ОБ АГАР САД ПОРА ГАРДАД…

Соли гузашта телевизиони Қазоқистон дар бораи Ҷӯрабой Зокирҷонзода (Зокирҷонов) барномаи махсусе таҳия карда буд. Дар ин барнома дар хусуси он сухан мерафт, ки дар Қазоқистон дар қатори дигар миллатҳо намояндагони миллати тоҷик низ дӯстона зиндагӣ мекунанд. Яке аз онҳо устод Ҷӯрабой Зокирҷонзода мебошад, ки солҳои тӯлонӣ ба таълиму тарбияи шогирдон машғул гардидааст.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, дар Қазоқистон тахминан 45 000 нафар тоҷик зиндагӣ мекунад. Онҳо, асосан, дар ноҳияҳои Сариағоч ва Чордараи вилояти Туркистон ҳаёт ба сар мебаранд.Тоҷикони ноҳияи Сариағоч аслан аз ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд мебошанд. То соли 1950 ин ноҳия ба вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ (баъдан Шимкент, ҳоло Туркистон) дохил буд, баъд ба тобеияти вилояти Тошканд гузашт. Дертар аҳолии деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Бӯстонлиқ барои аз худ кардани заминҳои нав ба ноҳияи Сариағочи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ кӯчонида шуданд.
— Тоҷикон дар деҳаҳои кӯҳистони ноҳияи Бӯстонлиқ зиндагӣ мекарданд. Гарчанд дар ин деҳаҳо дар зимистон зиндагӣ бисёр сахт буд, баҳору тобистон ва тирамоҳаш чун биҳишт буд, – нақл мекунад устод Ҷӯрабой-бобо.
— Мардуми мо аз рӯзҳои аввали зиндагӣ талош карданд, то ин ки фарзандонамон дар мактаб бо забони модарӣ таҳсил кунанд. Ниҳоят, дар мактаби миёнаи ба номи А.С.Макаренко синфҳои тоҷикӣ таъсис ёфтанд ва фарзандони мо дар мактаб бо забони модарӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Мардум дар ин ҷо ҳам бо кишту кор ва боғбонӣ машғул шуданд. Дар натиҷа деҳаҳои тоҷикнишини мо, ки номҳои Илич, Янгиариқ, Навобод, Иттифоқро доштанд, оҳиста-оҳиста обод мешуданд. Барои он ки фарзандонамон ба забони модарӣ ва миллати хеш эҳтиром дошта бошанд, мо онҳоро барои таҳсил ба Тоҷикистон мефиристодем. Таҳҷоиён аз заҳматкаш ва бофарҳанг будани мардуми мо ба ҳайрат омада, ба мо эҳтироми хос пайдо карданд.
Устод Ҷӯрабой Зокирҷонзода дар мактаб аз забони модарӣ ва адабиёт ба мо дарс медод. Бо шарофати устод мо бо забону фарҳанги хеш меҳру муҳаббати зиёд пайдо кардем. Он кас шеърҳои шоирони адабиёти форс-тоҷикро бо як муҳаббати зиёд қироат мекард, ки дар натиҷа ҳам устод, ҳам мо, ҳам шогирдон аз ин як дунё лаззат мебурдем. Он кас ба мо аҳаммият ва нақши адабиёти тоҷикро дар инкишофи тамаддуни адабиёти ҷаҳон ва Тоҷикистони азиз бо меҳру муҳаббати хоса нақл мекард, ки дар натиҷа мо нисбат ба Тоҷикистон низ ҳамчун Ватан муҳаббат пайдо кардем, зеро шоир дуруст фармудааст:
Гар ба зоҳир аз ту дурам, дур
фаҳмидан хатост,
Об агар сад пора гардад, боз бо
ҳам ошност.
— Соли 1961 ман ба шаҳри Душанбе рафта, ба шуъбаи ғоибонаи факултаи таърих ва филологияи тоҷик дохил шудам. Аз соли 1962 бо фармони шуъбаи маорифи ноҳияи Сариағоч ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи ба номи А.С. Макаренко (ҳоло А. Ясавӣ) корро шуруъ кардам. Дар ин мактаб ман ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик 37 сол кор кардам. Ҳам дар мактаби рӯзона, ҳам дар мактаби шабона аз ин фан дарс медодам. Дар мактаб бо ташкили чорабиниҳои мактабӣ (шабҳои адабӣ, маҳфили фаннӣ, конференсияҳо…) кӯшиш мекардам, ки хонандагон ба забони модарӣ меҳру муҳаббат дошта бошанд. Ман раҳбари иттиҳодияи методии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти қазоқ ва таъриху географияи мактаб будам. Усул ва методи таълимии ман дар шуъбаи маорифи ноҳия маъқул дониста шуда, соли 1986 сазовори Ифтихорномаи фахрии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон шудам. Якчанд бор Ифтихорномаи Маркази фарҳангии тоҷикон, соли 2010 Ифтихорномаи Президенти Ассотсиатсияи Сомониён, соли 1998 бошад, ба гирифтани унвони “Омӯзгори категорияи олӣ” ва “Устоди хидматнишондодаи ноҳияи Сариағоч” мушарраф гардидам, -нақл мекунад устод.
Бо ташаббуси устод Ҷӯрабой Зокирҷонзода ва дигар равшанфикрон дар ноҳияи Сариағоч Маркази фарҳангӣ-миллии тоҷикон кушода шуд, ки мақсади асосии он тоза нигаҳ доштани забони модарӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба забони модарию миллати хеш буд. Бо кӯшишу талоши устод ва дигар равшанфикрони тоҷик ба фарзандони тоҷикони вилояти Туркистон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳар сол квота дода мешавад.
Дар барномаи телевизионие, ки ба фаъолияти педагогии устод Ҷӯрабой Зокирҷонзода бахшида шуда буд, устод зимни суҳбат гуфтанд, ки тоҷикон мардуми беруна (бегона) не, балки бумӣ мебошанд. Авлоди мо зиёда аз ҳазор сол дар деҳаҳои кӯҳистони ноҳияи Бӯстонлиқ зиндагӣ мекарданд. Баъд аз инқилоби соли 1917 ин ноҳия ба ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон дохил карда шуд ва дар солҳои 50-ум ба ҳудуди Ӯзбекистон гузашт…
Устод Ҷӯрабой Зокирҷонзода, ки ба наздикӣ ба синни 85 қадам гузошт, дар тӯли умраш доимо дар хидмати мардум ва Ватан буд.Ба ғайр аз вазифаи муаллимӣ, дар корҳои ободонии маҳалла ва ноҳия фаъол буду ҳаст.
Меҳру муҳаббати устод ба падараш намунаи ибрат барои ҷавонони имрӯз мебошад. Вақте ки падари устод Зокирҷонбобо ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рафт, устод ҳамагӣ панҷсола буд. Зокирҷонбобо аз ҷанг барнагашт ва ҳатто дар бораи дар куҷо ҳалок шуданаш ҳам ҳеҷ маълумот набуд. Устод баъд аз хатми донишгоҳ дар тӯли зиёда аз 50 сол қабри падарашро ҷуст. Ҳеҷ як идораи Россия намонд, ки бо нома муроҷиат накарда бошад. Ниҳоят соли 2015, яъне баъд аз 72 соли вафоти падар (Зокирҷонбобо дар соли 1943, дар муҳорибаи деҳаи Пугачёвои назди шаҳри Зубтсовои вилояти Твер ҳалок шуда буд) бо кумаки ҷиянаш Шосаид (писари хоҳараш Рухсатгулапа) қабри Зокирҷонбоборо, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалок шуда буд, пайдо кард. Мири шаҳри Зубтсов дар вақти кушодани маҷмааи ёдбуди қаҳрамонон ба аскарони ҳалокшуда, шахсан устод ва хоҳарашон Рухсатгулапаро даъват намуда буд.
Новобаста ба он ки синни устод аз 85 гузаштааст, аммо хотираи ӯ ҳоло ҳам қавист. Ба фикрам, ин натиҷаи бисёр аз ёд донистани шеър ва мунтазам мутолиа кардани китоб мебошад. Яке аз бартариҳои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои тоҷикӣ хонандагонро ба зиёд аз ёд кардани шеър ҳавасманд кардан аст. Устод ду-се сол пеш ба ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд омада буд ва зимни суҳбат дар бораи таърихи деҳаҳои ноҳияи Бӯстонлиқ нақл мекард, ки ҳозирон ба ҳайрат омада буданд. Устод на фақат таърихи маҳалҳои тоҷикнишини ноҳияи Бӯстонлиқ, балки таърихи маҳалҳои ӯзбекнишин, қазоқнишин ва қирғизнишини ноҳия, ҳатто зиндагиномаи авлоди гузаштаи ин маҳалҳоро ҳам хуб медонанд. Дар бораи таърихи тоҷикони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ва ноҳияи Сариағочи вилояти Туркистон як рисола бо номи “Таърихнома” ҳам таълиф гардидааст.
Вай бо ҳамсараш Саодат 10 фарзандро ба воя расонидаанду соҳиби 35 набераву 9 абера мебошанд. Аксарияти фарзандон ва набераҳо донишгоҳро дар Тоҷикистон хатм намудаанд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кор мекунанд.
Содирҷон ТОЛИБЗОДА,
ҳуқуқшинос,
шаҳри Тошканд