ҲАМОИШИ ИДОНА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ШУД

 Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи аҳли қалам – рӯзноманигорону олимон, муҳаққиқони соҳаи матбуот, устодони макотиби олӣ ва хонандагону ихлосмандони ин соҳа ба муносибати 111 — солагии матбуоти тоҷик ҳамоиши идона баргузор гардид. Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода аз нақши матбуоти тоҷик дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа суханронӣ намуд. Мавсуф аз нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ёдовар шуда, афзуд, ки анъанаи неки саромадони матбуоти тоҷик тайи беш аз сад соли ахир идома ёфта, қаламкашони баъдӣ дар шукуфоии мамлакат ҳиссаи сазовор мегузоранд. 

Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаҳои таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат куннад ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд”. М. Абдуллозода дар робита ба ин ҳушдори Президенти мамлакат, ҳамчунин, аз мушкилоти мавҷуда дар соҳаи матбуот ёдовар гардида, рӯзноманигоронро барои инъикоси фаврии матолиб, ки баҳри сулҳу рифоҳ дар мамлакат мусоидат менамояд, даъват намуд. 

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нақши матбуоти тоҷик дар ҳаёти мамлакат сухан ронда, афзуд, ки матбуот ҳамеша дар саргаҳи инъикоси воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ қарор дошта, ҳамеша баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷаҳду ҷадал намудааст. 

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода аз фаъолияти солонаи иттифоқ сухан гуфта, барандагони ҷоизаҳо ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ба номи Воҳид Асрорӣ ва ба номи Асадулло Саъдуллозодаро дар соли 2022 эълон кард. Рӯзноманигорони маъруф Муртазо Зайниддинзода, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, Далери Абдулло ва Карим Ҳайдаров барандагони Мукофоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян шуданд. Ҳамчунин, як қатор ташкилотҳои эҷодӣ, журналистони рӯзномаву маҷаллаҳо бо мукофоту инъомҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»