БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

6 марти соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи зан-модарро қадр намуда, барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти занону модарон дар муассисаҳои гуногуни кишвар шароити созгорро фароҳам овардааст. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ занон дар баробари мардон фаъолияти босамар намуда, барои пешрафти мамлакати азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.

Сипас, аз ҷониби Раҳим Саидзода ба ҳамаи бонувони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар идома аз ҷониби ансамбли фарҳангии “Ҷавонӣ”-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тољикистон барномаи мукаммали фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон