ТАРБИЯИ МЕҲНАТӢ -ҚИСМИ ТАРКИБИИ ТАРБИЯИ МИЛЛӢ

Меҳнат дар ҳама давру замон яке аз шартҳои мавҷудият, бақои инсон ва ҷамъият ба ҳисоб меравад ва имрӯз ҳам пешрафти ҷомеа, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагӣ маҳз ба ҳамин омил вобаста мебошад.
Дар  ҷаҳони  муосир таҷрибаи  бархе аз  давлатҳои  пешрафтаи ҷаҳон,  аз  қабили  Чин, Ҷопон,  Олмон  ва  ғайра, ки  аз  лиҳози  иқтисодӣ, техникӣ  бо  суръат рушд ёфтаанд, нишон медиҳад, ки  муҳимтарин  омили пешрафти  иқтисодиёт  ин меҳнатдӯстӣ,  истифодаи технологияҳои нав, истифодаи самараноки вақт ва дар  руҳияи  меҳнатдӯстӣ тарбия  намудани  мутахассисон  мебошад.  Аз ин  лиҳоз,  бо  назардошти дар  руҳияи  меҳнатдӯстӣ, ватанпарастӣ  тарбия  намудани  насли  ҷавонон бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 3.03.2006,  №  94  Консепсияи миллии  тарбия  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул  ва  мавриди  татбиқ қарор  дода  шудааст,  ки дар  маҷмуъ  18  номгӯи қисмҳои тарбияро фаро гирифтааст. Тарбияи меҳнатӣ тибқи  нишондоди  Консепсия  яке  аз қисмҳои  таркибии  тарбияи  инсон ба  ҳисоб  меравад.  Бо назардошти дар руҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани  аҳли ҷомеа, алалхусус, ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нутқу  баромадҳо  ва паёмҳояшон  мунтазам таъкид  менамоянд,  ки “Мо бояд Ватанро сидқан дӯст  дорем  бо  меҳнати софдилона  онро  обод  намоем”. Аз ин лиҳоз, дастуру  супоришҳои  Пешвои миллат  дар  самти  тарбияи  меҳнатии  ҷавонон мо  —  омӯзгоронро  вазифадор  ва  водор  месозад,  ки  ҷавононро  дар руҳияи эътиқод ба меҳнат, ҳамчун  омили  созанда  ва дар  маҷмуъ,  офарандаи “табиати  дуюм”  тарбия намоем.
Яке аз роҳҳои самара-бахши  тарбияи  меҳнатии ҷавонон  ин  дар  тафаккури  онҳо  парваридани эътиқоду  муҳаббат  ба меҳнат  ҳамчун  шарти мавҷудияти  инсон,  омили саломатию  хушбахтӣ  ва фароҳам  овардани  зиндагии  шоиста  мебошад. Аз  ин  лиҳоз,  дар  тафаккури  ҷавонон парваридани  ғояи меҳнатдӯстӣ —  сарчашмаи  саломатӣ, боигарӣ  ва  хушбахтӣ онҳоро ба  бартарафсозии  душвориҳо  омода месозад.  Дар  тафаккури  ҷавонон  рушд додани  ғояи  меҳнатдӯстӣ  бо роҳҳои  гуногун  амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои  таълимӣ ташкили  ҳашарҳои дастҷамъонаи корҳои ободонию  созандагӣ, мизҳои мудаввар , соатҳои тарбиявӣ  дар  мавзуи меҳнату  меҳнатдӯстӣ, чорабиниҳои  варзишӣ аз  роҳҳои самарабахши  тарбияи  меҳнатии ҷавонон  мебошад.  Илова бар  ин,  таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ  низ  як  воситаест,  ки донишҷӯён  худ меҳнат  карда,  ба  қадри меҳнат  мерасанд,  ба  ибораи дигар дарк мекунанд, ки  воқеан,  “Меҳнат  шараф аст“.
Ба  меҳнат машғул шудан шахсро аз  ҳар  гуна рафторҳои  номатлуб,  бекорию  оворагардӣ бозмедорад. Аз  ҷумла,  яке аз  сабабҳои  ба  гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шомил  шудани  ҷавонон сабабаш  бекорӣ  ва  дар сатҳи паст қарор доштани маърифати  ҳуқуқии  онҳо мебошад.  Аз  ин  хотир, ташкилотҳои  террористӣ бо  ваъдаю  фиреб  додани  маблағҳои  пулӣ ҷавононро бо талқини ҳаёти муфтхӯрона ба доми худ кашиданӣ мешавад. Бинобар ин, тарбияи  меҳнатӣ дар ҷавонон ҳиссиёти бо меҳнати ҳалол зиндагӣ карданро  бедор менамояд.  Таҷрибаҳо нишон  медиҳанд,  ки  дар замони собиқ Шуравӣ тамоми донишҷӯёни мактабҳои  миёна, миёнаи махсус ва олӣ ба маъракаи ғунучини  пахта  сафарбар карда  мешуданд  ва  ё  дар ҳайати  бригадаҳои  бинокор  фаъолияти  меҳнатӣ менамуданд,  ки  ин  барои донишҷӯёни  он  солҳо  як мактаби  бузурги  меҳнатӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро тавассути фаъолияти якҷояи меҳнатӣ онҳо ҳамдигарро бештару хубтар мешинохтанд, дӯстиву рафоқат пайдо  намуда,  дар  кор обутоб  меёфтанд  ва  боз ҳам  хубтар  таҳсил  менамуданд,  зеро  таҳсил  низ меҳнатро мехоҳад.
Бояд  зикр  намуд,  ки яке  аз  омилҳои  татбиқи ҳадафҳои  стратегии Ҳукумати  ҷумҳурӣ,  хусусан,  саноатикунонии  босуръати кишвар, ин пеш аз ҳама, меҳнати  софдилона, сидқан  меҳнат намудан баҳри  пешравии  кишвар мебошад.  Татбиқи  Консепсияи  миллии  тарбия дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон вазифаи  дастҷамъии  оила, мактаб,  муассиса,  корхона ва дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа мебошад.

Хайём МУСЛИМЗОДА,

мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа,

Аслиддин САДРИДДИНОВ,

мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо

ҷомеаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон