БА ИФТИХОРИ 1050-СОЛАГИИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ КОШИФИ АСРОРИ КАЙҲОН

Олими маъруф ва мутафаккири бузург Абурайҳони Берунӣ соли 973 дар Хоразм, дар оилаи тоҷик зода шудааст. Аз айёми ҷавонӣ ба омӯхтани забонҳо шуруъ намуд ва забонҳои сурёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт. ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ аз бар намуд.
Дар 17-солагӣ ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мекард. Берунӣ дар 21-22 – солагӣ ба омӯзиши амиқу таҳқиқи илми ситорашиносӣ пардохта, гирифти (кусуфи) Офтобро мушоҳида кард ва барои кашфи асрори ситораҳо ба ихтирои устурлоб шуруъ намуд.
Солҳои 90-уми асри Х Берунӣ ба Рай омад ва дар он ҷо бо донишманди маъруф Абумаҳмуди Хуҷандӣ мулоқот намуд.
Ҳамчунин, ӯ дар он ҷо бо чанде аз заргарҳо ҳамсуҳбат шуда, дар бораи маъданҳо ва ҷавоҳирот маълумоти фаровоне гирд овард. Дар Рай ба мутолиаи асарҳои Абубакри Розӣ пардохта, хеле баҳрабардорӣ кард. Берунӣ боз ба Гургон омад ва бо Ибни Сино ба мукотибаи илмӣ пардохт. Ду абармарди айём роҷеъ ба масоили офоқу анфус, Кайҳону Замин, масоили физикию фалсафӣ мубодилаи афкор намуданд. Берунӣ нуктаҳои заъфи фалсафаи Арастуро ёдрас мешуд ва Ибни Сино аз он ҷонибдорӣ менамуд.
Берунӣ дар Гургон ба ҳисоб кардани дараҷаи хатти тӯли Замин ё нисфуннаҳор (меридиан) пардохт ва дар ин кор ӯро аз ҷиҳати молӣ амири Гургон — Қобуси Вушмгир дастгирӣ мекард. Амир Қобус ба Берунӣ вазифаи вазириро пешниҳод намуд, вале ӯ рад кард. Соли 1004 Абурайҳонро бо хоҳиши Хоразмшоҳ дубора ба Хоразм даъват намуданд ва ӯ аз наздиктарин мушовирони шоҳ гардид.
Дар Хоразм ҳавзаи илмие бо иштироки уламои машҳури замон, ба мисли Ибни Ироқ, Ибни Сино, Абусаҳли Масеҳӣ ва дигарон таъсис ёфта буд. Дар ин марказ Берунӣ ва ҳамкасбони ӯ ба мушоҳида ва таҳқиқи масъалаҳои нуҷум пардохта, дар баробари дигар кашфиёт аввалин бор назарияи ҳаракати Офтобро пешниҳод намуданд.
Дар натиҷаи тохтутозҳои қабоили турку оғуз Ғазнавиён ба арсаи таърих омаданд ва фасли нави таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ ва саргардонии нави Берунӣ шуруъ шуд. Султон Маҳмуд баъди ғасби Хоразм олимони ҳавзаи илмии он маҳал, аз ҷумла Беруниро ба пойтахти наваш – шаҳри Ғазна фиристод.
Берунӣ дар дарбори Султон Маҳмул 13 сол зиндагӣ ва кор кард. Дар Ғазна Султон Маҳмуд ба ӯ ва олимони дигар шароити кор омода намуд. Берунӣ ба навиштани китобҳояш — “Таърихи Хоразм”, — асари — “Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокинли тасҳеҳи масофат-ил-масокин”, “Андар муайян кардани ҳадд барои мушаххас кардани масофаи байни маҳалҳои зисти мардум” (“Геодезия”) шуруъ намуд. Дар Ғазна ӯ таълифи асари “Илал-Қонун-ил-Масъуди фи-л ҳайат ва –н-нуҷум”-ро ба анҷом расонд. Соли 1029 Берунӣ дар Ғазна китоби китоби “ат-Тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим”-ро навишт. Он бо номи “Китоб-ут-тафҳим” машҳур аст ва он бо забонҳои арабию форсӣ то ба замони мо расидааст.
Баъди марги Султон Маҳмуди Ғазнавӣ давраи зиндагии нисбатан оромтаре барои Берунӣ фароҳам омад. Ба ҷойи Маҳмуд писараш Масъуд ба тахти шоҳӣ нишаст, ки ба илму таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи фавқулода нишон медод ва Беруниро ҳаматарафа дастгирӣ менамуд. Таърихнигорон навиштаанд, ки онҳо шабҳо дар бораи сохти Замину Кайҳон суҳбат мекарданд. Берунӣ ба шоҳ сабабҳои фарқияти дарозии рӯзу шабро шарҳ медод ва дарси забони арабӣ меомӯхт, ҳамчунин, дар бораи умури корҳои идории давлатӣ дастурҳо пешниҳод мекард. Чун нишони ин таваҷҷуҳ ва муҳаббату садоқати Султон Масъуд ба худ олими бузург асари навашро дар илм “Қонуни Масъудӣ” ном гузошт. Вазъи саломатии Берунӣ батадриҷ бад шуд ва ӯ дар ҳолати беморӣ “Китоб-ус-сайдана” (“Китоб дар бораи маводди табобатӣ”)-ро ба охир расонд. Китоби мазкур дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва тарзу тариқаи истифодаи онҳо дар табобат иншо шудааст. Дар ин китоб дар хусуси хосияти шифобахшии ҳайвонот ва маъданҳо низ маълумот пешниҳод шудааст. Берунӣ то охири умр дар Ғазна дар манзили писари Масъуд — Мавдуд зист ва дар ҳамон ҷо тарки олам кард.

Саидмурод Давлатов,
мудири шуъбаи дастгирии омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ
ва табиии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