БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУҲИМИ МАКОТИБИ ОЛӢ

31-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии онлайнии  Раҳим  Саидзода  –  вазири  маориф  ва илм,  Лутфия  Абдулхолиқзода– муовини  вазири  маориф  ва  илм, сардорони  раёсат,  шуъба  ва бахшҳои  дастгоҳи  марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат бо ректорон ва кормандони донишгоҳу  донишкадаҳои  кишвар ба  тариқи  ҳузурӣ  ва  маҷозӣ  баргузор гардид.

Дар ҷаласа ректорони 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муовинони ректорон, деканҳо ва  мудирони кафедраҳо иштирок  намуда,  аз  ҷониби  вазири  маориф  ва  илм  масъалаҳои пешгирӣ  ва  роҳ  надодан  ба амалҳои  коррупсионӣ  байни  омӯзгорон  ва  кормандони муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ,  муқовимат  бо  терроризм ва экстремизм ва чораҳои пешгирӣ аз онҳо дар байни  донишҷӯён  ва  ҳайати  омӯзгорону  кормандони  муассисаҳои  таҳсилоти  олии  касбӣ, тарбияи  ватандӯстӣ,  баланд  бардоштани  ҳисси миллӣ  ва  арзишҳои  миллӣ  байни  донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти  олии  касбӣ,  таъмин  намудани  иҷрои  нақшаи  қабули  довталабон  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи  моддиву  техникӣ  ва  кадрии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, муассисаҳое, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис  омода  мекунанд,  омода  кардани  омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бартараф намудани норасоии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони  илмӣ  дар  муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ,  шуроҳои  диссертатсионӣ,  ҷалби  грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин,  дар  рафти  ҷаласа  иштирокдорон табодули афкор намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои  ҷойдошта  пешниҳодҳо  иброз  до-штанд.

Дар  охир  вазир   ба  масъулин  супоришҳои мушаххас  дода,  таъкид  намуд,  ки  мо  ба иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бовар дорем ва дар якҷоягӣ метавонем барои рафъи мушкилиҳои соҳа чораҳои зарурӣ андешем.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм