ТАВАҶҶУҲИ РӮЗАФЗУН БА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Дар Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, воқеъ дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 бо намояндагони беш аз 20 расонаи вилоятиву ҷумҳуривӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ М. Шарифзода ба аҳли қалам вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот дода, зикр намуд, ки соли 2022 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-умин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ соли неку хотирмон, таърихиву фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад.
Давоми соли 2022 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷӯёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. 13 нафар донишҷӯи эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд.
Айни замон бунёд ва азнавсозии иншооти сохт-монаш нотамоми маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дошта, ҳамзамон, раёсати донишгоҳ сохт-мони бинои иқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон, ки ҷиҳати оғози сохтмони он санаи 15 ноябри соли равон Пешвои муаззами миллат санги асос гузоштанд, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба ректори донишгоҳ доир ба базаи моддию техникии донишгоҳ, фаъолияти Парки технологӣ, ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, дастгирии донишҷӯёни ғолиб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бунёди бинои истиқоматӣ барои кормандону устодон ва хобгоҳ барои донишҷӯён, таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.