«ДАСТИ БОЛО»-И АДИБ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар адабиёти тоҷик таҳаввулоту дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Нависандагоне ба майдони наср ворид гардиданд, ки дар сабку услуб, шеваи баён, тасвири воқеаҳои мураккабу пур аз тазоди ҳаёт, инъикоси ахлоқи ҳамзамонон ва офариниши симои қаҳрамонони созандаи ҷомеаи навин навҷӯю навпардоз буда, осори пурмуҳтаво ва аз лиҳози ғоявӣ омӯзандаро таълиф ва манзури хонандагон намуданд. Дар навиштаҳои онҳо ҷустуҷӯҳои тозаи бадеӣ ва вижагиҳои тасвир зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Нависандаи  хушбаён  ва шинохта Шодӣ Раҷабзод аз зумраи ҳамин гуна эҷодкорон буда,  аз  як  навишта  то  навиштаи дигар суханаш пурфасоҳату расо  ва  образҳои  офаридааш мукаммалу  хотирмон  мегарданд. Хонандагон бо маҷмуаҳои ҳикоёти  ин  адиби  рангинхаёл шинос  буда,  аз  мутолиаи  онҳо лаззати  маънавӣ  бардоштаанд. Инак  китоби  тозаи  адиб  таҳти унвони «Дасти боло» (Душанбе: Ирфон, 2022. – 264 саҳ.) ба нашр расид,  ки  ҳикояҳои  тӯли  чанд соли охир иншонамудаи ӯро дар бар  гирифтааст  ва  барои  мухлисону  ҳаводорони  эҷодиёти нависанда,  умуман,  хонандагон  воқеаи  ҷолибу  хурсандибахшест.  Китоб  фарогири  бист ҳикоя буда, дар он мавзуъҳои гуногун мавриди тасвир қарор гирифтаанд.  Дар  «Пешгуфтор»-и китоб,  ки  ба  қалами  нависандаи  маъруф,  барандаи  Ҷоизаи давлатии  Тоҷикистон  ба  номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ  Юнус Юсуфӣ тааллуқ дорад, паҳлуҳои эҷодӣ ва шеваи хоси баёну тасвири  адиб  таҳлилу  баҳогузорӣ гардида, аз ҷумла, таъкид мешавад:
“Шодӣ  Раҷабзод  аз  камшумор  нависандагонест,  ки  асосан  ҳикоя  менависад  ва  дар ин  ҷода  комёбу  муваффақ  низ ҳаст.  Комёб  будани  ӯ  дар  иншои ҳикояро ман дар парҳез аз тасвири  беобуранги  ҷараёни ҳодисот  ва  таваҷҷуҳ  ба  ботини инсону  кӯшиши  раҳ  бурдан  ба фарозу  фурудҳои  руҳиву  равонии  қаҳрамон  дар  пайванд  ба рухдодҳо мебинам”.
Воқеан,  аз  мутолиаи ҳикояҳои китоби мавриди назар кас ба хулосае меояд, ки Шодӣ Раҷабзод  ба  зиндагӣ  ва  рафтору  кирдори  одамон  аз  даричаи мушоҳидаҳои  вижаи  худ  менигарад  ва  раванди  ҳодисаҳои  ба сари  қаҳрамонони  ҳикояҳояш омадаро  тавре  ба  риштаи  тасвир  мегирад,  ки  хоҳ-нохоҳ ҷозибияту  сабақомӯз  буданашон  таваҷҷуҳи  хонандаро  ба худ  ҷалб  мекунад,  ӯро  ба  андеша  кардану  хулоса  баровардан  таҳрик  медиҳад.  Унвони ҳикояҳо низ ба он далолат мекунад, ки дар зери ину он мафҳум рамзу моҳияте нуҳуфтааст, ки аз зиндагии ноҳамвор ва ғолибан, пурташвиши  қаҳрамонон  манша  мегирад.  Аз  ҷумла,  дар ҳикояи  “Шаби  сиву  якум”  аз хусуси  модаре  сухан  меравад, ки шаҳписари худро аз даст додаасту  дарду  ҳасрати  фарзанд ӯро афсурдаву абгор намудааст. Вай  шабҳоро  бо  азобҳои  зиёди руҳӣ  ба  рӯз  мерасонад,  аз  хобу хӯр  монда,  наздик  аст  аз  ақл бегона шавад. Тӯй барпо нашуда,  ҷиҳози  барои  арӯс   харида дар кунҷи хона мемонад. Аммо оқибат  бародари  зан  номзади  писари  ҷавонмаргро  барои бародари  ӯ  хостгорӣ  мекунад. Падари  духтар  розӣ  мешавад ва духтарашро ба хонаи зан келин карда меоранд. Ва модар ба хурсандии аҳли хонадон шарик шуда, ба худ меояд ва чун айёми пешин  дуои  неки  фарзандашро мекунад. Хотимаи ҳикоя некбинона  буда,  ба  мақсад  расидани модарро ифода мекунад:
“…Пас  аз  сипарӣ  гардидани нуҳ  моҳ  ҳамсари  Баҳром  тифле ба дунё овард. Писарча. Ва номашро Манучеҳр гузоштанд.
