МАҲСУЛИ ҲАМКОРИҲО — РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистон ва Русия якчанд санади муҳим ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни музокироти байни Тоҷикистон ва Русия якчанд санади муҳим ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Санадҳо дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Русия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз ба имзо расонида шуд.
Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва савдои Русия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба имзо расид.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон ба имзо расид.
Ҳамчунин байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия созишнома оид ба истифодаи мутақобилаи системаҳои электронӣ ва сертификатсияи пайдоиши маҳсулот ба имзо расид.
Созишнома байни Вазорати илм ва маълумоти олии Федератсияи Русия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътирофи мутақобилаи маълумоти таҳсилот ва унвонҳои илмӣ ба имзо расид.
Байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия харитаи роҳи Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.
АМИТ «Ховар»