ДАЛЕРӢ КУН, КИ МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ

Маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ касб кардаву пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва рушду пешрафти соҳа корҳои зиёде анҷом дода мешавад.   Ҳамин аст, ки ҳамасола иштироки хонандагони дар озмуну олимпидаҳои бонуфузи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ зиёд мегардад ва дастовардҳои онҳо шоистаи таҳсин мебошад. Солҳои охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро тадриҷан зиёд намуд ва  барои зинаҳои 2 ва 3-юми таҳсилот шумораи онро аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ (номӣ, даставӣ ва лоиҳавию ихтироъкорӣ) ба 24 адад расонид.
Шоистаи таъкид аст, ки соли 2022  дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ, дар маҷмуъ, 6530 нафар хонандаи синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карданд, ки аз рӯи иштирок нисбат ба соли 2021   2287 нафар (54 фоиз) зиёд буда, натиҷаи дастовардҳои онҳо дар ин озмунҳои илмӣ 2733 ҷойи ифтихорӣ (442 медали тилло, 765 медали нуқра ва 1526 медали биринҷӣ) ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои фаннии умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ва фосилавӣ дар соли 2022  1805 ҷойи ифтихорӣ (296 медали тилло, 662 медали нуқра ва 847 медали биринҷӣ)-ро ташкил медиҳад. Соли 2022 хонандагони кишвар дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Фаронса, Туркия, Англия, Хитой, ИМА, Олмон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Босния ва Ҳерсеговина, Россия, Ҷопон, Индонезия, Швейтсария, Норвегия, Беларус, Итолиё, Арманистон, Венгрия, Словения, Ҳиндустон, Колумбия, Эрон ва Озарбойҷон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 319 медал (46 медали тилло, 98 медали нуқра ва 175 медали биринҷӣ) гардиданд.
4 — 5 феврали соли равон  дар литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми (минтақавии) олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.  Дар олимпиадаи мазкур 682 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи  фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони русӣ, забони англисӣ, биология, математика, география,  таърих ва технологияи иттилоотӣ иштирок  карданд.
Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии иштирокдорони олимпиадаи мазкур 314  нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 368 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ширкат варзиданд.
Рӯзи дигар натиҷаи фаъолияти хонандагон баҳогузорӣ ва дар табло пешниҳод карда шуд.  Хонандагоне, ки аз баҳои гузоштаи доварон розӣ набуданд, бо аризаи аппелятсионӣ муроҷиат карданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки озмун шаффоф баргузор гардид ва ҳайати ҳакамон ба корҳои хаттиву эссе ва ҷавобҳои саволномаҳои тестии хонандагон баҳои воқеӣ гузоштанд. Инро метавон аз муроҷиати хонандагон  бо аризаи аппелятсионӣ ва қонеъ гардиданашон аз посухи ҳакамон тасдиқ намуд.
Маълум гардид, ки баъзе  хонандагон бе тайёрии ҷиддӣ ба озмун ҳозир шудаанд, ки ин ҳол нигаронкунанда мебошад. Зеро баъзе довталабон 0 ва 10, 12 ва 20-холиро ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳанда хеле паст мебошад. Масъулинро  зарур аст, ки хонандагонро бо тайёрии ҷиддӣ ба озмунҳо пешниҳод намоянд, то ки шавқу рағбати онҳо ба омӯзишу мутолиа бештар гардад ва обрӯю эътибори муассисаву ноҳия ва ё шаҳрро баланд бардоранд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм Нусратулло Саломзода зикр намуд, ки мавзуъҳои корҳои хаттиву эссе ва саволҳои  тестӣ асосан дар доираи барномаҳои таълимӣ интихоб шуд.  Дар асоси низомномаи мазкур  беш аз 30 фоизи онҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ берун интихоб гардид, зеро аз як тараф, маҳорати эҷодкориву омӯзиши онҳоро тақвият бахшад, аз ҷониби дигар, онҳо аз зинаҳои аввали озмунҳо ба рушду инкишоф ва ҷаҳонбинии хеш эътибори бештар хоҳанд дод.
Узви ҳайати ҳакамон аз забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ Сафарой Гурезова иброз дошт, ки иштироки хонандагони фанҳои мазкур хуб буд. Дар ин радиф хонандагоне иштирок карданд, ки дар иҷрои  корҳои хаттӣ ва эссе маҳорати баланд нишон доданд ва  мавзуъҳои пешниҳодшударо  эҷодкорона навиштанд. Аз ин маълум мегардад, ки аксари довталабон  эссеро хуб мефаҳманд ва  дар таълифи он маҳорату малакаи назаррас нишон медиҳанд. Довталабон ба саволҳои санҷишии тестӣ низ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда додаанд. Иддае аз хонандагон дар навиштани эссе ва иҷрои саволҳои тестӣ саҳлангорӣ нишон дода,  ҷавобҳои қаноатбахш надоданд. Хонандагон аз забони давлатӣ  кори хаттӣ ва  аз забон ва адабиёти тоҷик эссе (мавзуъҳои эссе “Мактаб – махзани маърифат”, “Сулҳ асоси зиндагист” ва “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтанд”) навиштанд. Холи баланди имконпазири 100-ро ягон хонанда ба даст наовард ва аз ҳама холи баланд  72-ро ташкил дод. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст бо хонандагон бештар  кор карда, берун аз барномаҳои таълимӣ онҳоро ба озмунҳо тайёр намоянд.  Онҳоро мебояд, барои хонандагон бештар адабиёти бадеиро тавсия кунанд, то фонди луғавии онҳо такмил ёбад ва дар навиштани эссе эҷодкорона муносибат намоянд. Корҳои хаттиву эссеро дар раванди дарс ва берун аз он бо хонандагон бештар омӯзонанд, то сатҳи саводнокиашон  баланд гардад ва ҳангоми навишт ба ғалатҳои имлоиву услубӣ ва китобатӣ роҳ надиҳанд.
Ҳамин тариқ, озмун ҷамъбаст гардид ва тибқи низомнома 80 нафар хонандаи синфҳои 5-6 ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”