ВУСЪАТИ ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки ҳамасола маъмулан дар фарҷоми соли сипаришаванда ироа мешаванд, марҳилаи навинеро дар ҳаёти аҳли кишвар оғоз мебахшанд. Онҳо василае мегарданд, ки мо аз муҳимтарин воқеаҳои як соли Ватани маҳбубамон ёдовар шуда, барои соли навбатӣ фаъолияти худро ба таври дақиқу пурҳадаф тарҳрезӣ намоем.
Агар  қадре  образнок бигӯем,  Паёми  Сарвари  кишвар  оинаи  мусаффои инъикосгари  ҷараёни  ҳаёт  ва фаъолияти  сокинони  ҷумҳурӣ мебошад. Гузашти ҳар як сол дар кишварамон  дурустиву  хирадбунёдии сиёсати дохиливу хориҷии  Президенти  ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро собитгар мешавад. Маълум, ки самти асосии фаъолияти густурдаву доманадори Пешвои миллати моро таъмини ҳар чи бештари некуаҳволии мардум ташкил медиҳад.  Аз  ин  ҷост,  ки  Сарвари  кишвар  дар қисмати аввали Паём  боз  ҳам  иброз  доштанд: «Тавре  борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат  мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми  азизамон  мебошад». Бояд гуфт, ки воқеияти ҳаёти ҷумҳурӣ  таъкиду  собит месозад, ки дар ин самт кишвар ба комёбиҳои  пайваста  ноил  мегардад.  Ба  таври  маълум, мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҷаҳонро буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ фаро  гирифтааст ва илова бар ин, паҳншавии эпидемияҳои гуногун сокинони сайёраро ба ташвиш  овардааст. Ин ҳолат дар бисёр мамолики олам  сатҳи  зиндагии  мардумро коҳиш  бахшидааст.  Новобаста аз ин, дар натиҷаи татбиқи пурсамари ислоҳоти иқтисодӣ, амалисозии  стратегияву барномаву тадбирҳои  зиддибуҳронӣ  ва роҳандозии  сиёсати  дурандешона дар дарозои панҷ соли охир рушди иқтисодиёти  Тоҷикистон ҳамасола  ба  ҳисоби  миёна  дар сатҳи  7,3  фоиз  таъмин  гардида, маҷмуи  маҳсулоти  дохилӣ  аз 71  миллиард  ба  115  миллиард сомонӣ  расид  ва  ба  ҳар  сари аҳолӣ  1,5  баробар  афзоиш  ёфт. Музди  миёнаи  меҳнат  дар  кишвар  якуним  баробар  ва  андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар зиёд гашт.  Аз  ин  хусус  Пешвои  миллат дар Паём бо тавзеҳу ташреҳ иттилоъ доданд. Дар  баробари ин, Президенти мамлакат таъкид карданд, ки комёбиҳоямонро бояд пайваста вусъат бахшем, то бо кишварҳои рушдёфтаву пешрафта ҳамқадам бошем. Сарвари кишвар дар Паём иброз доштанд: «Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи  соҳаҳои  иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ,  таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз»,  суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар  намудани сифати  хизматрасониҳои иҷтимоӣ  равона  карда  шавад». Ин нуктаҳо бозгӯи онанд, ки дар солҳои  минбаъд  Тоҷикистони азизро пирӯзиҳову пешрафтҳои навин насиб хоҳанд гашт  ва сатҳи  зиндагии  мардум  боз  ҳам боло хоҳад рафт.
Он гуна ки маълум аст, дар сиёсати  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба соҳаи  маориф  афзалият  бахшида  шудааст.  Аз  ин  ҷост,  ки  дар Паёми  навбатӣ  (23.12.2022)  низ Сарвари  кишвар  вобаста  ба соҳаи маориф ба таври васеъ ва пуртавзеҳ сухан гуфтанд. Воқеан ҳам,  ҳамбаста  ба  ибтикороту дастуру  нишондодҳои  Сарвари  кишвар  дар  давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон соҳаи  маориф  ба  таҳаввулоти ҷиддӣ ноил гашт ва ин соҳаи нуфузманд ба таври бесобиқа рушд ёфт,  доираи  фаъолияташ  вусъат пайдо  кард.  Чунонки  дар  Паём зикр  шуд,  «дар  панҷ  соли  охир танҳо  барои  рушди  соҳаҳои  маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ  равона  гардида,  ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар  ҳаҷми  умумии  хароҷоти буҷети  давлатӣ  44  фоизро  ташкил  кард».  Дар  ин  замина,  пеш аз  ҳама,  бунёди  таълимгоҳҳои нав  авҷ  гирифт.  Дар  Паём  иттилоъ  дода  шуд,  ки  дар  31  соли истиқлоли  давлатӣ  3430  муассисаи  нави  таълимӣ  барои  қариб якуним  миллион  хонанда  сохта, ба  истифода  дода  шуд.  Ин  дар суратест, ки дар давоми 70 соли аҳди  Шуравӣ  дар  Тоҷикистон ҳамагӣ  3229  муассисаи  таълимӣ бунёд гардида буд. Сардори давлат  зикр  карданд,  ки  ҳамакнун барои  ба  фазои  таҳсилоти байналмилалӣ  ворид  гаштану мутобиқ  ба  меъёрҳои  ҷаҳонӣ  ба роҳ мондани таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ шароити созгор ба миён омадааст. Бояд ҳар чи бештар ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии хонандагону донишҷӯён, касбомӯзии насли наврас, омӯзиши  забонҳои хориҷӣ ва донистани технологияҳои компютерӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин,  барои  корбасти  пурсамари  усулҳои  фаъоли  таълим  ва  омӯзиши  васеи  фанҳои табиатшиносӣ,  риёзӣ  ва  дақиқ талош бояд варзид. Такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони  соҳаи  маориф  бояд  ба  таври мунтазам  ва  пурсамар  ташкил карда шавад.
Дар Паём Пешвои миллат ба тарбияи маънавии  ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид шуд, ки «Ҷавонони Тоҷикистони  соҳибистиқлол неруи созандаи  Ватан буда, нақши  онҳо  дар  тараққиёти ҳамаи  соҳаҳои  ҳаёти  давлат  ва ҷомеа  бисёр  арзишманд  ва  назаррас  мебошад».  Воқеан,  дар ҷумҳуриамон  бо ҳадафи дастгириву  раҳнамоии  ҷавонон  «Барномаи  миллии  рушди  иҷтимоии ҷавонон  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2022-2026»  ва  «Барномаи  давлатии тарбияи  ватандӯстӣ  ва  таҳкими ҳувияти  миллии  ҷавонони Тоҷикистон  барои  солҳои  2023-2027»  таҳия  ва  қабул  шудааст, ки  бешубҳа,  марҳилаи  тозаеро дар  ҳаёту  фаъолияти  ҷавонон ифтитоҳ хоҳад бахшид.
Дар  Паёми  Пешвои  миллат ба  Маҷлиси  Олӣ  тамоми  самту паҳлуҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ба таври возеҳ ва бо далелу асноди ҷолибу боэътимод  таҳлилу  баррасӣ  шудааст. Вазифаи мо, аҳли кишвар, он аст, ки Паёмро амиқ биомӯзем ва онро чун раҳнамои фаъолияти худ бипазирем.

Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,
номзади илмҳои таърих,
устоди ДДҲБСТ