МОДЕЛҲОИ ИДОРАКУНӢ ВА ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ

Рушди маориф ба маблағгузории он вобастагии зиёд дорад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса дорад.
Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як шахс ҳуқуқи маълумот гирифтанро дорад. Маълумоти умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад. Давлат маълумоти умумии асосии ҳатмиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ба таври ройгон кафолат медиҳад.
Мувофиқи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» бунёди хароҷоти давлатӣ барои маориф ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл, усул ва воситаҳои фаъолият, меъёрҳои минималии давлатии стандартҳои иҷтимоии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои расонидани хизматрасониҳои таълимӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, асос меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ эълон шудааст ва сиёсати он ба фароҳам овардани шароите нигаронида шудааст, ки зиндагии шоистаи инсонро таъмин намояд.
Вобаста ба ин, дар шароити муосир нақши маориф чандин баробар афзун гашта, дар назди он талаботи нав ба нав гузошта мешавад, чунки маориф омили асосии некуаҳволии аҳли ҷомеа мебошад.
Дараҷаи амалӣ кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот, имконияти аз ҷониби онҳо гирифтани таҳсилоти босифат омилҳои асосии муайянкунандаи сатҳи рушди ҷомеа мебошанд.
Аз ин рӯ, муайян кардани имконоти маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетии низоми маориф муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти раванди маблағгузорӣ ва такмил додани соҳаро тақозо мекунад.
Се модели молиявию иқтисодии таҳсилот дар кишварҳои Ғарб барқарор гаштааст.
А. Модели молиявию иқ-тисодии таҳсилоти ба бозори озод нигаронидашуда. Асоси назарияи ин моделро неолиберализм ташкил медиҳад, ки асосгузори он М. Фридман мебошад.
Сиёсати неолибералӣ аз тарафи давлат кам кардани хароҷоти таҳсилоти олӣ ва ба ихтиёри бозор додани таҳсилоти олиро тарафдорӣ мекунад.
Тибқи ин модел, танҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд барои ҳама ройгон бошад.
Тарафдорони модели мавриди назар зарурати маҳдуд кардани хароҷоти давлатӣ ва тавсиаи ҷалби захираҳои молиявии худи донишҷӯёнро асоснок мекунанд.
Модели молиявию иқти-содии таҳсилоти ба бозори озод нигаронидашуда
Дар айни замон, ин назария аз ду навъ иборат мебошад. Дар аксарияти давлатҳои тараққикарда (масалан, ИМА, Япония, Австрия) маблағгузории буҷет бо афзоиши ҳаҷми даромади худи муассисаҳои таълимӣ тамоман кам намешавад. Танҳо суръати афзоиши маблағҳои буҷетӣ нисбат ба суръати афзоиши шумораи донишҷӯён коҳиш меёбад, аммо дар ифодаи мутлақ маблағгузории буҷетии соҳаи маориф дар аксарияти кишварҳо тамоюли афзоиши устувор дорад.
Б. Модели молиявию иқтисодии таҳсилоти ба принсипҳои бозори давлатӣ асосёфта.
Асоси назарияи ин модел консепсияи ба ном «капитализми башардӯстона» ё давлати фаъол мебошад, ки онро Ҷ.Шумпетер, Х.Майер таҳия кардаанд.
Ин модел аз ҷониби чунин давлатҳое, мисли Британияи Кабир, Испания, Италия дастгирӣ карда мешавад.
Ин модел ба тадриҷан кам кардани маблағгузории давлатӣ (на ба ҳисоби мутлақ, балки ба ҳисоби ҳар як таълимгиранда), дар баробари якбора зиёд кардани ҳиссаи маблағгузории хусусӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби худи истеъмолкунандагон нигаронида шудааст.
В. Модели молиявию иқтисодии таҳсилот, ки аз нақши асосии давлат дар маблағгузории маориф бармеояд.
Ин модели зиддибозорӣ ба роҳ надодан ба муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи маориф нигаронида шудааст ва пешниҳод менамояд, ки маориф бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин кунад ва зери нигоҳбонии тамоми ҷомеа бошад, инчунин, аз ҳама гуна таъсири бартарӣ доштани тиҷорати калон озод бошад.
Барои минбаъд ҳам инкишоф додани некуаҳволии ҷамъиятӣ давлат бояд барои бо маблағи зарурӣ таъмин намудани маориф, зиёд кардани хароҷоти давлат ба маориф аз ҳисоби баланд бардоштани дараҷаи андозбандӣ, дар навбати аввал аз сохторҳои корпоративӣ тамоми масъулиятро ба зимма гирад.
Мақсад аз истифода кардани моделҳои дар боло овардашуда, баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад, ки дар натиҷа сабаби рушди сармояи инсонӣ мешавад.

Сироҷиддин ГУРЕЗОВ,
номзади илми иқтисодӣ,
омӯзгори ДДОТ ба номи
Садриддин Айнӣ