ҲАҚИҚАТ «ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» АСТ! НАЗАРЕ БА МАТЛАБИ ПАЖУҲИШИИ КОРШИНОСИ МАСЪАЛАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО ТАҲТИ УНВОНИ «МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?»

Мардуми  тоҷик  ҳамчун миллати  тамаддунсозу тамаддунофар ва дорои фарҳанги бою пурғановати адабӣ дар гуфтори  худ  аз  мақолу  зарбулмасал ва панду ҳикматҳо фаровон истифода  мебарад.  Зарбулмасалҳои «Хона  нахар,  ҳамсоя  бихар»  ё «Ҳаққи  ҳамсоя  ба  ҳаққи  Худо баробар»  аз  гуфтаҳои  машҳур дар  суҳбатҳои  тоҷикон  буда,  аз эҳтиром  гузоштан  ба  ҳамсоя, баланд  будани  қадру  манзалати ӯ ва пос доштани расму оини ҳамсоядорӣ  дар  фарҳанги  ин миллати куҳанбунёд далолат мекунанд. Тоҷикон асрҳо боз  бо ҳамсояҳои ҳаммарзи худ бо риояи қотеъонаи  ин  ҳикматҳои  баланд зиста,  дар  эҳтиром  гузоштан  ба ҳаққи  ҳамсоя,  ҳамсоядӯстдорӣ, дастархондорию меҳмондӯстӣ ба некӣ  ном  баровардаанд.  Аммо таҷриба  нишон  медиҳад,  ки  на ҳар  ҳамсоя  ба  мо  хайрхоҳ  будаву  ҳурмату  эҳтироми  тоҷиконро пос  доштааст.  Агар  мушаххастар  бигӯем,  сухан  дар  бораи ҷумҳурии бо Тоҷикистон ҳаммарз –  Қирғизистон  меравад.  Тайи қариб  сад  сол  аст  ин  ҳамсоя  барои  заминҳои  худи  Тоҷикистон, ки  айёми  дар  ҳайати  кишвари собиқ  Иттиҳоди  Шуравӣ  будан  ҳамчун  иҷора  ба  кишвари Қирғизистон  додааст,  моҷарову ҷанҷолҳои бемаънии марзӣ ташкил  мекунаду  сулҳу  оромӣ  ва амнияти  минтақаро  барқасдона барҳам мезанад. Чанд соли охир ҷониби  Қирғизистон  аз  хештандорию  риояи  оини  ҳамсоядории тоҷикон  сӯиистифода  карда,  ба  ҳудуди  шаҳру  ноҳияҳои ҳаммарз  ҳамлаҳои  ногаҳонию аҳдшиканона  намуда,  боиси марги  афсарону  сарбозон,  мардуми  бегуноҳ  –  сокинони  осоиштаи ин мавзеъҳо мегардад. Ба таври  мисол  метавон  аз  ҳуҷуми «ҳамсояҳо»  дар  14  -16  сентябри соли  2022  ёдовар  шуд,  ки  дар натиҷа  кӯдакони  маъсум, занони  ҳомилаю  модарони  зор, ҷавонмардони  сулҳдӯст  –  ҳам аз  ҳисоби  сокинони  маҳаллӣ ва  ҳам  аз  ниҳодҳои  қудратӣ ҷони  худро  аз  даст доданд  ва ҳамчунин,  ба  молу  мулк  ва хонаҳои  истиқоматии  сокинони минтақаҳои  наздисарҳадӣ  дар вилояти  Суғд  хисороти зиёде ворид гардид.  Хушбахтона,  бо дастуру  ҳидоятҳои  инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ин зарарҳои  моддӣ  дар  кӯтоҳтарин фурсат  бартараф  карда  шуданд. Аммо бо пулу мол дигар наметавон  он  азизони  рафтаро  баргардонд ва доғи фироқу ҳиҷронашон якумрӣ  дар  дили  пайвандону дӯстон хоҳад монд…
Бо  вуҷуди  ин  ҳама харобкориҳо,  ҳангоми  ҳамлаҳои хунини худ ҷониби Қирғизистон тибқи  зарбулмасали  «Ҳам  дуздию  ҳам  пешхезӣ»  амал  намуда, бо  тайёрии  пешакӣ,  бо  истифода  аз  саҳифаҳои  фейкӣ  ҷониби Тоҷикистонро  дар  ин  моҷаро гунаҳкор  карданӣ  шуд.  Ҳатто, иттилооти  дурӯғу  бепояи  хешро бо  чандин  забон  тарҷума  намуда, ният карданд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  Тоҷикистонро  ҳамчун кишвари  таҷовузгар  —  агрессор нишон  бидиҳанд.  