Бибӣ  набераашро  як  лаҳза ҳам аз оғӯши худ раҳо намекард ва мебӯсидашу шукрона мегуфт:
—  Нусхаи  амакии  Манучеҳраш.  Манучеҳри  бачам  зинда  аст.  Дар  чашмои  рахшонаш садқа…»
Ҳикояи “Сарнавишти ду тан” низ бо драматизми худ муассиру ҳаяҷонангез буда, нависанда бо тасвири марги сагча ва писараке, ки дар синфи 6 мехонад (ҳар ду аз заҳри қотили доруи муш ба ҳалокат мерасанд) моҳияти маргро  ҳамчун  ҳикмати  ибратомӯз таъкид  карданӣ  мешавад.  Мазмун,  дар  зиндагӣ  бепарвою фориғбол  будани  волидон  боиси  ҳодисаҳои  ғамангез  мегарданд,  ки  оқибати  он  ҳама  ҷуз пушаймонӣ  дигар  чизе  нест. Ҳикояҳои  “Имтиҳони  қисмат”, “Интизорӣ”,  “Тақдирҷунбон”, “Бародарам”,  “Ҷазо”,  “Дасти боло”  ва  ғайра  ба   мавзуъҳои мухталиф  бахшида  шудаанд, вале  таъсири  фалокатбори ҷанги  дохилӣ  чун  хати  сурх  аз байни  сужаи  он  ҳикоёт  мегузарад.  Нависанда  дар  ҳикояҳои худ  лаҳзаҳои  вазнини  ҳаёти мардумро,  ки  ба  сабаби  ҷанги бемаънӣ дар талаби як пора нон азобҳои сангинро аз сар мегузаронанд, бо ҳунару маҳорати баланди нигорандагӣ тасвир намуда,  симои  шахсони  ватандӯсту мубориз,  боиродаю  ҷасур  ва нисбат ба беадолатиҳо оштинопазирро  барҷастаю  воқеӣ  меофарад.  (масалан,  дар  ҳикояҳои “Бародарам”,  ”Ҷазо”,  “Як  сатил гандум” ва ғайра). Бояд хотиррасон  намуд,  ки  қаҳрамони аксар ҳикояҳои нависанда аҳли зиё,  омӯзгоронанд  ва  ин  бесабаб нест. Зеро таҷрибаи зиндагӣ ва  робита  бо  омӯзгорону  устодон  (бо  тақозои  вазифа)  ба  Ш. Раҷабзод  имкон  додааст,  ки ҳаёти  ин  қишри  ҷомеаро  аз  наздик,  ба  таври  амиқу  ҷиддӣ биомӯзад, сарнавишти пуршебу фароз ва душвориҳои тасаввурнопазиреро,  ки  ҷанги  дохилӣ ба сарашон овардааст, мавриди тасвир  ва  бозтоби  бадеӣ  қарор бидиҳад.  Дар  ин  ҷода  нависанда  муваффақ  ҳам  гардидааст. Таври  мисол,  дар  ҳикояҳои “Бародарам”  ва  “Ҷазо”,  ки  ба ҳамдигар  ҳамоҳанг  буда,  робитаи қавии мантиқӣ доранд, дар бораи диловарию ҷасорати корманди  ҷамоати  деҳот  (ҳикояи аввал)  ва  омӯзгоре  (ҳикояи  дувум)  сухан  меравад,  ки  руҳи бешикаст  дошта,  алорағми  камонбадастони  бадгавҳар  истодагарию  муқовимат  мекунанд ва  на  танҳо  ҳадафи  тири  онҳо намегарданд,  балки  бо  амалу кирдори  ҷавонмардонаашон он  сияҳкоронро  шармсору ҳайратзада мегардонанд.
Нависанда  дар  тасвири манзараҳои  зиндагӣ  аз  шеваю  василаҳои  мухталифи бадеӣ  истифода  мекунад,  ки инро  мо  дар  ҳикояҳои  “Девор”  ва  “Ғамкушта”  равшан ба  мушоҳида  мегирем.  Агар дар  ҳикояи  “Девор”  беадолатию  фиребгарии  амалдорон дар сохтмони бинои мактаб аз нигоҳи  девор  бозгӯйӣ  шавад, дар  “Ғамкушта”  қаҳрамони  он тутест,  ки  тамоми  андешаҳои ин  дарахт  шабеҳи  инсон  баста ба  рухдодҳои  нангини  ҷанги дохилӣ  мебошад.  Забону  ҳусни баён,  истифодаи  таъбирҳои  хушоянду  гӯшнавоз,  тасвирҳои муассиру  хотирмон,  инъикоси воқеаҳои  тезутунди  зиндагӣ, таҷассуми  ҳунармандонаи  симои  қаҳрамонон  ва  ниҳоят, ҷанбаи  ҳикматомезу  ахлоқии ҳикояҳои  китоб  аз  истеъдоди баланди  нависанда  шаҳодат медиҳанд.
Бояд  зикр  кард,  ки  Шодӣ Раҷабзод  гоҳе  ба  навиштани ҳикояҳои  ҳаҷвӣ  машғул  шуда, дар  ин  боб  низ  комёб  гардидааст.
Дар китоби “Дасти боло” якчанд  ҳикояи  ҳаҷвӣ ,  аз  қабили “Кӯрнамакҳо”,  “Вов,  муаллим”,  “Балогардон”,  “Диван” ва  “Ҳай  дареғ”  ҷой  дода  шудаанд,  ки  дар  онҳо  рафтору  кирдор,   хӯву  хислати  ношоистаи одамони касбу кори гуногун бо зарофати махсус мавриди ҳаҷву мазаммат  қарор  дода  шудааст. Дар  ин  ҳикояҳо  низ  образи  иддае  аз  роҳбарони  бепарвою фориғболи  мактабҳо,  бемасъулиятию муносибати сарди онҳо нисбат  ба  иҷрои  вазифаи  худ, ба ҳоли худ гузоштани таълиму тарбия  ва  амсоли  ин  масоили муҳими  соҳаи  маориф  ба  зери интиқоди шадид гирифта шудаанд.
Дар  маҷмуъ,  китоби  нави Шодӣ  Раҷабзод  бо  муҳтавою ғояи  баланди  худ  аз  камолоти  сухангустарии  нависандаи соҳибзавқ шаҳодат медиҳад.

Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”