ТАВАҶҶУҲ БА СИФАТИ ТАЪЛИМ

Дар шароити ҷаҳони-шавӣ, ки илму техника бо суръат рушд меёбад, омӯзиши илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ аҳамияти бештар касб намудааст. Дар ин радиф солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст.
Дар муассисаи таълимии мо барои амиқтар омӯзонидани ин фанҳо кабинетҳои химия, физика ва биологияи бо ҳамаи асбобу анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз таъсис ёфтаанд. Дар назди кабинетҳои фаннӣ озмоишгоҳҳои наву мутобиқ ба талаботи замони муосир ташкил карда шудааст.
Дар таълимгоҳ озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» байни хонандагону омӯзгорон дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. 20 нафар хонандаи фаъол — ғолибони даври якум ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Бо дарназардошти зиёд шудани талабот ба китоб ва мутолиаи асарҳои адабию илмӣ мо дар хобгоҳи муассиса китобхонаи нав кушодем ва барои китобхонаи марказии муассиса ба маблағи 18 000 сомонӣ китобҳои гуногун харидорӣ намудем.
Дар маҷмуъ, зиёда аз 320 хонандаи муассиса ба ҳаракати олимпӣ фаро гирифта шуданд. 5 хонандаи муассисаи мо дар олимпиадаи байналмилалии IGO — 2022 аз фанни геометрия, ки тариқи фосилавӣ дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе (14 октябри соли 2022) баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд, 3 хонандаи дигар дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии наврасон («Лаборатория подготовки талантов») аз фанҳои физика, математика ва химия (28.12.2022) фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Соли таҳсили 2021-2022 хонандаи синфи 9-ум Нурулло Назаров дар олимпиадаи Hanoi Peoples Committee дар Ветнам иштирок намуда, сазовори шаҳодатномаи Certificate of Participation presented to шуд.
Танҳо дар олимпиадаҳои вилоятӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ миёни хонандагони синфҳои 11 хонандагони муассисаи мо соҳиби 7 ҷой ва роҳхат барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Барои боз ҳам баланд бардоштан сатҳу сифати таҳсилот дар муассиса 24 маҳфили таълимӣ ва эҷодӣ амал мекунад, ки шумораи зиёди хонандагон аъзои ин маҳфилҳо мебошанд.
Баргузор намудани мониторинги сифати таҳсилот дар чорякҳои соли таҳсил нишон медиҳад, ки хушбахтона дараҷаи донишандӯзӣ, сифати таҳсилот, баҳрабардорӣ ва таълиму тарбияи хонандагон марҳала ба марҳала боло меравад.
И. ҚОДИРӢ,
директори мактаби Президентӣ барои хонандагони
болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён, номзади
илмҳои педагогӣ