ТАВАҶҶУҲИ ТОҶИКИСТОН БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бо ибтикор ва ташаббусиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд.
Дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  баробари  пешрафти  соҳаҳои  ҳаёти  сиёсӣ, иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  вазъи  ҷомеа низ  тағйир  ёфта,  барои  ба  танзим  даровардани муносибатҳои  муҳими  ҳифзи  пиряхҳо  зарурати қабули  санадҳои  нав  ва  ё  ворид  намудани тағйиру  иловаҳо  ба  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд.
Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи  аъзои  Эътилофи  обу  иқлим  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  қайд  карда  буданд, ки  обшавии  босуръати  пиряхҳо  дар  баробари зиёдшавии  истеъмоли  об,  ки  аз  афзоиши  аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба  оқибатҳои  манфӣ  оварда  расонад.  Бо назардошти  ин,  Президенти  кишвар  пешниҳод намуданд,  ки  ҷиҳати  тамаркуз  кардан  ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва  Рӯзи  байналмилалии  ҳифзи  пиряхҳо  муайян гардида,  Бунёди  махсуси  байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Албатта,  тамоми  пешниҳод  ва  ташаббусҳои Сарвари давлат бо баназаргирии вазъи минтақа, имкониятҳо  ва  захираҳои  табиии  кишвар роҳандозӣ гардидаанд. Бахусус, пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ  доир  ба  истифодаи  оби  кӯли Сарез,  далели  оини  баланди  давлатдорӣ,  нигоҳ доштани анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамгироии давлатҳо  дар  ҳалли  мушкилоти  пешомада мебошад.  Зеро  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки  93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии  оби  Осиёи  Марказӣ  буда,  аз  пиряхҳои он  60  фоизи  захираҳои  оби  минтақа  ташаккул меёбад.
Обшавии  босуръати  пиряхҳо  бар  асари тағйири  иқлим  ба  раванди  таъмини  шароити мусоиди  зиндагии  аҳолӣ  ва  ҳифзи  захираҳои об  таҳдиди  ҷиддӣ  дорад.  Гуфтан  кофист,  ки  аз 14  ҳазор  пиряхи  Тоҷикистон,  ки  барои  тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
Ҷараёни  босуръати  обшавии  пиряхҳо  дар натиҷаи  баланд  шудани  ҳарорати  ҳаво  боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи  обӣ  гардидааст.  Ин  падида  ҳар сол  сабабгори  хароб  гаштани  иншооти  зиёди иқтисоди  миллӣ  ва  ворид  шудани  хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, пиряхҳо — манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо  ва  ҳамчунин,  афзоиши  масрафи  об вобаста  ба  афзоиши  аҳолӣ  ва  рушди  иқтисодӣ ба  ҳаёт  ва  некуаҳволии  одамони  сайёра  таҳдид мекунад.
Қобили  зикр  аст,  ки  бори  аввал,  соли  2009 Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  минбари Конфронси  байналмилалӣ  оид  ба  тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Бунёди махсуси  байналмилалии  ҳифзи  пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.
Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол  оварданд,  ки  обшавии  қуллаи пирях  дар  як  сол  16  метрро  ташкил  медиҳад. «Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад».
Тадқиқот  нишон  медиҳанд,  ки  танҳо  давоми 70-80  соли  охир  пиряхи  Федченко  беш  аз як  километр  коҳиш  ёфта,  масоҳаташ  то  44 километри мураббаъ кам гардидааст. Бояд зикр кард,  ки  дар  Тоҷикистон  6  дарсади  қаламрави кишварро пиряхҳо ишғол менамоянд. Маҳз онҳо қариб  тамоми  Осиёи  Марказиро  бо  оби  тоза таъмин мекунанд.
Мусаллам  аст,  ки  бе  нигаҳдошти  пиряхҳо мушкилоти  захираҳои  обӣ  зиёд  мегардад,  зеро аз  захирагардӣ  ва  обшавии  онҳо  мувозинати обҳои сайёра  вобастагӣ  дорад.  Пиряхҳо  дар баробари  обтаъминкунии  дарёҳо,  инчунин,  дар танзими  ҷараёни  табиии  дарёҳо  нақши  муҳим мебозанд.  Ба  таври  умум,  метавон  пиряхҳоро танзимкунандаи  тағйирёбии  иқлим  баҳо  дода, дар  ҳалли  масоили  марбути  он  чораҳои  зарурӣ андешид.
Бояд  қайд  кард,  ки  дар  доираи  омодагӣ  ба Конфронси  оби  Созмони  Милали  Муттаҳид, ки  моҳи  марти  соли  2023  таҳти  раёсати Тоҷикистону  Нидерланд  баргузор  мегардад, ҳамбастагии  обу  иқлим  ба  ҳайси  яке  аз мавзуъҳои асосии Конфронс баррасӣ мегардад.

Ҷавҳари АБДУҒАФФОР,
муовини мудири Маркази
иттилоотӣ-таҳлилии ДМТ