ТАРБИЯ ПАҲЛУҲОИ ГУНОГУН ДОРАД

Тарбия замоне муассир ва муваффақ хоҳад буд, ки хусусияти психологии кӯдак хуб омӯхта шавад. Дарки дурусти хусусиятҳои психологии кӯдак имкон медиҳад, ки лаёқат, малакаву истеъдоди ӯро беҳтар шиносем ва мувофиқ ба он усулҳои таълиму тарбияро интихоб намоем.
Муассисаи давлатии таълимии томактабии №158-и ноҳияи Сино соли 1987 таъсис ёфта, барои тарбияи 700 кӯдак пешбинӣ шудааст. Тавре ки мудири муассиса Мадина Исмоилзода зикр намуд, дар муассиса 45 мураббӣ фаъолият доранд ва дар 11 гурӯҳ 320 кӯдаки аз 2,5 то 6-7-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мураббияҳо бо кӯдакон расмкашӣ, гулмонӣ, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, шеърдонӣ, маълумоти ибтидоии математикӣ, экология ва дигар машғулиятҳоро баргузор менамоянд.
Муаззама Шукурова мураббияи гурӯҳи кӯдакони миёна (синни 4-5-сола) мебошад. Ӯ мегӯяд, мо кӯшиш бар он дорем, ки кӯдакон тарбияи хуб дида, оянда битавонанд баҳри Ватани худ хидмати сазовор анҷом диҳанд. Ба андешаи ӯ, мушкили асосии кӯдакон дар замони кунунӣ нозпарвар кардани онҳо аз тарафи волидон мебошад. Волидон ҳам ба фарзандони худ камаҳамият ҳастанд ва ҳам аз ҳад зиёд кӯдаконашонро нозпарвар мекунанд, ки наметавон бо ин роҳ ба кӯдак тарбияи дуруст дод.
Дер шир додани модар, зуд рӯйи даст нагирифтан, умуман, ҳар гуна майлу рағбати кӯдакро дарҳол қонеъ накардан боиси хашму ранҷиши ӯ мегардад. Ин ҳолат чандин сол давом карда, ба одати бад табдил меёбад.
Чунин вазъият то фаро расидани давраи тарбияи маърифатӣ (тақрибан аз 5-солагӣ сурат мегирад), ки «табиати дуюм» низ ҳисоб меёбад, давом мекунад. Ба ибораи дигар, кӯдак табиатан ҳеҷ майлу хоҳиши ба касе чизе додан, бахшиш кардан надорад.
Волидону мураббиёнро зарур аст, ки ба кӯдакон, ки дунёи хоси худро доранд, вобаста ба хислаташон муносибат намоянд ва роҳи дурустро барои тақвият бахшидани зеҳни онҳо ва амалӣ шудани мақсадҳояшон нишон бидиҳанд.
Гулнигор Диловарова 28 сол мешавад, ки ба кӯдакон сабақ меомӯзонад. Ӯ корро аз гурӯҳи хурд сар кардааст ва айни ҳол мураббияи гурӯҳи омодагӣ ба мактаб аст. Номбурда ёдовар шуд, ки тарбия намудани кӯдакони синни томактабӣ дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон, муқаддасоти кишвар, оила ва ҷомеа, инчунин, муносибати бошуурона, ба муҳити зист ва ҳифзи он дар меҳвари фаъолияташ қарор дорад.
Дар марҳалаи томактабӣ сабзиши ҷисмонии кӯдак бисёр босуръат аст. Ақидаи баробар инкишоф ёфтани организм ва психологияи кӯдак дуруст нест. Ҳарчанд ки инкишофи онҳо ба якдигар вобастагӣ дорад, вале вобаста ба шароити иҷтимоӣ, муҳити зист, тарзу вусъати тарбия яке суст ва дигаре пеш рафта метавонад.

Салима Мусоева,
«Омӯзгор»