Аммо  тавре мегӯянд, «бори каҷ ба манзил намерасад».  Фарзандони  баномусу фарзонаи  миллат  зери  дастуру ҳидоятҳои  Пешвои  муаззами миллат чун ҳамеша баҳри ҳимояи манфиатҳои  миллат  даст  ба кор  шуданд.  Суханронии  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон Сироҷиддини  Муҳриддин  аз минбари  баланди  Созмони  Милали  Муттаҳид  мушти  маҳкаме буд  ба  даҳони  бефаровези  чанде  аз  ҷангдӯстону  туҳматгарон аз  кишвари  ҳамсоя.  Ҳамзамон, қаламкашон,  рӯзноманигорон, коршиносони  дохилию байналмилалӣ  аз  Тоҷикистон бо  навиштану  нашри  мақолаву маводи  пурмуҳтаво  аз  ҳилаву найрангҳо,  дасисаву  аҳдшиканӣ ва  хунрезию  хонасӯзии  чанде  аз роҳбарони  кинавару  иғвогари кишвари  ҳамсоя  бо  дасти ниҳодҳои  қудратии  ин  кишвар парда аз рӯйи ҳақиқии онҳо бардоштанд ва баҳонаи аслияшонро барои роҳандозии ҷангу хунрезӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон ифшо намуданд.
Дар  ин  замина,  аз  маводи  бисёр  ҳам  хуби  таҳлилию пажуҳишии  коршиноси масъалаҳои  байналмилалӣ Абдуллоҳи  Раҳнамо  таҳти  унвони  «МАВҚЕИ  ТОҶИКИСТОН Ё  ЧАРО  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР  НЕСТ?»  метавон  ном  бурд,  ки  чандест  дар саҳифаҳои  иҷтимоӣ,  сомонаҳои боэътибор  ва  маҷаллаву ҳафтаномаҳо  нашр  гардидаву  аз ҷониби  тамоми  қишрҳои  ҷомеа ҳамовозии  густарда  пайдо  кардааст.
Шарҳи  коршиносӣ  бар моҳият  ва  асосҳои  ҳуқуқии мавқеи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  баҳси  марзӣ  бо  Ҷумҳурии Қирғизистон,  воқеан,  дар  асоси пажуҳиши  амиқу  ҳаматарафа  бо истифода  аз  манбаъҳои  дақиқ, беғазарона, дар асоси мадракҳои аслии мавҷуда иншо шудааст, на дар  асоси  ғаразу  ҳисси  худҳоҳӣ. Он  амалҳои  нохубе,  ки  зимни ҳамлаҳои  иттилоотӣ  ҷониби ҳамсоя  анҷом  дод…  Абдуллоҳи Раҳнамо  дар  раванди  пажуҳиш тамоми  арқому  далелҳоро омӯхта,  зимни  таълифи  мавод кӯшидааст,  масъалаҳои  марзиро  ҳамчун  як  мутахассиси  сатҳи байналмилалӣ  баҳогузорӣ  намояд. Дар ин навиштаи коршиносона  манфиатҳои  Тоҷикистон  дар такя ба асноди таърихӣ ва бебаҳс ҳимоя гардида, ба ҳақдор будани кишварамон  барои  бозпас  хостани  заминҳои  солҳои  гуногун ба  Қирғизистон  (ҳамчун  иҷора) додашуда  таъкид  гардидааст. Пас  аз  мутолиаи  пурраи  он  метавон  амиқу  дақиқ  дарк  намуд, ки  дар  масъалаи  марз  ҳақиқат «ҳақиқати Тоҷикистон» аст.
Муаллиф аз «ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари  байналмилалӣ  барои  «миёнаравӣ»  дар  ҳалли ин  буҳрон»  изҳори  нигаронӣ карда,  таъкид  намудааст,  ки «…аз  як  масъалаи  маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани …» имкон дорад.

Дар  навишта  масоҳати заминҳои  ғасбшуда  мушаххас  гардидааст,  яъне,  айни  замон  211  000  гектар  замини Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  дасти  Қирғизистон  аст,  ки  «агар дар  мисоли  берунӣ  бингарем, ин  заминҳои  ғасбшуда  қариб баробари  ҳудуди  кишвари  Люксембург  дар  Аврупо,  ё  тақрибан ду  баробари  ҳудуди  кишварҳои Сингапур  ва  Баҳрайн  дар  Осиё мебошанд».
