ҲАМОИШИ ИЛМӢ: ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАС ВА ОИНЕ АЗ ВАТАНДОРИСТ

Имрӯз дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Ҳифзи Ватан қарзи муқаддас ва оине аз ватандорист” баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва устодони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш, нахуст, вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, қайд кард, ки Артиши миллӣ сипари боэтимоди давлату миллат ба шумор рафта, дар таъсиси ва ташаккули он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Дар идома Раҳим Саидзода афзуд, ки имрӯзҳо дар 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд, ки дар онҳо мутахассисони соҳаи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Сипас, маърӯзаи муовини сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қосимов Ҳасан дар мавзуи “Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар” ва мудири кафедраи таҳсилоти касбии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Одинаев Абдусаттор дар мавзуи “Тақвияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас — талаботи замон” шунида шуд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон