ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз бахшҳои муҳимми тарбия буда, дар низоми давлатдории кишвари соҳибистиқлоли мо мақоми махсусро ишғол мекунад.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин таъкид шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар боиси ба тавсиб расидани як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар ин самт гаштааст. Аз ҷумла, 24-уми декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул карда шуд, ки меҳвари онро тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хидмати софдилонаву содиқона ба Ватан, ифтихор аз гузаштагон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талош баҳри ояндаи дурахшони кишвар ва некуаҳволии мардум ташкил медиҳад. Қонуни мазкур ба самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон равона шуда, тамоми шаҳрвандони мамлакатро новобаста ба синну сол, касбу кор, мансубияти қавмию динӣ, нажод водор мекунад, ки дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии худ ташаббусу фаъолияти созанда зоҳир намоянд, Ватани хешро дӯст доранд ва барои ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошанд.
Қабули қонуни мазкур, хусусан, дар шароити авҷгирии зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, хурофотпарастӣ, терроризму экстремизм, гаравиш ба бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромилию байналмилалӣ талаби замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иқдомеро зери унвони «Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ» мавриди амал қарор додааст.
Барои дар амал татбиқ намудани ин иқдом нақша ва барномаи махсус таҳия гардидааст. Дар асоси ин барнома то имрӯз як қатор корҳо ба сомон расидааст. Аз ҷумла, дар раванди баргузории дарсҳои тарбиявии хонандагони литсейи назди муассиса ва гурӯҳҳои академӣ барои суҳбату мулоқот собиқадорони ҷангу кор, хантмкунандагоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат доранд, даъват карда мешаванд. Ҳамзамон дар дохил ва берун аз саҳни донишгоҳ аксияҳои «Шаҳрамонро тозаву озода нигоҳ медорем» ҷараён меёбанд. Аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён боздид намуда, ба шароити зисту хидмати хизматчиён, сарбозон ошно шуда, барномаҳои ҳунарӣ пешкаш мекунанд. Инчунин, ба аёдати собиқадорони ҷангу кор рафта, ба онҳо мадади моддӣ мерасонанд. Чунин чорабиниҳо дар баланд гаштани эҳсоси ватандӯстӣ ва меҳанпарастии донишҷӯён метавонанд таъсири калони созандае боқӣ гузоранд.
Яке аз иқдомҳои муҳимме, ки ҷиҳати боло рафтани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён мегардад, бедорсозии эҳсоси ватандӯстӣ ва хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли таҳсили 2021-2022 зиёда аз 300 нафар донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, айни ҳол сарбаландона хидмати Модар-Ватанро адо менамоянд.
Имрӯз омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму ҳунар бо ин дастпарварони хеш меболанд.
Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 феврали соли равон дар қисми ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ноҳияи Кӯшониён) меҳмонон аз намоишгоҳи аслиҳа ва дигар муҳиммоти қисми ҳарбии мазкур дидан намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хосса, наврасону ҷавонон марҳала ба марҳала тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро фароҳам меоварад. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавону навраси кишвар эҳсоси ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, онҳо қабл аз ҳама, бояд аз забон, таърих ва фарҳанги ғанию арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд.
Дар донишгоҳ як қатор озмунҳо, аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷиҳати дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон, тақвият додани донишу малака ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ баргузор мешавад. Дар донишгоҳ тамоми чораҳоро андешида мешаванд, ки донишҷӯён донишҳои муосири замонавиро аз худ карда, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳову барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат банданд. Ватан ва ҳифзи марзу буми он барои ҳар яки мо вазифаи шаҳрвандӣ мебошад.
Таърихи пурбору ғании миллати бостонии мо саршор аз қаҳрамонию далерист ва ворисони ин тамаддунро лозим аст, ки ба он суннатҳои гузаштагонамон рӯ оварда, онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш татбиқ намоянд. Низомӣ будан маънои онро дорад, ки шахс ба уҳдадориҳои худ сахтгир бошад ва кӯшиш намояд, ки тамоми супоришҳои давлат ва Ҳукуматро бе чуну чаро иҷро кунад ва агар лозим шавад, ҷони худро барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон — Тоҷикистон нисор кунад. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони ғаюру далери мо комилан дар ин руҳия тарбия ёфтаанд ва хидмат ба Модар-Ватанро вазифаи ҷонии худ мешуморанд.

Давлатбек Қурбонов,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав