ОИНАИ ЗИНДАГӢ

Матбуот оинаи ҳамаи ҷомеаи пешқадам аст. Дар ҳақиқат, нақши воситаҳои ахбори омма – матбуот дар ҳаёти ҷомеаи муосир беандоза бузург аст.
Дар давраи истиқлол 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мо ба воситаи саҳифаҳои матбуоти даврӣ бояд фарҳангӣ ва тамаддунсоз будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Матбуоти тоҷик бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихию фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлоли халқи тоҷик бошад.
Дар ҳақиқат, матбуот якҷо бо аҳли ҷомеа метавонад дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бегонапарастӣ ва хурофоти баъзе гурӯҳу ашхоси ноогоҳ, дар замири насли имрӯза ҷой додани ҳисси баланди ватандорию ватанхоҳӣ саҳми арзанда гузорад. Аввалин нашрияи тоҷикӣ дар шаҳрчаи Когони назди Бухоро бо ташаббуси ҷавонбухориён Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷи Ҳаким бо дастгирии консулгарии Россия дар Бухоро аз 11-уми марти соли 1912 сар карда, бо номи “Бухорои шариф” аввал ҳафтае 5 шумора, баъдтар 2-3 шумора то ибтидои соли 1913 чоп шудааст. Пас аз он дар шаҳри Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маҷаллаи “Ойина” ва рӯзномаи “Самарқанд”-ро таъсис дод, ки ҳар ду ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд. Яке аз журналистони асосии ин нашрияҳо Саидризо Ализода буд.
Дар таърих аввалин матбуот, таърихи таъсисёбии газета — рӯзнома ба қарни XI то мелод рост меояд. Аввалин газетаҳо дар Рими қадим ба табъ расидаанд. ҳарчанд онҳо дар намуд ба маводи нашрии муосир монанд набуданд, вале рисолаташон паҳн намудани иттилоот, яъне хабар буд. Ин қабил газетаҳо дар ибтидо хусусияти ғайрирасмӣ доштанд, баъдтар бо амри ҳокими давр Юлий Сезар воқеа ва навовариҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла, маърузаҳои расмӣ, ҳисоботи давлатдорон низ дар онҳо ҷой дода мешуданд. Аввалин рӯзнома (ба маънии ҳақиқии имрӯза) бо номи “Навиди пойтахт” 1200 сол қабл дар Чин пайдо шудааст. Хабарҳои онро дар тахта бо иероглифҳо менигоштанд. Ҳоло машҳуртарин рӯзномаи ҷаҳон “Guardian»-и Британия аст, ки 200 сол боз нашр мешавад. Газета танҳо дар асри ХVI шакли худро дигар намуд, он ба табъ мерасид. Вожаи “газета” аз номи тангаи итолиёвӣ “госети” пайдо шуда ва маҳз дар Венетсия нахустин марказҳо оид ба ҷамъоварии ахбор, агентиҳои иттилоотӣ ва пешаи журналистӣ – рӯзноманигорӣ пайдо шудааст.
Пас аз ихтирои дастгоҳи чоп дар таърихи матбуот таконе ба амал омад ва ин боис шуд, ки маводи табъу нашр бартарӣ пайдо кунаду теъдоди газетаҳо зиёд гарданд. Дар Россия аввалин газетаҳои дастӣ бо номи “Варақаҳои иттилоотӣ” ба табъ мерасиданд. Нахустин газета дар давраи Пётри 1, соли 1702 чоп шуд ва он “Ведомости” унвон дошт. Матбуоти тоҷик, журналистикаи тоҷик баъди ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби Россия пайдо шуд. Дар зумраи аввалин нашрияҳо “Туркестанские ведомости”, “Русский Туркестан”, “Самарқанд” (аввалин мақолаҳои Маев, Бартолд, Андреев) ҳам буданд. Дар паҳлуи матбуоти русӣ дар ин қаламрав матбуоти миллӣ низ ба миён омад, ки вай ба забонҳои тоҷикӣ, тоторӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ чоп мешуд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷадидон ба вуҷуд омад. Ба ин гурӯҳ нашрияҳои “Оина”, “Тӯрон”, “Хуршед”, “Туҷҷор”, “Шуҳрат”, “Азия”, Наҷот”, “Иршод”, “Вақт” ҳам дохил мешуданд, ки матни тоҷикии онҳо шеър буд. Матбуоти тоҷик дар солҳои ҳокимияти советӣ ҳаматарафа инкишоф ёфт. Соли 1925 рӯзномаи ”Иди тоҷик”, имрӯза “Ҷумҳурият” нашр карда шуд ва баъдтар дигар рӯзномаву маҷаллаҳо таъсис ёфтанд. Нависандаи маъруфи тоҷик С.Айнӣ рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро «Модари матбуоти тоҷик» номидааст.
Дар аввалин солҳои истиқлол ба рушди матбуот эътибори махсус дода шуд. Соли 1991 дар кишвари мо 139 рӯзнома ва маҷалла, аз он 4 — то хусусӣ нашр шуда бошад, имрӯзҳо 621 рӯзнома ва маҷалла фаъолият дорад, аз инҳо 371 рӯзнома (109 давлатӣ, 262 хусусӣ), 243 маҷаллаҳо (113 давлатӣ, 130 хусусӣ), ғайр аз он 313 матбаа-типография (36 давлатӣ, 277 хусусӣ), 45 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ, 42 хусусӣ), 71 нашрия (10 давлатӣ, 61 хусусӣ), 11 агентии ахбор (1 давлатӣ, 10 хусусӣ) барои нашр, паҳн ва инкишофи матбуоти тоҷик ёрии амалӣ мерасонад. Ҳар яке онҳо дар ҳаёти мо мавқеи худро дорад.
Мазмун ва моҳияти ҳар як рӯзнома дар эпиграфаш мухтасар баён карда шудааст. Матбуот бояд талошу заҳматҳои мардуми заҳматкаши кишвар, дастовардҳои арзандаи халқи тоҷик ва табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, истиқлол, ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, муносибатҳои байналмилалиро васеъ инъикос намояд, камбудҳоро ошкор намоянд. Дар он вақт ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ шуда метавонад. Матбуот мактаби ҳаёт ҳам ҳаст. Ба нақши матбуот Пешвои миллат эътибори алоҳида дода, баён карданд: “Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».
Кормандони матбуоти даврӣ ва мардуми тамаддунсози тоҷикро бо иди матбуот табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, бахту саодат ва муваффақиятҳои калон орзумандам!

Сафар Эркаев,
дотсенти кафедраи археология, этнография
ва диншиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров