ҒАМХОР, РАҲНАМО, МАДАДГОР

Рӯзи байналхалқии занон дар аввал ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. 8-уми марти соли 1957 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзор ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо кӯтоҳ кардани рӯзи кор, беҳтар намудани шароити кор ва маоши ба мардон баробарро хостанд.
Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз кор мекарданд, вале барои корашон музди ночизе мегирифтанд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқи касаба пайдо шуд ва пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксар кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо зан ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳиб шудан ба ҳуқуқи раъй додан карданд.
Таърихи ҷашн гирифтани Иди занон ба номи Клара Сеткин низ алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Иди занон ҷашн гиранд.
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид 8-уми мартро Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвора Рӯзи Модар эълон намуданд.
Воқеан, модар дар ҳама вазъу ҳол ҳамеша бо мо ҳасту намехоҳад, ки лаҳзае нороҳат бошему ғам хӯрем. Модар шахсест, ки лозим ояд, ба хотири хушбахтии фарзанд ҷони худро ҳам фидо мекунад.

… Шуд сари гаҳвораи фарзанди худ
Модар аз шабзиндадорияш бузург.

Модарам, ки дӯсти наздиктарини ман аст, ҳар вақте ки ба ман маслиҳату машварату мадад лозим бошад, ҳамеша дар паҳлуям ҳозир аст. Боре ҳам нашудааст гӯяд, ки ман хаста шудам. Се соли ахир низ, ки дар чанде аз озмунҳо иштирок мекардам, модарам лаҳзае маро танҳо нагузошт. Роҳбаладӣ ва дастгириҳои маънавии модарам буд, ки ман тавонистам, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолиб оям. Баъзан ҳамроҳи ман шеър аз бар мекард, ба хотири дарёфт кардани китоби зиёдтар узви китобхонаҳо мешуд, ҳатто дар рафти баргузории озмун, ки ҳар даври он тақрибан 10 то 12 рӯзро дар бар мегирифт, ҳамеша бо ман буд.
Модарон чӣ қадар дилсӯзу ғамхоранд! Онҳо арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдориянд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол. Модар чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллат мебошад.

Гулбарги Камолиддин,
хонандаи синфи 10-и литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе