ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

Таҳти  раёсати  вазири  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси  Ситоди корӣ  оид  ба  таъмин  намудани  муассисаҳои  таълимӣ  бо омӯзгорони  касбӣ  Раҳим  Саидзода  дар  маҷлисгоҳи  Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони  раёсат,  шуъба  ва  бахшҳои дастгоҳи  марказӣ,  роҳбарони муассисаҳои  тобеи  вазорат, сардорон  ва  мудирони  раёсат ва  шуъбаҳои  маорифи  вилоят, шаҳру  ноҳияҳо,  3967  нафар  директори  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи  умумӣ,  61  нафар  директори  мактаб-интернатҳо,  5  нафар  директори  муассисаҳои давлатии  таълимии  мактабҳои Президентӣ  ва  707  нафар  директори  муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ  ба  тариқи  ҳузурӣ  ва маҷозӣ  иштирок  намуданд.  Боиси  қайд  аст,  ки  чунин  ҷаласаи онлайнӣ бори аввал бо иштироки  шумораи  зиёди  кормандони соҳаи  маориф  баргузор  мегардад.
Дар ҷаласа масъалаҳои фарогирии шумораи ками кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, тибқи талабот иҷро нагардидани «Барномаи рушди  муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  солҳои  2020-2025» ва «Барномаи  рушди  таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи  умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027», таъмирталаб будани  майдончаҳои варзишӣ  ва майдончаҳои бозии кӯдакон, норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ, дуруст  фаъолият накардани сохторҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (иттиҳодияҳои  методӣ, шурои  педагогӣ  ва  гурӯҳи  идоракунии  сифати  таҳсилот), камаҳамиятӣ нисбат ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  31.01.2020, №1445  “Дар  бораи  «Бистсолаи  омӯзиш  ва  рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф  эълон намудани  солҳои  2020-2040”, риояи  либоси  ягонаи мактабӣ ва  роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ  мавриди  баррасӣ қарор  гирифта,  дар рафти  мубодилаи  афкор аз  ҷониби  иштирокдорон  пешниҳодҳои  судманд ироа гардид.
Дар охир, раиси ситод ба масъулин  ҷиҳати  иҷрои  дастурҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф  намудани камбудиҳои масъалаҳои дар боло зикршуда супоришҳои  мушаххас  дода, вобаста  ба  ҳар  масъала  қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.