ДАРСИ МУОСИР БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Ақидае дар миёни омӯзгорон роиҷ аст, ки агар хонанда дар дарс хомӯш нишаста, ба он гӯш диҳад, пас, маълум мешавад, ки ҳамааш хуб асту вай чизеро дарк намуда истодааст. Вале сатҳу сифати дарс дар асоси рушди натоиҷи таълимии омӯзгор муайян карда мешавад, на дар хомӯшу ором нишастани шогирдон.
Мутаассифона,  аз  рӯи ин  ақида  бештари омӯзгорони  мо  фаъолият  менамоянд.  Албатта,  сиёсат  доштан хуб  аст,  вале  на  ба  он  дараҷае, ки  хонанда  дар  дарс  ва  дар  рӯ ба  рӯи  муаллим  чизе  гуфта  натавонад.  Аз  таҷриба  медонем, ки  вақте  аз  ҷониби  омӯзгор маҳдудияти  зиёд  гузошта  мешавад,  хонанда  ҳар  чи  бештар муҳити  танги  андеша  ронданро ихтиёр  мекунад  ва  дар  баёни озоди фикр танқисӣ мекашад.
Омӯзгор  набояд  фаромӯш кунад,  ки  дар  синф  хонандагоне  нишастаанд,  ки  бо  доштани хислатҳои  мутафовит  аз  ҳам фарқкунандаанд ва бо онҳо ба як тарз  муносибат  кардан  нашояд. Агар  омӯзгор  танҳо  ба  он  такя намояд,  ки  хонанда  бояд  дарси ӯро  хомӯшона  гӯш  кунад  ва  ба он  тамоми  диққаташро  равона созад,  пас,  мутлақо  ғалат  мекунад. Зеро дар ин маврид дарс ба хонанда дилбазану дилгир менамояд ва дар натиҷа ӯ барои худ чизе гирифта наметавонад. Пас, суоле  ба  миён  меояд,  ки  агар хонанда  то  охири  дарс  хомӯш нишинад, аммо дар охир чизеро наомӯзад,  пас,  аз  орому  хомӯш нишастани  ӯ  чӣ  фоида?  Ба ақидаи инҷониб, яке аз омилҳои камтаваҷҷуҳии  муҳассилин  ба дарс  дар  муассисаҳои  таълимӣ нодуруст  ва  ба  таври  дилбазан ба роҳ мондани дарс аст.
Барои  бартараф  намудани  ин  камбудии  ҷойдошта омӯзгоронро  зарур  аст,  ки қобилияту  малакаи  худро  боз ҳам  такмил  дода,  лозим  ояд донишҳои  худро  ба  таври  муосир азнавсозӣ намоянд.
Ин  ҷо  метавон  чанд  роҳу тариқеро  барои  омӯзгорон  намуна  овард,  ки  дар  таҷрибаи омӯзгорони  кишварҳои  хориҷ низ  истифода  гардида,  натиҷаи назаррас додааст.
Барои  мисол,  омӯзгор  метавонад аз усули қоидаи чароғаки раҳнамо истифода намояд, зеро барои  таъмини  интизом  дар синфхона  ин  усул  хеле  муфид мебошад.  Бо  чароғаки  раҳнамо ҳама аз хурдӣ шинос ҳастанд ва қоидаҳои  онро  ба  осонӣ  шарҳ дода  метавонанд.  Ба  хонандагон бояд фаҳмонид, ки ҳангоми ранги чароғак сурх будан, танҳо муаллим сухан мегӯяд ва ё кори инфиродӣ  иҷро  карда  мешавад. Чароғаки зард ин имконият барои  хонанда  аст.  Дар  ин  ҷо  хонанда  ба  саволҳо  посух  мегӯяд, аз  дониши  андӯхтаи  худ  ҳарф мезанад ва муаллим низ ҳақ надорад  ҳангоми  ифодаи  фикр ба  хонанда  халал  расонад. Чароғаки  сабз  барои  корҳои гурӯҳӣ  пешбинӣ  карда  шавад, зеро  он  маънои  озодии  воқеии муоширатро  бо  ҳамсинфон  ва омӯзгор дорад. Пас аз 5 ё 6 дарс хонанда ба таври табиӣ интизом дар синфхонаро меомӯзад ва дар вақтҳои барои худ муайян ибрози назар мекунад. Ин усул барои хонандагони синфҳои болоӣ низ шавқовар хоҳад буд.
