудама, табар, сипар, гӯшвораҳои нуқрагӣ, тангаҳо ва зарфҳои гуногун ёфт шуданд, ки дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд.
Сокинони ин манзилгоҳҳо зарфҳо ва асбобу анҷоми рӯзгорашонро дар коргоҳи кулолӣ тайёр мекарданд. Кулолӣ дар ҳаёти одамон мавқеи муҳим дошт. Аз лойи кулолӣ хишт, танӯрҳои хурду калон ва зарфҳои гуногуни рӯзгорро месохтанд, ки онҳо аз тарзи ҳаёт ва зиндагии қарнҳои дур гувоҳӣ медиҳанд.
Аз вайронаҳои Қалъаи Рашт, Қалъаи Сурх, Қалъаи Лаби Об, Қалъаи Ҳоит, Қалъаи Ҳисорак, Қалъаи Имлок (дар соҳили чапи резишгоҳи дарёи Хингоб), Қалъаи Дарбанд, дар деҳаи Сари Ҷар (дар шоҳроҳи Рашту Дарвоз, наздикии шаҳраки навбунёди Нуробод) сӯзанҳои аз устухон сохташуда, гӯшвораҳо, муҳр, тангаҳои нуқрагӣ, мисӣ, табарҳои биринҷӣ, найза ва асбобу анҷоми рӯзгор ёфт шудаанд, ки онҳо ба асрҳои 4 — 3 пеш аз милод рост меоянд.
Соли 1957 дар байни деҳаҳои Шавриқиём ва Мулло Кенҷаи ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми шудгор кардани заминҳо чанд қабри одамони қадимро дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо устухонҳо, шамшер, сипар, найза, табар, бозубанд ва дигар ашё мавҷуд буд. Бостоншиносон муайян карданд, ки ин ашё таърихи беш аз ду ҳазору панҷсадсола доранд. Дар ин мавзеъ бо мақсади дарёфт намудани асбобу анҷом ва ашёи рӯзгори одамони замони қадим кофтуковҳои бостоншиносӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ин мавзеъ ҳоло бо номи «Дашти Сақоӣ» маълум аст.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми таърих Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ дар яке аз суҳбатҳо изҳор дошт, ки “…Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ дар соҳили рости дарёи Ёқсу (шохоби дарёи Сурхоб), дар деҳаи Чоргулаки ноҳияи Лахш табарчаи биринҷӣ дарёфт шуд, ки таърихи беш аз чорҳазорсола дорад, аз ин лиҳоз, кофтуковҳои бостониро дар ин мавзеъ идома додан лозим аст. Дар зери қалъаҳо, қабрҳо ва манзилгоҳҳои одамони қадим асбобу анҷом зиёд буда, таърихи ниҳоят қадима доранд. Дар деворҳои ростфаромадаи ғорҳо ва дар аксҳои рӯи сангҳо одамон дар даст найза ва милтиқ (камон) доранд, инчунин, акси сагҳои шикорӣ низ тасвир карда шудаанд”.
Сокини деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод Абоил Аҳмадов ёдовар шуд, ки “соли 1980 дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Фатҳобод фаъолият менамудам, кишваршиноси маъруф Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ меҳмони мактабамон шуд. Мо, омӯзгорон, аз беаҳаммиятӣ ва беандешагӣ муҳри шоҳони қадимии ин диёрро, ки аз металли гаронбаҳо сохта шуда буду вазни хосаи зиёде дошт, аз осорхонаи муассисаи таълимӣ гирифта, ба дасти ӯ супоридем. Вай ин муҳри қиматнокро ба осорхонаи шаҳри Санкт-Петербург (шаҳри Ленинград) супорида будааст…”
Дар ишораҳои сайёҳи Чин Сюан Тсзян омадааст, ки сокинони ин кишвар ба обёрӣ, кофтани каналҳо, зироаткорӣ, парвариши асп, шутур, бузу гӯсфанд, гов ва кулолию бинокорӣ машғул буданд.
Дар қаламрави ноҳияи Лахш аз даврони Шуравӣ то имрӯз панҷ канал — “Пиёзӣ” ба дарозии 16 километр, “Ҷиёнқирғиз” ба дарозии 13 километр, “Чилонбӣ” ба дарозии 10 километр, “Сарталло” ба дарозии 10 километр ва “Ғулама” ба дарозии 36 километр аз ҷониби мутахассисон ва сокинони ноҳия кофта, ба истифода дода шудаанд, ки ҳангоми кофтани ин каналҳо даҳҳо кӯзаву хурма ва асбобу анҷоми рӯзгори одамони қадим ёфт шуданд, ки аксари онҳо дар осорхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва дар манзилҳои сокинони ноҳия нигоҳдорӣ карда мешаванд. Ҷамъоварии ин бозёфтҳо ва ташкил намудани осорхона дар маркази ноҳияи Лахш ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Аз тарзи зиндагии одамони қадими ноҳияҳои водии Рашт то замони имрӯза маълумоти хеле кам боқӣ мондааст. Сабаб дар он аст, ки дар натиҷаи заминларзаҳои солҳои 1911, 1941, 1949 ва солҳои баъд, ки қувваи аз 7 то 9 балл доштанд, аксари қалъаҳо, манораҳо, мадрасаву масҷид, бинову иншоот ва мазорҳо вайрон шуда, ба хоктӯда табдил ёфтаанд.
Дарёфт ва аз нав барқарор намудани бинову иншоот ва ёдгориҳои таърихии ин водӣ аввалан, кори хайрест ва баъдан, он бозёфтҳо дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва тарбияи меҳандӯстии наслҳои оянда аз аҳаммият холӣ нестанд.
Сайфиддин Шарифзода,
мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи
ноҳияи Шоҳмансур,
Мирзовалӣ Мирзоҳомидов,
омӯзгори коллеҷи хусусии тиббии
ноҳияи Рӯдакӣ