Муаллиф  сабабҳои  дар  ихтиёри  Қирғизистон  қарор  гирифтани  заминҳои  Тоҷикистонро чунин  баён  кардааст:  “…  дар тӯли  ҳудуди  90  соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи  байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ(1), табодули замин байни колхозу совхозҳо(2), тавофуқи роҳбарони  ҷамоату  шаҳру ноҳияву  вилоятҳо(3),  қарори вазорату  идораҳои  соҳавӣ(4), ҳолатҳои  фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун(5), протоколҳои  комиссияҳои муштарак(6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ(7) ва  ғайра  ба  ихтиёри  кишвари  ҳамсоя  даромадаанд…  Як «нуқтаи  қувват»-и  ҷониби Қирғизистон  низ  маҳз  ҳамин аст,  ки  барои  ба  истифодабарии он  вогузор  шудани  бахше  аз  ин заминҳо  дар  ихтиёри  кишвари  ҳамсоя  санадҳои  маъмурию маҳаллии  гуногунсатҳ  вуҷуд  доранд.
Аммо  «нуқтаи  қувват»-и Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ яке аз ин  санадҳо,  ки  байни  шахсону хоҷагиҳою  минтақаҳою  идораҳо дар  бораи  истифодаи  заминҳо ба  имзо  расидаанд,  расмиёти зарурии  давлатиро  нагузашта, ҳамчун  ҳуҷҷати  расмии  муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон  ва  Қирғизистон  эътироф нашудаанд…”
Дар  идома  пажуҳишгар  “асоси ҳуқуқӣ барои эътибори расмӣ ва  давлатии  ҳуҷҷатҳои  муайянкунандаи марзҳо”-ро шарҳ дода, таъкид  кардааст,  ки  онҳо  танҳо бо  гузаштани  зинаҳои  мухталифи  барасмиятдарорӣ  ҳукми қонунӣ пайдо мекунанд…
Дар давоми матлаб Абдуллоҳи Раҳнамо таърихи арзи вуҷуд кардани  Ҷумҳурии  Қирғизистон, оғози баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ва масъалаи анклав набудани Ворухро  ин  тавр  қаламдод  кардааст:  “Ҷумҳурии  Қирғизистон  то 15-уми  апрели  соли  1927  ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри  соли  1936  ҳамчун  ҷумҳурии мухтор  ба  таркиби  Федератсияи  Русия  дохил  мешуд.  Бинобар ин,  ҳангоми  гирифтани  мақоми ҷумҳурии  иттиҳодӣ  (соли  1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи  солҳои  1924-1927 ва  соли  1932  ташкил  шудааст.  Нуқтаи  муҳимме,  ки  оғоз ва  собиқаи  баҳси  марзӣ  байни Тоҷикистон  ва  Қирғизистонро нишон  медиҳад,  ин  аст,  ки баробари  тасдиқи  марзҳои ҷумҳуриҳо дар соли 1925, ҷониби Қирғизистон  (ҳанӯз  дар  ҳайати Русия)  нисбат  ба  марзҳои  муайяншуда дар минтақаҳои Сулюкта ва  Исфара  эътироз  намуда  буд. Маҳз  дар  натиҷаи  баррасии  ин масъала, бо қарори мақоми олии қонунгузории  ИҶШС  Сулюкта ба  ҳайати  ҶШС  Федеративии Русия  (Қирғизистон)  гузаронида шуда,  Исфара  ба  ҳайати  ҶШС Ӯзбекистон,  ки  Тоҷикистон  дар ҳайати он буд, монда шуд. Яъне, дар  ин  баҳс  низ  Исфара  (бо  фарогирии  заминҳояш  то  Ворух) ҷузъи Тоҷикистон боқӣ монд. Ин қарори муштарак, ки бо розигии тарафҳо ба даст омада буд, 4 майи соли 1927 аз тарафи Президиуми КИМ  ИҶШС  ба  таври  ниҳоӣ тасдиқ  гашт.  Дар  пайи  он  Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон аз 23-юми майи соли 1927 қарори КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро  расман  эътироф  намуд. Дар  қадами  баъдӣ,  Президиуми аллакай  ҶМШС  Қирғизистон (ҳамчун  узви  Федератсияи  Русия)  аз  7-уми  июни  соли  1927 қарорҳои  президиумҳои  КИМ Умумирусиягӣ  аз  3-юми  май  ва КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд.
