УСУЛҲОИ САМАРАБАХШИ ТАЪЛИМРО ИСТИФОДА КУНЕМ

Замони муосир аз омӯзгор тақозо мекунад, ки дар раванди машғулиятҳо аз усулу шеваҳои нави таълимӣ ба таври самарабахш истифода намуда, бо ин роҳ дарсро шавқовару рангин баргузор намояд. Бо шаклу тарзҳои қолабию якранг ба роҳ мондани машғулиятҳо завқи хонандаро ба омӯзишу аз худ кардани мавзуъҳои таълимӣ коста гардонида, ба паст шудани сатҳу сифат ва камсамар гардидани моҳияти машғулиятҳо боис мешавад.
Аз ин рӯ, корбурди усул ё методҳои интерактивӣ ба ҷолибу таваҷҷуҳбарангез гузаштани машғулиятҳо мусоидат карда, дар зеҳни хонанда шавқи донишомӯзӣ, ба таври самаранок аз худ кардани маводи таълимӣ, маҳорату малакаҳои фикрронию таҳлил карданро рушду такомул мебахшад. Усулҳои интерактивӣ гуногун буда, ба онҳо бозиҳои дидактикӣ, дарс-мусоҳиба, саволу ҷавоб, таълими проблемавӣ, супориши эҷодӣ, кор дар гурӯҳҳои камшумор, баҳсу мунозира ва ғайра мешаванд. Бозӣ шакли паҳншудатарину шавқовари дарсӣ буда, ба таъкиди олимон-педагогҳо ба гурӯҳҳои зер ҷудо мешаванд: бозиҳои лексикӣ, бозиҳои грамматикӣ, бози-ҳои фонетикӣ, бозиҳои орфографӣ ва бозиҳои эҷодӣ. Усули мубоҳиса ба шакли шифоҳӣ сурат гирифта, фикру ақидаи шогирдонро дар хусуси мавзуи дарсӣ дар бар мегирад. Дар усули мубоҳиса омӯзгор вазифаи раҳнаморо иҷро намуда, асосан хонандагон фаъолу кӯшо мебошанд. Онҳо озодона фикру мулоҳизаи худро баён карда, ҳамзамон, хатоҳои рафиқонашонро ислоҳ ва посухҳои саҳеҳро пешниҳод мекунанд. Дар дарс-мубоҳиса на танҳо нафарони алоҳида фикрашонро баён мекунанд, балки имкон дорад, ки синф ба гурӯҳҳо ҷудо ва бо пешниҳоди савол аз ҷониби омӯзгор барои посухи дуруст байни гурӯҳҳо сабқат ба роҳ монда мешавад. Дар ҳар сурат, усули интерактивӣ шакл ё навъҳои гуногуни ҳамкориро дар бар мегирад. Ба ҳавасмандии шахсии хонандагон, таҷрибаву дониш асос ёфта, робитаи фаъоли ҷонибҳо-муаллиму хонандагон ва байни хонандагонро таъмин менамояд. Албатта, истифодаи усулҳои фаъоли таълим бе васоити аёнӣ самараи дилхоҳ дода наметавонад. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор ҳангоми баргузории машғулиятҳои таълимӣ бо мақсади бедор намудани шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи шогирдон ба дарс бояд аз васоити гуногуни аёнӣ, аз ҷумла, технологияи навин ба таври мақсаднок истифода кунад. Истифодаи методу усулҳои мухталифи таълимӣ, бешубҳа, ба маҳорату қобилияти омӯзгор вобаста аст. Омӯзгороне ҳастанд, ки машғулиятҳоро дар синфҳои ибтидоӣ аз истифодаи варақҳои супоришӣ оғоз мекунанд, гурӯҳи дигар бо пешниҳоди суратҳои шавқовар раванди дарсро ташкил ва ба таври шифоҳӣ дар бораи муҳтавои расмҳо нақл менамоянд, иддае бевосита тариқи тахтаи электронӣ ба тавзеҳу тафсири мавзуъ мегузаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи васоити техникӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ самаранокии дарсро таъмин намуда, ба муаллим имкон фароҳам меорад, ки вақтро сарфа кунад.
Намунаҳои дарсҳои интерактивӣ, яъне ғайри-муқаррарӣ гуногунанд, аз қабили дарс-семинар, дарс-бозӣ, дарс-мусоҳиба, дарс-лексия, дарси эҷодӣ, дарси омехта ва амсоли инҳо. Дарс ва машғулиятҳо бо истифода аз усулҳои интерактивӣ аз омӯзгор тайёрӣ ва заҳмати зиёдеро талаб менамояд. Дар маҷмуъ, хонандагон дар машғулиятҳо бояд фаъол бошанд, афкори ҳамдигарро эҳтиром кунанд, нисбат ба ҳамдигар назари нек дошта бошанд, дақиқназару масъул буда, барои баҳс омода бошанд. Кӯшиш кунанд, ки ҳақиқатро ошкор созанд, вақти ба онҳо ҷудокардашударо сарфакорона истифода баранд.

Тоҷиниссо Набиева,
омӯзгори МТМУ №63,
ноҳияи Шоҳмансур