ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, ҷамоати шаҳраки Палос вобаста ба пешгирии ворид шудани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию ғайриқонунӣ ва пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб мулоқоти роҳбарияти шаҳри Бӯстон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати шаҳраки Палос баргузор гардид.
Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ перомуни вазъи печидаи ҳассосу мураккаби замони муосир ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди муқовимат бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа ибрози андеша карда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ, умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: суруди миллӣ, парчам ва нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ-сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Шарқ арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Суҳроб Рустамзода — мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ андешаронӣ намуд.
Баъдан Шуҷоат Ҳасанова — собиқадори хидмати давлатӣ вобаста ба ҳеҷ робитае надоштани терроризму экстремизм ба дини мубини ислом ва бо истифода аз таҷрибаи корӣ андешаҳои хешро баён дошт.

Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”