ҶАВОНОН – ҲОМИЁНИ ВАТАН

Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бузургтарин дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсию низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд».
Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд. Бо вуҷуди ҳама норасоию мушкилоти он замон, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанг таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хидматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарор кардани сохти давлати конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи Қонун “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаи Артиши миллии кишвар пешгирӣ кардани ҳамлаи душман ва шикаст додани он ва ҳифзи фазои ҳавоии давлат, муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ, ташкилу пешбурди мудофиавии ҳудудии давлат ва инчунин иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд, иборат мебошад. Ҳар як ҷавонмарди кишварро мебояд содиқонаву софдилона ба Ватану модар хидмат намояд, зеро ояндаи зиндагии орому осудаи мардум дар дасти ҷавонони имрӯз аст. Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ садҳо ҷавон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хидмат мекунанд. Дар ин муддат ҳомиёни Ватанро дар рӯҳияи ватандӯстию инсонгароӣ, мардонагию шуҷоат, адолатнокию қавииродагӣ тарбия намуда, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти кишвар равона месозанд. Сол аз сол шароит барои хидматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату ҳукумат беҳтар гардида истодааст. Сафарҳои кории Президенти ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки бештар бо боздид аз қисмҳои ҳарбӣ оғоз меёбад, худ гувоҳи ғамхории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозону афсарон мебошад. Шароити будубоши онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои маҳбубамон қарор дорад.
Имрӯз, хушбахтона, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва шароит барои баргузор кардани машқҳои ҳарбӣ фароҳам омадааст, ки дар натиҷа ҳар ҷавон дар вақти хидмати ҳарбӣ бо донишу малакаи дар мактаби миёна ба дастовардааш метавонад душвориҳоеро ки дар рафти хизмат ба онҳо мувоҷеҳ мегардад, устуворона бартараф карда, хидмати Ватанро бо сарбаландӣ ба анҷом бирасонад.
Бояд гуфт, ки барои насли наврас муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату нотарсию мардонагӣ омӯхта, дарк менамоянд, ки муқаддастарин арзиши зиндагӣ дӯст доштани Ватан — модар аст, ки оғозаш аз домони модар мебошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати модару падар ва хоки муқаддаси ниёгони обрӯманди мо аст.Ҷавонони мо бояд аз аҷдоди фарҳехтаи худ ва соҳиби давлати соҳибистиқлол будан ифтихор намоянд.
Омӯзгорони мактаб бояд ба насли наврас аз ояндаи дурахшон аз қаҳрамониҳои ниёгон ва навгониҳои илму фарҳанг суҳбат намоянд ва ҳамчунин, барояшон хондани китобҳоеро, ки ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар қалби онҳо шуълавар мегардонад,тавсия бидиҳанд.
Ҷавононе, ки аз хидмати ҳарбӣ ба ҳар баҳона саркашӣ мекунанд, онҳо аслан ватану модари худро эҳтиром намекунанд. Ҷавонони кишвари соҳибистилоли моро мебояд, ки ҳамеша ба хидмати Ватан омода бошанд ва собит созанд, ки ҳомиёни боэътимоди марзу буми аҷдодиянд.

Гулбарги Камолиддин,
гирандаи стипендияи Президентӣ,
ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”