ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ  САТҲИ  ҲИФЗИ  ИҶТИМОИИ  АҲОЛӢ ВА  ЗИЁД  НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ  КОРМАНДОНИ  ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ» АЗ 06.02.2023, №526 06.02.2023, шаҳри Душанбе

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23  декабри  соли  2022  бо  мақсади  беҳтар  намудани вазъи  иҷтимоии  аҳолӣ  зиёд  намудани  маоши  вазифавии хизматчиёни  ҳарбӣ,  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ, кормандони  муассисаҳои  соҳаи  маориф,  илм,  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоӣ,  андозаи  нафақа  ва  стипендияро  зарур шумориданд.
Дар  ин  робита  фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,  андозаи  нафақа  ва  стипендия»  6  феврали  соли 2023,  №526  ба  тасвиб  расида,  тибқи  он  аз  1  марти  соли 2023  маоши  вазифавии  хизматчиёни  ҳарбӣ,  кормандони ҳифзи  ҳуқуқ  ба  андозаи  25  фоиз  ва  дигар  кормандони  ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Инчунин, аз 1 июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд  карда  шуда,  ба  андозаи  250  сомонӣ  муқаррар  карда мешавад.
Нафақаҳои  суғуртавӣ,  ки  дар  асоси  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин  карда  шудаанд,  ба  андозаи  16  фоиз  зиёд  карда мешавад.
Нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  таъмини  нафақаи шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ва  «Дар  бораи нафақаҳои  суғуртавӣ  ва  давлатӣ»  таъин  гардидаанд,  ба андозаи  20  фоиз  аз  меъёри  нафақаи  заминавӣ  зиёд  карда мешавад.
Мутобиқи ин фармон аз 1 июли соли 2023 стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Барои  амалӣ  намудани  зиёдшавии  музди  меҳнати кормандони  соҳаҳои  мазкур  аз  рӯи  андозаҳои  дар  боло зикргардида  дар  соли  ҷорӣ  аз  ҳисоби  буҷети  давлатӣ маблағҳои зарурӣ равона мегардад.
Анҷом  додани  тадбири  мазкур  баҳри  боз  ҳам  беҳтар намудани  сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри  осебпазири  ҷомеа  дар  шароити  кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.