ТАҶРИБАОМӮЗИҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ҚАНОАТБАХШ НЕСТАНД

Мақсад аз ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Солҳои рушди саноат дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат мебошад.

Тоҷикистон  захираи  бойи сарватҳои  зеризаминӣ  дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони  зуҳурёфта  зиёда  аз  100  кон мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд. Саноати  кӯҳии  Тоҷикистон  заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини  рушди  соҳа  дар  муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад. Он ҳанӯз аз давраи Шуравӣ заминагузорӣ гардида  буд.  Солҳои  соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ  саноати  маъдани  кӯҳӣ, кимиёӣ,  коркарди  санг,  сохтмонӣ ва  дигар  соҳаҳои  хоҷагии  халқ ташкил шуданд.

Инчунин,  механиконӣ  ва  автоматонии  корҳои  зеризаминию кушоди  кӯҳӣ  ва  тоза  намудани канданиҳои  фоиданок,  роҳҳои асосии рушди саноати кӯҳкорӣ ба ҳисоб меравад.

Аммо  барои  саноатикунонии кишвар  корхонаҳои  саноати  кӯҳӣ ва  донишгоҳу  донишкадаҳои  техникиро  зарур  аст,  ки  ҳамкории мунтазами  илмӣ  —  истеҳсолӣ  дошта бошанд. Гарчанде ки имрӯзҳо байни  корхонаҳои  саноатӣ  ва донишгоҳҳову  донишкадаҳои техникӣ  таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ  фаъолият  карда  истода бошанд  ҳам,  қонеъкунандаи  талабот нестанд. Чунки ин ҳамкориҳои илм  бо  истеҳсолот  ё  раванди  таълим  бо  истеҳсолот  дар  сатҳи  паст қарор дорад.

Сабаби ин норасоиҳо дар он аст, ки мактабҳои олӣ  таҷрибаомӯзиҳои  истеҳсолиро  мувофиқи  талаботи  замони  муосир  роҳандозӣ накарда истодаанд. Албатта, ин ба пешрафти саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Сатҳи  паст  будани  ҳамкориҳои илм  ва  раванди  таълим  бо истеҳсолот  аз  оқилона  ташкил нанамудани  ҳамкориҳои  тарафайн  дарак  медиҳад.  Аз  ин  рӯ, вазоратҳои  дахлдор  ё  мактабҳои олиро зарур аст, ки ҷиҳати саноатикунонии мамлакат ҳарчи бештар усулҳои  нави  ҳамкориро  ба  роҳ монанд.  Усулҳои  нави  ҳамкорӣ бояд  қонеъкунандаи  талаботи рӯзафзуни  илму  техника  ва  истифодабарии техника дар истеҳсолот бошад.

Дигар  ҷанбаи  масъала  он  аст, ки  имрӯзҳо  дар  саноати  кӯҳии мамлакат  техникаҳои  соҳаро  самаранок  истифода  намебаранд. Ин  аз  он  шаҳодат  медиҳад,  ки дар  корхонаҳои  саноати  кӯҳии кишвари  мо  интихоб  ва  мавриди  истифодабарӣ  қарор  додани техникаҳои  соҳа  ба  муқаррароти самти  кор  мувофиқат  намекунад.

Дигар  камбудии  ҷиддӣ  ё  ташвишовари саноати кӯҳии кишвари мо ин  аст,  ки  дар  раванди  истифодабарии техникаҳо омилҳои манфии таъсиррасон  ва  ҳолати  техникии онҳо омӯхта намешаванд.

Хулоса, рушди саноати кӯҳӣ ва саноатикунонии  босуръати  кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, аз ҳамкориҳои судманди  донишгоҳҳо ва донишкадаҳои техникӣ бо корхонаҳои саноатӣ, мутахассисони баландпоя, интихоби дурусти техника, технологияҳои муосир  ва  истифодабарии оқилонаи техникаҳои соҳа вобаста аст.

Сарвар ДӮСТАЛИЕВ,

Саид ЮСУПОВ,

устодони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон