БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРӢ АМАЛӢ МЕШАВАД

— Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ), тибқи ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 (НТҶ аз 29 сентябри соли 2017, № 456) ва Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 59 муассисаи таълимии кишвар дар ду самт озмоиши ғизои мактаббачагонро оғоз намуд (42 мактаб бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва 17 мактаб бо маблағгузории БОҶ), — изҳор дошт сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Музаффарзода ва афзуд, ки мутобиқи ҳадафҳои Барномаи миллии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №20 тасдиқ шудааст, аз 30 декабри соли 2021, № 553 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани ғизо барои мактаббачагон ба маблағи умумии 5,497,800.00 сомонӣ (барои синфҳои аз 1 то 4) дар 42 мактаби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тасдиқ гардид: 16 мактаб дар вилояти Хатлон, 10 мактаб дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 12 дар вилояти Суғд ва 4 дар ВМКБ.
Илова бар ин, моҳи декабри соли 2021 Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) оид ба ҷудо намудани маблағ барои ғизои мактабӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1 то 4) дар 17 муассисаи таълимии озмоишии кишвар ба имзо расид: 6 мактаб дар НТҶ, 4 мактаб дар Хатлон, 4 мактаб дар Суғд ва 3 мактаб дар ВМКБ
Тибқи созишнома, БОҶ дар моҳи сентябри соли 2022 барои татбиқи барномаи ғизои мактаббачагон ба суратҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1, 792,529 сомонӣ маблағ интиқол додааст. Дар давраи аз моҳи сентябр то декабр Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи 17 муассисаи таълимии таҷрибавӣ шартнома бастааст.
Тибқи расмиёти молиявӣ ва талаботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз муассисаҳои зикргардида ҳуҷҷатҳои молиявии зарурӣ ҷамъоварӣ карда шуда, то имрӯз ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои ҷудогардида интиқол дода шуданд. Вазорати маориф ва илми ҶТ интиқол ва таъмини маблағҳоро пайгирӣ карда, ба муассисаҳо кумаки техникӣ барои саривақт оғоз ва татбиқи барномаи озмоиширо ба нақша гирифтааст.
Дар давоми соли 2022 аз ҷониби мутахассисони Раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Буҷети давлатӣ барои соли 2022” (банди 17, замимаи 4, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №553) якчанд бор санҷишҳои мониторингӣ ба роҳ монда шудаанд.
Зимни боздид аз раёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва вилоятҳои пилотӣ, рафти иҷрои қарори зикршуда арзёбӣ гардида, ба мутахассисони маҳаллӣ дар ташкили хӯроки мактабӣ, аз ҷумла, қоидаҳои баргузории тендерҳо оид ба хариди озуқаворӣ ва сари вақт гирифтани маблағ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак расонида шудааст.
Бо мақсади мониторинг ва арзёбии дохилӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба татбиқи маблағҳо аз 42 муассисаи пилотӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Дар асоси маълумоти ҷамъшуда ва натиҷаҳои мониторинг Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи барномаҳои хӯроки мактабӣ барои моҳҳои сентябр-ноябри соли 2022 таҳлил карда шуд.
Дар давоми моҳҳои сентябр –декабри соли 2022 бо мусоидати фаъолонаи мутахассисони Раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илм, Вазорати молия ва шуъбаҳои он 21 (50%) мактабҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи умумии 2,3,10,980,00 сомонӣ таъмин гардидаанд, ки ин 42% маблағи тасдиқкардаи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи тақсимоти минтақаҳо хӯроки мактаббачагон дар ВМКБ 100%, марказ 0% дар вилояти Хатлон 62% ва дар ноҳияҳои тобеи марказ иҷро шудааст. Дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда, мутаассифона, иҷро нашудааст.
Ба 14 муассиса тибқи маълумоти раёсат ва шуъбаҳои маориф танҳо аз аввали соли 2023 маблағ ҷудо карда мешавад, ки сабаби асосӣ набудани маблағи буҷетӣ дар соли 2022 мебошад (махсусан, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ).
Истифодаи маблағи ҷудошуда дар 21 муассисаи мактабӣ суст буда, ҳамагӣ 36 фоизро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин масъала пешсаф буда, вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ саҳлангорӣ мекунанд.
Яке аз сабабҳои асосӣ аз рӯи натиҷаҳои мониторинг, таҷриба ва малака надоштани директорон ва муҳосибони мактабҳо мебошад.
Дар раёсату шуъбаҳои маориф, бахусус, дар НТМ ва вилояти Суғд аз кор рафтани мутахассисон (иқтисодчиён, муҳосибон) ба назар мерасад, ки ин ба саривақт ҷудо намудан ва иҷрои маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.
Мутобиқи тартибе, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, аз лаҳзаи ворид шудани маблағ ба суратҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба гузаронидани маблағ ба суратҳисоби муассисаҳои таълимӣ бояд на камтар аз 30 рӯз ба назар гирифта шавад (таҳия ва тасдиқи смета аз ҷониби ҳар ду вазорат, пешниҳод ба Хазина ва аз Хазина маблағ ба шуъбаҳои молияи ноҳияву шаҳрӣ инчунин, барои аз ҷониби мактабҳо пешниҳод кардани сметаҳо бояд вақти иловагӣ ҷудо карда шавад.
Таҷриба нишон дод, ки дар марҳалаи қабули сметаҳо аз мактабҳо ва ба шуъбаҳои молия пешниҳод кардани онҳо вақти зиёд сарф мешавад, ки сабаби асосӣ набудани таҷрибаи директорони мактабҳои пилотӣ мебошад.
Дар буҷетҳои пилотӣ маблағи комиссияҳои бонкӣ ба назар гирифта нашудааст. Дар оянда бояд ба андозаи 0,05% маблағи умумии хидматрасонии бонкӣ низ дохил карда шавад.

Шодӣ Раҷабзод,
“Омӯзгор”