МУҲАҚҚИҚИ ШЕВАИ БАРТАНГӢ

Ин ҷавони баландболои резапайкари серғайрати тезҳушро баъди хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (он вақт Институти педагогии ба номи Т.Шевченко) соли 1955 комиссияи тақсими мутахассисони ҷавон барои кор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳхат дод.
Ҳамин тавр, фаъолияти омӯзгории Нодир Карамхудоев аз мактаби миёнаи ба номи М.С. Кирови шаҳри Хоруғ ба сифати муаллими забон ва адабиёт оғоз гардид. Зимни дар баробари истифодаи усулҳои анъанавии нақлу суҳбат, ҳамзамон, аз роҳу шеваҳои истифодаи баргаҳо (карточкаҳо), фаъол кардани донишҷӯён тавассути аёният, индуксияву дедуксия кор мегирифт. Чунин методҳо дар солҳои 50-и асри ХХ усулҳои пешрафтаи таълим маҳусб мешуданд. Дар тӯли солҳои 1952-1955 шогирдони Нодир Карамхудоев пайиҳам дар чанд озмуни шаҳрию вилоятӣ ғолиб омада, шаъну шарафи мактабро баланд бардоштанд ва соли 1955 аксари дов-талабони мактаб ба факултетҳои филологияи донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гардиданд.
Соли 1955 Нодир Карамхудоевро ба вазифаи нозири (методисти) мактабҳои шаҳри Хоруғ таъйин намуданд. Номбурда бо шавқи дучанд усулҳои нави таълим, тарзи муносибат ба хонанда, роҳҳои бедор намудани шавқи толибилмон ба дарс, омилҳои боло бурдани сифати таълимро ба омӯзгорони ҷавон шарҳу тавзеҳ медод.
Бо ҳидояти ходимони Идораи маорифи вилоят соли 1957 вай ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон супорида, соли 1960 онро хатм кард. Бо тавсияи роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ин боргоҳи илм ба кор омада, солҳои 1960-1968 ба сифати ходими илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон заҳмат кашид. Мавзуи пажуҳиши илмии номбурда ба вижагиҳои забони бартангӣ марбут буд. Дар яке аз мақолаҳои нахустин худ бо номи «Маълумот дар бораи асосҳои феъли забони бартангӣ ва қиёси он бо забони шуғнонӣ» (1963) зимни омӯзиши нозукиҳои забони бартангӣ Н.Каромхудоев ба хулоса омадааст, ки дар байни шклҳои феълии ҷинси мардона ва занона тафовутҳо ба мушоҳида мерасад. Муҳимтарин вижагии ин тафовутҳо дар вазифаи грамматикии феъл, бадал шудани овозҳо дида мешавад. Интишори маҷмуаи мақомот оид ба «Забонҳои помирӣ ва таърихи забони тоҷикӣ» (1963) дар байни забоншиносон баҳси гармеро ба миён овард ва маҷмуаи мазкур саҳифаи тоза дар илми забоншиносӣ эътироф гардид.
Нодир Карамхудоев соли 1965 бо ҳимояи рисолаи номзадӣ сарнавишти баъдии хударо ба илм пайваст. Чопи рисолаи илмии номбурда дар Ленинград (1965, ҳоло Санкт-Петербург) аз дастовардҳои дигари илми забоншиносии тоҷик ба шумор меояд. Рисола соли 1973 бо таҳриру такмил чун китоби мукаммал зери унвони «забони бартангӣ» (фонетика ва морфология) мунташир гардид. Он масъалаҳои муҳимми фонетикӣ, грамматикӣ ва синтаксисии забони бартангиро бо истифодаи мисолҳо дар бар гирифтааст.
Китоб дар таҳқиқи забонҳои помирӣ яке аз нахустин тадқиқоти бунёдӣ ва муаллифи он Нодир Карамхудоев чун олими нуктасанҷи забоншинос дар ҷодаи илм шинохта шудааст.
Фаъолияти баъдии олими забоншинос Нодир Карамхудоев ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ марбут аст. Солҳои 1968-1989 муаллими калон ва сипас чун дотсенти кафедраи забони тоҷикии ин боргоҳи маърифат ифои вазифа намудааст.
Нодир Карамхудоев яке аз нахустин ташаббускорони таъсиси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ва ба роҳ мондани таълими имлои он ва фанҳои «Маданияти сухан» ва «Хати ниёгон» мебошад.
Соли 1989 дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ низ кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ таъсис гардида ва роҳбарияти донишгоҳ забоншиноси шинохташуда ва олими варзида, инсони некашдеш Нодир Карамхудоевро ба сифати мудири кафедраи навтаъсис пешбарӣ намуд. Дар асоси озмун аз байни номзадҳо Нодир Карамхудоев аввалин мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ интихоб шуд.
Нодир Карамхудоев солҳои 1989-1995 дар ин вазифаи пурмасъулият кор кард. Дар ин давра аввалин барномаҳо ва дастурҳои таълимӣ, воситаҳои ёрирасони тадрис аз забони тоҷикӣ рӯи кор омаданд. Раванди таълим ҳамаҷониба ба атври мураттаб шакл гирифт, коллективи тифоқу ҳамдигарфаҳм нуфузи кафедраро дар донишгоҳ боло бурд.
Имрӯз ин олими нуктасанҷ, забоншиноси пуркор, омӯзгори соҳибэътибор ва инсони хоксор дар байни мо нест, вале корҳои мондагори ӯ аз лавҳи хотирҳо зудуда намешаванд. Номи Нодир Карамхудоев ва идомадиҳандагони роҳи ӯ дар таърихи кафедра ва донишгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Хуш ба ҳоли касе, ки сармояи пурқимати умрро сарфи корҳои нек кардааст, зеро некиро заволе нест…

Саидмуроди Хоҷазод,
доктори илмҳои филология, профессор