ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН

13 феврал ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки роҳбарияти академия сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, як қатор тадбирҳоро дар ин самт амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, раёсати академия чун ҳамасола дастгирии донишҷӯёни ятими кулл ва имконоташон маҳдудро идома дода, дар арафаи ҷашну маросими миллӣ ва суннатӣ аз ҳисоби маблағҳои академия онҳоро бо сару либос ва туҳфаҳои хотирмон таъмин менамояд.
Ректори академия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки давоми соли гузашта роҳбарияти академия кумаку дастгириҳои иҷтимоии худро, инчунин, ба як қатор эҳтиёҷмандон, беморон, ятимону маъюбон ва оилаҳои сарбозоне, ки дар марз шаҳид гашта буданд, расонид.
Дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҳисоби кумаки роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба 30 нафар ятиму маъюбе, ки дар академия таҳсил мекунанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.
Ҳамчунин, Академияи идоракунии давлатӣ дар арафаи иду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигар ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни “Нури чашм”-и шаҳри Ваҳдат ва ба мактаб — интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб, ки сарпарастии онро ба уҳда дорад, пайваста расонидани кумакҳои молию пулиро идома медиҳад.