Бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёд ба матну мантиқи ҷумлаҳои китобҳои дарсӣ, баъзан ба назар мерасад, ки онҳо аз камбуду норасоиҳо орӣ нестанд. Дар ин бора Пешвои миллат дар яке аз мулоқотҳояшон бо кормандони соҳаи маориф гуфта буданд: «Китобҳои дарсии дар дасти хонандагон қарордошта мукаммал набуда, барои омӯзгорону хонандагон мушкилоти зиёдеро пеш меоранд, зеро сифат ва мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ мувофиқи талаб нест».
Бо вуҷуди он ки дар замони муосир техника ва технология тараққӣ кардаасту компютер дар худ ҳазорҳо китобхонаро мегунҷонад, ин «мушкилосонкун» ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонад. Дар умум, дастурҳои таълимии мукаммал, воситаҳои техникии таълим, мавод барои корҳои лабораторӣ барои аксари фанҳо хеле кам ва ноқисанд. Мутаассифона, иддае аз омӯзгорон аз усули истифодаи воситаҳои техникӣ ё намебароянд, ё хоҳиши бо он кор кардан надоранд.
Ман ба он ақидаам, ки дар чунин ҳолат ҳар як омӯзгорро лозим аст, ки баҳри рушду нумуи раванди таълиму тарбия бештар аз маҳорати касбии хеш истифода барад, онро пайваста такмил диҳад.
Омӯзгори ботаҷриба ва соҳиби маҳорати баланди касбӣ метавонад ба воситаи дарсҳои баландмазмун ба шогирдон дониши мукаммал диҳад. Аммо машғулияти намунавиро ташкил карда, дарси пурмуҳтаво ба роҳ мондан кори осон ҳам нест ва ҳатто аз муаллимони собиқадору соҳибтаҷриба заҳмати зиёдро талаб менамояд.
Барои дастрасӣ ба дарси шоиста омӯзгор бояд соҳиби малака, донишу фаросат, одобу ахлоқи ҳамида, ҳунару маҳорати баланд бошад. Барои омӯзгори хуб шудан танҳо донистани назария ва фанни таълим кофӣ нест, донистани роҳу усулҳои ба бачагон фаҳмондани ин ё он илм зарур аст.
Ба ҳар як омӯзгори воқеӣ, пеш аз ҳама, доро будан ба ин гуна сифатҳоро зарур медонам: касб ва шогирдони худро дӯст дошта, дониши хешро доимо такмил диҳад, пайваста адабиёту дастурҳои методию илмӣ, маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавиро мутолиа намояд, бо мақсади шавқовар гардондани машғулиятҳои худ аз шабакаи интернет, диску кассетаҳо, флешкорт ва дигар воситаҳои техникӣ истифода бурда тавонад. Ғайр аз ин, методу усулҳои фаъоли таълимро дар дарсҳо ба таври фаровон корбаст намуда, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муносибати дуруст ба корро дошта бошад. Омӯзгори фаъол ва оне, ки мехоҳад аз дигар ҳамкасбонаш омӯзад, бояд пайваста дар иттиҳодияҳои методӣ ширкат варзида, оид ба роҳу усулҳои таълими фанни худ андешаронӣ кунад ва маҳфилҳои фанниву дарсҳои иловагӣ ташкил намояд.
Омӯхтани таҷрибаи муаллимони пешқадаму эҷодкор ва баргузор намудани дарсҳои наву намунавӣ низ ба фоидаи ҳам омӯзгор, ҳам шогирдон ва ҳам ҳамкасбон аст. Албатта, барои омӯзгори воқеӣ шудан ин нишондодҳо ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд. Омӯзгор бояд ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ бошад.
Ҳадя ҲАЛИМОВА,
корманди ДҶТИБКСМ