Ҳамзамон,  омӯзгор  бояд  як дарси худро барои бастани шартнома  ва  ё  гирифтани  ризоияти хаттӣ  бо  хонандагон  сарф  намояд.  Барои  ин  омӯзгор  бояд ба ҳарфи хонандагон гӯш диҳад ва  фаҳмад,  ки  бо  онҳо  чӣ  гуна кор  кардан  осонтар  хоҳад  буд. Пас  аз  он  рӯйхати  қоидаҳоро тартиб  дода,  дар  даромадгоҳи синф овезад. Ин барои муаллим ва  хонанда  як  сарҳади  муайяне  мешавад  ва  набояд  омӯзгор фаромӯш кунад, ки ӯ низ наметавонад  қоидаҳоро  вайрон  кунад. Вақте  яке  аз  шартҳо  дар  синф доду  фарёд  накардану  дашном надодан  аст,  пас  бояд  омӯзгор низ  ба  он  риоя  намояд.  Барои вайрон  кардани  қоидаҳо  бояд ҳам барои хонанда ва ҳам барои омӯзгор  ҷазоҳо  низ  муқаррар карда  шаванд  ва  дар  ҳоли қоидавайронкунӣ тибқи он ҷазо дода шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки овардани  мисолҳо  аз  ҳаёти  шахсӣ низ  ба  манфиати  кор  аст.  Дар замони  имрӯз  танҳо  ба  хонандагон  таълим  додан,  аз  рӯи барнома  амал  кардан  ва  иҷрои супоришҳо  мувофиқи  дастурҳо кофӣ нест.
Албатта, истифодаи методҳои одии  таълимӣ  вақти  зиёдро  намегирад, ҳангоме ки ин методҳо ба  низоми  таълим  ворид  шуданд, дарс рангу нумӯи тоза гирифта, сифатан баланд мешавад.
Бояд  гуфт,  ки  кӯдаконро таҳқиру  таҳдид  кардан  мумкин нест.  Муаллим  бояд  ба  шахсияти хонанда арҷ гузорад ва ҳама гуна  ғазаб,  андуҳ,  мушкилот  ва эҳсосоти шахсии худро берун аз синф  гузорад,  ё  софдилона  ба шогирдон иқрор шавад ва дарсро то замони беҳтар мавқуф гузорад.
Ногуфта  намонад,  ки  синфхона  барои  хонанда  бояд  макони  хушбахтӣ  бошад  ва  ин фазоро  танҳо  омӯзгор  метавонад  фароҳам  орад.  Он  гоҳ  худи хонандагон  барои  саривақт  ба дарс  омадану  иҷрои  вазифа  талош  мекунанд,  зеро  онҳо  дарк мекунанд,  ки  дар  ин  дарс  онҳо ҳамеша хушҳолиро дарёфт карда метавонанд ва ҳатто кӯчактарин муваффақияти  онҳо  аз  назари омӯзгор дур намемонад.
Дарс бояд дар худ рангорангӣ дошта  бошад,  бигузор  хонандагон  ҷавоб  ба  саволҳо ва  супоришҳоро  аз  интернет, видеороликҳо,  матну  суратҳои гуногун дарёфт кунанд.
Набояд фаромӯш  кард, чизи дигаре, ки шавқу ҳаваси  хонандагонро  ба  хондани  дарс  коста гардондааст ва бархе барои дар дарсҳо иштирок накардан ҳазор баҳонаро  пеш  меоранд,  ин  дилбазану якранг будани вазифаҳои хонагӣ аст. Бигузор омӯзгор вазифаи  хонагиро  худ фикр  кунаду тарзи  дигари  иҷрои  онро ба хонанда фаҳмонад. Масалан, барои  дарси  адабиёт  ва  таърих хонандаро маҷбур кардан лозим нест,  фақат  чизе, ки  дар  китоб оварда  шудааст,  онро  азёд  кунад. Роҳи дигари баромадан аз ин  одати  куҳнашуда,  тасвири расм  ё  графикаҳо  аст.  Хонанда дар расм симои қаҳрамон ва баъзе воқеаҳои дар асар инъикосшударо  тасвир  намояд  ва аз  рӯи  он  дарсро  нақл  кунад. Бовар  кунед,  ин  хеле  беҳтар аз  дақиқаҳо  дар  назди  тахтаи синф рост истодану баёни мавзуъ аст.
Бояд таъкид намуд, ки кафолати  сад  дарсади  шавқовар  намудани  ҳама  гуна  дарсҳо  вуҷуд дорад,  яъне,  новобаста  ба  кадом  фан  будани  дарс  мешавад, ки  онро  рангоранг  намуд.  Гап дар он аст, ки фаҳмиши кӯдак аз ҷузъиёти бисёри хурдтарин иборат аст ва маҳз омӯзгор ба осонӣ метавонад  ин  ҷузъиётро  дарёфт ва барои дарки мавзуи дарс шароит фароҳам орад.

Қумринисо МУЛЛОЕВА,
директори муассисаи
таълимии № 35-и ноҳияи Рӯдакӣ