Ин  қарори  Президиуми ҶМШС  Қирғизистон,  аз  ҷумла, ҳамчун  бахши  таркибӣ  ва  пайвастаи  Исфара  ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тааллуқ  доштани минтақаи  Ворухро  бо  3,5  ҳазор аҳолӣ  низ  дар  бар  мегирифт,  ки он  муҳимтарин  ва  асоситарин ҳуҷҷат барои эсклав ё ҷазира набудан  ва  пурра  ба  Тоҷикистон пайваст  будан  ва  тааллуқ  доштани  Ворух  мебошад.  Маҳз  дар муқоиса бо ин ҳуҷҷати расмӣ ва харитаи  замимавии  он  метавон муайян кард, ки кадом минтақаҳо баъдан ғасб шуда, боиси амалан аз сарзамини асосии кишвар ҷудо мондани Ҷамоати  Ворух  гаштааст. Санади дигаре, ки метавонад ҳамчун  далели  тақвиятдиҳандаи дурустии  ин  масъала  пеш  оварда  шавад,  Қарори  Шӯрои комиссарҳои  халқии  (совнарком)  Иттиҳоди  Шӯравӣ  аз  соли 1947 дар бораи тасдиқи сарҳадҳо байни Ҷумҳуриҳои  Ӯзбекистон ва  Ҷумҳурии  Қирғизистон  аст, ки  дар  харита  ва  таснифоти  он низ Ворух дар муҳосираи ҳудуди Қирғизистон  набуда,  ҳамчун замини  пайваста  ҷузъи  ҳудуди Тоҷикистон  нишон  дода  шудааст…”.
Номбурда  аз  он  изҳори  таассуф кардааст, ки “… шояд бо назардошти дӯстии байни ду халқу ҷумҳурӣ ва ё бо назардошти дар доираи  як  давлат  (ИҶШС)  зистани  ду  халқ,  дар  рафти  кори ин  комиссияҳо  баъзе  заминҳои қонунии  Тоҷикистон  барои  истифодаи қирғизҳо вогузор шудааст.  Аммо  нуктаи  қатъӣ  ин  аст, ки  пас  аз  соли  1932  то  замони фурӯпошии ИҶШС ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи  марзи  давлатӣ бо  тартиби  муқарраргардидаи қонунгузорӣ  ва  Конститутсияи  ИҶШС  (солҳои  1936  ва 1977)  тасдиқ  нагардидааст.  Ин аст,  ки  дар  ин  масъала  тамоми ҳуҷҷатҳои  истифодашаванда  аз ҷониби  Қирғизистон  ҳамчун  санади  муайянкунандаи  сарҳади давлатӣ  бо  мушкили  расмият  ва эътибори  ҳуқуқӣ  рӯбарӯ  мебошанд…”
Муаллифи  пажуҳиши  мазкур аз  бастаи  ҳуҷҷатҳое  низ  сухан оварда,  бо  пешниҳоди  далелҳои раднашаванда  беасос  будани  он “ҳуҷҷатҳои  такягоҳӣ”-и  ҷониби Қирғизистонро исбот кардааст…
Дар  умум,  матлаби  пажуҳи-шии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ  Абдуллоҳи Раҳнамо  маводи  пурмуҳтаво, дорои  факту  рақамҳои  дақиқ, андешаҳои  нуктасанҷона, мулоҳизаҳои бамаврид ва иншошуда дар асоси таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои аз лиҳози ҳуқуқӣ муътамад  буда,  мутолиаи  комили он  барои  тамоми  қишри  ҷомеа, ҳар  як  сокини  кишвар,  новобаста  аз  касбу  корашон,  зарур  ва ҳатмист, то дар сурати пеш омадани  мушкилоти  эҳтимолӣ  дар марз  бо  Қирғизистон  (алҳазар) бо  дарки  масъулият  амал  карда, бо  ҳисси  баланди  ватандӯстӣ  аз манфиатҳои  кишвар  дониставу санҷида  ҳимоя  намоянд,  чи  бо қалам, чи бо силоҳ. Мутафаккири  номвар  Ҷим  Моррисон  гуфтааст, ки касе иттилоотро идора мекунад, ақлро назорат мекунад. Ҳар касе, ки иттилоотро дастрас мекунад,  азизи  мардум  хоҳад шуд.

Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
«Омӯзгор»