ГУФТУГӮ ДАР МАВЗУИ МУҲИММИ РӮЗ

Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Китобхонаи миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ – омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон» бо иштироки васеи намояндагони соҳаи илму маориф, Маҷлиси намояндагон, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ дар мавзуи роҳҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» суханронӣ намуда, гуфт, ки иҷрои ин қонун вазифаи тамоми шаҳрвандони кишвар аст. Номбурда пешниҳод кард, ки ин ҳуҷҷати муҳим бо теъдоди зиёд нашр шуда, пешкаши аҳолӣ гардад.
Ин нуктаҳо дар суханрони-ҳои намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадшариф Одиназода ва Ҳотамшо Ҳасанзода низ таъкид шуданд. Онҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯз – «Усулҳои пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» ва «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2024» андешаронӣ карданд.
Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Одинаев ва намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зилола Икромова доир ба роҳҳои пешгирии гаравидани кӯдакону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар пешгирии савдои одамон бо овардани чанд далелу арқом андешаҳои хешро иброз доштанд.
Дар фарҷом вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки тарбияи одамони донишвару ватандӯст, соҳибэҳтирому ҳунарманд, боҳушу ботадбир вазифаи ҷонии мактабу маориф мебошад. Ҳамин аст, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат инкишофи мунтазами соҳаи маориф, қадру манзилати омӯзгор аз фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон аз вазифаҳои афзалиятнок дониста шудааст.
Иштирокдорони конференсия атрофи масъалаҳои дигари марбут ба мавзуи матраҳгардида андешаҳои хешро баён доштанд.