ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲҲОИ ФАРОНСА

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Эрик Любедел ба ҳузур пазируфт.
Бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон соли 2022 барои дӯстдорони забони фаронсавӣ дар Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» ташкил гардид, ки ба барқарорсозии ҳамкориҳо миёни муассисаҳои олии ду кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бо дастгирии ин ташкилот миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Эрик Любедел аз истиқболи самимӣ ва созишномаҳои ҳамкории ҷонибҳо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»