БО АЗМУ ИРОДАИ ҚАВӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ буда, дар он назару андешаи Роҳбари давлат дар асоси таҳлилҳои амиқ, таҷриба, ояндабинӣ ва дурнигарии  сиёсӣ, ки хосияти фитрӣ ва азалии Пешвои миллат мебошад, оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баён гардидааст.
Паёми Роҳбари давлат як шакли ҳамкорӣ байни ниҳодҳои қонунгузор ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, ба пешрафт, банақшагирӣ ва рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ мусоидат менамояд.
 Дар ин давра сатҳи некуаҳволии мардум баланд гардида, даромадҳои пулӣ ва музди миёнаи кор афзоиш ёфт. Таъсиси ҷойҳои нави кори ва рушди мунтазами корхонаҳои саноатию тиҷоратӣ ба баланд рафтани иқтидори иқтисодии давлат мусоидат намуда, дар ғанӣ гардидани буҷаи давлат саҳми муносибе гузошт.
Соли сипаришуда ба мо паёми неке овард, ки панҷумин ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар масъалаи ҳифзи обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон 21-уми март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ва соли 2025  “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид, ки ин ташаббус обрӯю эътибори миллати тоҷик ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардошт.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати сарбаланди тоҷик аст, ки бо баракати саъю талош ва заҳматҳои ҳамешагии Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардид, ки имрӯз тамоми муваффақиятҳои бадаст омада  маҳсул ва натиҷаи ҳамин сулҳу оромист.
Дар Паёми худ Сарвари давлат ба нақши омӯзгор ва мактабу маориф баҳои баланд дода, дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва калидӣ будани онро  махсус таъкид намуданд.
Воқеан  таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбари давлат ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифати миллат, мунтазам беҳтар намудани  сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботи замон хеле зиёд буда, ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”.
Мактабу маориф дар сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамчун ҷавҳари асосии мафкурасоз ва омили муҳимтарини бунёду таҳкими давлати миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ эътироф гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва  рушду бонизом ва самараноки муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Муҳаббат, садоқат, эътиқод ва эътимод ба Сарвари  давлат ҳар як фарди баору номус ва ватандӯсту бофарҳанги ҷомеаро водор менамояд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз ба ифтихори ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагиро вусъат бахшида, ба қадри имкону тавоноии худ дар ин чорабинии муҳим саҳмгузор бошад.
Коллективи кормандони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, бо кумаку дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби соҳибкорон ва шахсони эҳсонкору хайрхоҳ ва иштироку дастгирии аҳли коллективи меҳнатии мактаб-интернат  14 синфхона, хобгоҳ, беш аз 3000м2 даҳлезу роҳравҳоро таъмиру рангубор намуда, ҳаммоми мактаб-интернатро, ки солиёни дароз таъмир нашуда буд, пурра таъмиру азнавсозӣ карда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуд.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани қаламрави мактаб-интернат 280 адад дарахти арча, 200 адад дарахти мевадиҳанда ва беш аз 5 ҳазор дона гули ороишии мавсимию доимӣ шинонида шуд ва корҳои ободонӣ дар ин самт идома дорад.
Сиёсати Роҳбари давлат дар самти нигоҳдорӣ ва таъмини муассисаҳои таълими барои кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, пеш аз ҳама, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба амалӣ гардида, таъминоти мактаб-интернат бо маводи таълим, таҷҳизоти муосири таълимию табобатӣ, маводи ғизоӣ сол аз сол афзоиш ёфта, дар пайравӣ ба ин сиёсати инсонпарварона ва созандаю бунёдкорона кумаку ёрии муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорони ватанӣ, шахсони эҳсонкор ва ашхоси алоҳидаи хайрхоҳ низ зиёд мегардад.
Дар ин асос аз 1 июли соли равон  20% зиёд гардидани музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи  маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо, ки ғамхории навбатӣ ба аҳли маорифи кишвар аст, коллективи омӯзгорӣ ва аҳли кормандони  мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисорро, ки ба таълиму тарбия ва табобати кӯдакони маъюб машғуланд, руҳбаланд намуда, ба он водор месозад, ки  мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, тамоми донишу таҷриба ва малакаю маҳорати худро баҳри таълиму тарбияи насли наврас равона намуда, дар рушди илму маориф ва ободию осудагии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

 

Роҳила НУРАҲМАДОВА,
директори мактаб-интернати  ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор