ИН ҶО МЕСОЗЕМ, ОН ҶО МЕСӮЗАНД!

Мусоҳиба бо Шамсия Ҷаъфарова, мудири кӯдакистони байналмилалии назди Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе
— Дар оғоз мегуфтед, ки кӯдакистоне, ки Шумо сарварӣ мекунед, кай таъсис ёфт ва аз дигар кӯдакистонҳои кишвар чӣ тафовут дорад?
— Кӯдакистони назди Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2014 бо дастури Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо мо кӯдаконро барои таҳсил дар мактаби байналмилалии Президентӣ барои хонандагони болаёқат омода месозем.
Фарқи кӯдакистони мо аз дигар кӯдакистонҳои кишвар дар он аст, ки ин ҷо тамоми машғулияту барномаҳо ба забони англисӣ ба роҳ монда мешавад. Машғулиятҳоро мураббияҳои донандаи забони англисӣ ба роҳ мемонанд.
— Дар ин кӯдакистон аз барномаву усулҳои дарсии кадом давлатҳои пешрафта истифода мебаред?
— Бештар мо аз барномаҳои таълимии Британияи Кабир истифода мекунем, ки хеле барои пешрафти кӯдак созгор аст, яъне мувофиқи онҳо кӯдак бояд дар боғча озод бошад. Дигар ин ки аз рӯи барномаи давлати мазкур кӯдак чизе, ки мехоҳад, бояд ҳамонро иҷро кунад. Дар Британияи Кабир аввал кӯдак аст, баъд тарбия. Барномаи томактабии давлатии мазкур ба он хотир аст, ки кӯдакон худро озод эҳсос намоянду зуд аз лиҳози зеҳнӣ рушд кунанд.
— Дар баробари истифода аз барномаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ боз чӣ метавонад дар зеҳни хонандагони кӯдакистонҳо таъсиргузор бошад?
— Пеш аз ҳама меҳрубонӣ, дониши хуб доштани мураббӣ метавонад барои рушди зеҳни кӯдакон заминагузор бошад. Агар ҳар як мураббӣ ин хислатҳоро дошта бошад, метавонад барои пешрафти ҳар як кӯдак заминаи аввалинро фароҳам биёрад.
— Ба назари шумо, ҳолати равонии кӯдаконро донистани мураббиён то кадом андоза муҳим аст?
— Донистани ҳолати равонии кӯдакон аз ҷониби ҳар як мураббӣ бениҳоят зарур мебошад, зеро кӯдак аз лиҳози равонӣ хеле нозук аст. Агар мураббӣ психолог набошад, кӯдак метавонад аз тарзи суханварӣ ва муносибати мураббӣ дар тарс афтад, зеро кӯдак вақте ки ба кӯдакистон ворид мешавад, бояд руҳан дарк намояд, ки дар як ҷойи амн аст. Ҳеҷ гоҳ мураббӣ мебояд ба онҳо даст бардорад, овоз баланд кунад. Мураббӣ бояд роҳи дурусти бо кӯдак суҳбат карданро донад, то ин ки ҳолати равонии кӯдак халал наёбад. Вақте ки ҳолати равонии кӯдак нохуб шуд, он то як сол ва ҳатто то ба мактаб рафтан худро озод ҳис карда натавонад.
— Барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ омода кардани кӯдакон чӣ корҳоро дар кӯдакистон анҷом медиҳед?
— Мо дар аксари иду ҷашнҳои давлатӣ бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдакон ба онҳо қироати шеърҳорои ватандӯстиро дастур медиҳем. Ҳамчунин ба воситаи худи онҳо ҳар гуна саҳначаҳои хештаншиносию ватандӯстӣ ба роҳ монда мешавад. Масалан, дар пеш иди Артиши миллӣ аст ва ҳоло кӯдакон ба аз худ кардани шеърҳои ватандӯстона пардохтаанд.
— Муносибати волидон ба фарзандони хеш ва кӯдакистон чӣ гуна аст?
— Албатта, ҳастанд падару модароне, ки ба тарбияи фарзандашон ҷиддӣ машғул мешаванд ва пайваста ба дарсҳои онҳо, инчунин дар маҷлисҳои падару модар меоянд. Аммо дар ин миён бемасъулиятии волидон низ зиёд дида мешавад. Масалан, бисёре аз волидон фарзандонашонро на худ, балки ба дасти ронанда ё навраси синфи 8-9 равон мекунанд ва мегӯянд, ки кӯдакамро аз дасти онҳо бигиред. Дигар ин ки ҳар семоҳа як маротиба маҷлиси падару модарон доир мегардад, аммо баъзе падару модарон ба маҷлис намеоянд. Мушкилии дигар ин аст, ки мо дар ин кӯдакистон ба фарзандон забони англисӣ меомӯзонем, аммо дар хона волидон англисиро намедонанд, ки бо кӯдаки худ суҳбат кунанд. Ба таври дигар бигӯем, ин ҷо месозем, он ҷо месӯзанд.
Мо дар руҳияи ором фарзандонро тарбия менамоем, аммо дар баъзе хонаводаҳо ҳар гуна низоъҳои оилавӣ дар назди фарзандон сурат мегирад. Дигар ин ки мо хушгуфториро ба фарзандони онҳо меомӯзонем, аммо онҳо дар пеши фарзандон ба якдигар дашном медиҳанд, ки ин ҳама дар тафаккури кӯдак, ҳамчунин дар таълими он таъсири манфии худро мерасонад.
— Дар фарҷоми суҳбат чӣ гуфтанӣ ё пешниҳоде доред?
— Якчанд пешниҳод дорам. Якум пешниҳодам ин аст, ки дар театрҳо, махсусан, Театри давлатии лухтак намоишномаҳо ба забони англисӣ низ ба роҳ монда шавад, то кӯдакон ба ин васила забондонии худро инкишоф бахшанд. Дуюм ин ки дар озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» мураббиёни гурӯҳи англисӣ ҷудо карда шаванд ва ба забони англисӣ санҷиш сурат бигирад.
Сеюм, ҳоло вақти он расидааст, ки мураббиёни собиқадор барномаҳои мутобиқ ба замони имрӯз таҳия намоянд ва аз рӯи онҳо дар кӯдакистон машғулиятҳо ба роҳ монда шавад.
Рустами Суҳроб,
рӯзноманигор